Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Подшоҳи Белгия Аълоҳазрат Филипп

12.10.2021 11:00, Белгия
Мулоқот бо Подшоҳи Белгия Аълоҳазрат Филипп   12.10.2021

12 октябр дар шаҳри Брюссел – пойтахти Подшоҳии Белгия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Белгия Аълоҳазрат Филипп мулоқот карданд.

Дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкории неки дуҷонибаи судманд бо Белгия ва робитаҳои бисёрҷониба доираи Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз пазироии дӯстона ва меҳмоннавозии гарму самимии ҷониби Белгия изҳори сипос карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таассуроти нек аз сафарҳои қаблӣ ба Подшоҳии Белгия, бахусус аввалин мулоқот бо Аълоҳазрат Подшоҳ Алберти II, таъкид намуданд, ки Подшоҳии Белгия яке аз мамлакатҳои калидии қитъаи Аврупо, кишвари дӯст ва шарики боэътимоди Тоҷикистон дар Аврупо мебошад.  

Дар мавриди рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба соҳаҳои энергетика,  бахшҳои мухталифи саноат ва ҷалби технологияҳои муосирба иқтисоди Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои ояндадори шарикии ду кишвар номбар карда шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои робитаҳои кишварҳоро дар сатҳи минтақавӣ муҳокима карданд.

Бо пуштибонӣ аз иқдомҳои якдигар дар ҳалли масоили глобалии сайёра, таъкид гардид, ки Тоҷикистон номзадии Белгияро барои ишғол кардани мақоми узви ғайридоимӣ дар Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид барои солҳои 2019-2020 ва Подшоҳии Белгия дар навбати худ, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистонро дар масоили глобалии об ва иқлим ҷонибдорӣ намуд.

Аз қабули барнома ва лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо барои Тоҷикистону Афғонистон ва Осиёи Марказӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ ҷонибҳо оид ба таъмини амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ва эҷоди шароити мусоид барои рушди осоиштаи он, табодул афкор намуданд.

Таъкид гардид, ки амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ бо таъмини сулҳу субот дар Афғонистон иртиботи бевосита дорад.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг мебошад ва Созмони Милали Муттаҳид бояд дар пешбурди ин раванд нақши калидӣ дошта бошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи устувори Тоҷикистон ҷиҳати ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон ёдовар шуда, ҷонибҳо роҳҳои муассири истиқрори сулҳу субот дар ин кишварро баррасӣ намуданд.

Дар ин зимн ҷонибҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти Афғонистон, муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, кибер-ҷиноятҳо ва дигар зуҳуроти хатарбори  ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Дар анҷоми мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Подшоҳи Белгия Аълоҳазрат Филипп барои боздиди расмӣ аз Тоҷикистон, даъват ба амал оварданд. 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520