Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Данғара

21.10.2021 14:35, ноҳияи Данғара
Ифтитоҳи бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Данғара   21.10.2021

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар маркази ноҳияи Данғара бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои навтаъсиси Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Данғара бо иқдому ташаббусҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти даввлатӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар кардани шароити кору хизматрасонӣ ба аҳолӣ бо сифати баланд бунёд гардида, барои кормандон туҳфаи арзанда ба ҳисоб меравад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи апрели соли 2020 бо ҷалби беш 80 нафар коргарону мутахассисони маҳалӣ оғоз гардида, он дар муҳлатҳои пешбинишуда бо истифода аз унсурҳои меъмории миллӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои муосири Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Данғара дар масоҳати умумии беш аз 2 ҳазор метри мураббаъ бо сифати баланд ва муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурии корӣ бунёд ёфта, аз 24 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст, ошхона, китобхона, бойгонӣ барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, осорхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Бино аз 6 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якуми он барои ҷалби коргарону мутахассисон ба китобхонӣ, аз ҷумла мутолеаи асарҳои бадеӣ, илмӣ ва соҳавӣ китобхонаи замонавӣ ва дар қисми дигар равзанаи ягона ҷиҳати қабул ва саривақт анҷом додани хизматрасониҳо ба аҳолӣ ташкил гардидааст, ки ҳамаи онҳо бо мизу курсӣ, компютер ва дигар таҷҳизоти зарурии корӣ таъмин мебошанд. 

 Бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Данғара бо системаи гармидиҳӣ таъмин буда, дар фасли зимистон тавассути ангишт гарм карда мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520