Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақдими туҳфаҳо ба ятимони ноҳияи Шуғнон

28.09.2021 14:42, ноҳияи Шуғнон
Тақдими туҳфаҳо ба ятимони ноҳияи Шуғнон  28.09.2021

28 сентябр дар ноҳияи Шуғнон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар партави хислати башардӯстонаашон ба 35 нафар кӯдаки ятиму бепарастор ва маъюб туҳфаҳои идона тақдим карданд.

Туҳфаҳои Президенти мамлакат аз сару либоси мактабӣ ва шириниҳо иборат буд. Аз рӯйи маълумоти мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Шуғнон, дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатӣ бо дастури бевоситаи Пешвои миллат ба ин кӯдакони ятим сару либоси зимистона ҳам тақдим шуда буд.

Аз шумораи умумии кӯдакони ятим ва маъюбе, ки дар мулоқоти Президенти мамлакат ҳузур доштанд, 17 нафарашон ятими кулл ва 18 каси дигар кӯдакони маъюб буданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо кӯдакон, тибқи хислати башардӯстонаашон, онҳоро дилбардорӣ карданд ва иброз доштанд, ки давлату Ҳукумати мамлакат ҳеҷ гоҳ ва дар ягон ҳолат онҳоро танҳо намегузорад ва ҳамеша дар кору рӯзгорашон дастгири онҳо хоҳад буд. “Дар ҷавоб ба ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат Шуморо низ зарур аст, ки бештару амиқтар илму ҳунар омӯзед ва дар оянда барои рушди Ватани аҷдодиамон саҳми муносиби худро гузоред”, таъкид карданд Пешвои миллат.

Кӯдакону наврасони ятим дар суҳбат бо Президенти мамлакат аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар изҳори миннатдорӣ баён карданд. Махсусан таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат умеди онҳоро ба ояндаи хубу босаодат қавитар гардонидааст. Ҳамин буд, ки ҳангоми мулоқот ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, қавл доданд, ки дар зиндагии худ ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллатро дар амал татбиқ хоҳанд кард ва ҳастии худро ба рушду инкишофи Тоҷикистони азиз хоҳанд бахшид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520