Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

07.10.2021 11:50

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни суҳбати дӯстона Президент Роҳбари давлати Русияро бо зодрӯзаш сидқан табрик намуда, ба ӯ сиҳатмандӣ, некӯаҳволӣ ва комёбиҳои навро дар фаъолияти давлатиашон орзӯ намуданд.  

Пешвои миллат фаъолияти пурмаҳсули муҳтарам Владимир Путинро дар маснади Президенти Федератсияи Русия ва саҳми шоёни ӯро дар рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Россия ба таври хоса таъкид карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Владимир Путинро ҳамчунин ба муносибати баргузории бомуваффақияти чорабинии муҳими сиёсӣ – интихоботи Думаи давлатии Федератсияи Русия муборакбодӣ намуданд.

Дар рафти суҳбат президентҳо ба муколамаи худ атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои дуҷониба ва масоили мубрами таъмини амнияти минтақавӣ идома бахшида, ба раванди рушди вазъи Афғонистон дар вақти охир таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520