Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои дуошёнаи Ситоди қисми ҳарбӣ ва хобгоҳ дар ноҳияи Рашт

21.09.2021 21:11, ноҳияи Рашт
Ифтитоҳи бинои дуошёнаи Ситоди қисми ҳарбӣ ва хобгоҳ дар ноҳияи Рашт  21.09.2021

21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рашт дар қароргоҳи яке аз қисмҳои низомии Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави дуошёнаи ситоди қисми ҳарбӣ ва хобгоҳро ифтитоҳ карданд.

Созандагиву бунёдкорӣ ва дар ин замина таъмини хизматчиёни ҳарбии Артиши миллӣ бо шароитҳои хуби ҳозиразамони хизмативу маишӣ ва ҳам таълимӣ доимо дар мадди назари Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин замина пайваста корҳои судманду назаррас амалӣ карда мешаванд. 

Бинои дуошёнаи Ситоди қисми ҳарбӣ ва хобгоҳи кушоду барҳавои муосир дар масоҳати умумии 890 метри мураббаъ дар рӯзҳои таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи корҳои созандагӣ дар ҳудуди қисми низомии Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардории ҳайати шахсии он қарор дода шуд.

Иншооти Ситоди қисми ҳарбӣ дар масоҳатӣ 320 метри мураббаъ сохта шуда, дохили он аз нуқтаи навбатдори фаврӣ, системаи алоқаи муосир, толори маҷлис, нуқтаи идоракунӣ, ҳуҷраи кории афсарону ҳайати шахсӣ ва аз дигар ҳуҷраҳои гуногуни кориву хизматӣ иборат мебошад.

Хобгоҳи кушоду барҳавои замонавӣ бошад, бо 260 ҷойи хоб барои сарбозон пешбини гардида, он дар масоҳати 570 метри мураббаъ қомат афрохтааст. Дар ошёнаҳои якум ва дуюми хобгоҳ ба ғайр аз ҳуҷраҳои калони хоби сарбозон, инчунин хонаи хизмативу маишӣ, синфхонаҳои дарсӣ, ҷойи дастурушӯӣ, амбор ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгир карда шудааст.

Барои назорати доимии дохилу атрофи бино ва ҳудуди қисми ҳарбӣ камераҳои мушоҳидавӣ насб гардида, иншооти мазкур бо системаи гармидиҳӣ таъмин мебошад.

Дар доираи анҷоми корҳои ободонӣ ҳудуди бинову иншооти қисми низомии мазкур бо роҳравҳои бетонӣ, суҳбаткада барои ҳайати шахсӣ, гулу буттаҳо ва бо дигар растаниҳои ороишӣ зиннат ёфтааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дохил ва ҳудуди қисми низомӣ ва бинову иншооти навбунёд дидан карда, ба сатҳу сифати корҳои сохтмонии он баҳои баланд доданд.

Ба масъулини қисми ҳарбӣ ва ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт супориш дода шуд, ки барои тарбияи дурусти сарбозон ва таъмини онҳо бо маводи зарурии хурок ва сару либос таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.  

Қобили зикр аст, ки дар  доираи анҷоми корҳои сохтмонӣ, бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди тамоми гарнизони мамлакат бисёре аз қисмҳои низомӣ азнавсозӣ, таъмиру тармим гардида, садҳо иншооти муҳим ва аҳамияти ҳарбидошта, аз нав бунёд карда шудааст.

Дар ин замина барои  ҳайати шахсии ҷузъу томҳо манзилҳои истиқоматӣ, биноҳои маъмуриву ситоди қисмҳои низомӣ, хобгоҳи сарбозӣ, ошхона, иншооти ёрирасони маишӣ, истгоҳи нигоҳдории техникаҳои ҷангӣ, шаҳрчаҳои муҷаҳҳази тактикиву тирандозӣ, толору майдончаҳои ҳозиразамони варзишӣ ва дигар шароити муосир барои гузаронидани машғулиятҳои гуногун ва истироҳату фароғати хизматчиёни ҳарбӣ, бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтааст.

Бунёди ду иншооти наву муосир идомаи мантиқии сиёсати неку инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сарбозони ватандӯсти мамлакат мебошад. 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520