Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз боғи мевадиҳандаи хоҷагии деҳқонии «Парвиз Т» дар ноҳияи Ховалинг

03.10.2021 14:20, ноҳияи Ховалинг
Боздид аз боғи мевадиҳандаи хоҷагии деҳқонии «Парвиз Т» дар ноҳияи Ховалинг  03.10.2021

3 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз боғи мевадиҳандаи Хоҷагии деҳқонии «Парвиз Т» боздид намуда, бо фаъолияти боғпарварон, сабзишу нашъунамои боғи мазкур, ҷамъоварии себ ва намунаи маҳсули дастранҷи кишоварзон шинос гардиданд.

Боғи мевадиҳандаи хоҷагии деҳқонии «Парвиз Т» дар доираи татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ - Тоҷиддин Тешаев бо ҳамроҳии оилааш Салимамо Саидова бунёд карда шудааст ва ҳосили он асосан барои содирот пешбинӣ гардидааст.

Боғи мазкур даҳ сол қабл бунёд гардида, дар он ниҳолҳои ба шароиту иқлими ин минтақаи кӯҳдоман тобовар, аз қабили себи сурхи америкоӣ, голден ва сабзранги самаренко, се намуд нок ва нашпотӣ, олуча, инчунин хуч шинонида шудааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва боғпарварон маслиҳат доданд, ки бо мақсади боло бурдани иқтидори содиротӣ майдони боғи мазкурро боз ҳам васеъ намоянд.

Бо дарназардошти хусусияти хуби биологию истеҳсолӣ ва саривақт анҷом додани корҳои агротехникӣ дар ин мавзеъ барои таъмини рушди соҳа ташкили ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ дар майдони 1,4 гектар боғи мевадиҳанда бунёд карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки боғи мевадиҳанда дар асоси тавсияи олимону мутахассисони соҳа ташкил гардида, дар баробари себ то имрӯз 200 килограмм олуча ва 100 килограмм хуч ҷамъоварӣ карда шудааст.

Ба андешаи хоҷагидорон имсол ҳосилнокии себ хуб буда, дар назар аст, ки аз ҳар як ниҳоли себ 80 то 100 килограмм мева ба даст оварда шавад.

Анҷом додани корҳои саривақтии агротехникӣ ба сабзишу ҳосилбандии ниҳолҳо мусоидат намуда, солҳои наздик ҳосилнокӣ аз ҳар як ниҳоли себ ба 100-120 килограммӣ расонида мешавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520