Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Фаронса

12.10.2021 23:00, Франсия
Оғози сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Фаронса   12.10.2021

12 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи Орлии шаҳри Париж Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Фаронса самимона истиқбол гирифтанд.

Дар назар аст, ки дар доираи сафари расмӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эманнуэл Макрон ва роҳбарони воломақоми ин кишвар мулоқоту вохӯрӣ доир намоянд.

Ҳамчунин дар доираи сафар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии фарҳангии Намоишгоҳи нигораҳои таърихӣ таҳти унвони “Тоҷикистон - кишвари рӯдҳои тиллоӣ” ва Рӯзи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО иштирок ва суханронӣ менамоянд.

Дар шаҳри Париж Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тоҷикони муқими Париж ва кормандони сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса бо шукуҳу шаҳомати хоса пазироӣ карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520