Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Боғи Парчами давлатӣ дар маркази деҳоти ба номи “Исмат Шариф”-и ноҳияи Данғара

21.10.2021 15:18, ноҳияи Данғара
Ифтитоҳи Боғи Парчами давлатӣ дар маркази деҳоти ба номи “Исмат Шариф”-и ноҳияи Данғара  21.10.2021

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара Боғи Парчами давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоотро сохтмончиëни маҳаллӣ бо маблағгузории соҳибкор Саидакбар Султонзода дар масоҳати як гектар бунëд намудаанд.

Боғи Парчами давлатӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта шуда, дорои шароити хуби истироҳату фароғат мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Парчами давлатиро партавафшон намуданд.

Баландии пояи Парчам 30 метрро ташкил медиҳад. Матои ин рамзи давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.

Дар боғ ду фаввора бо усули муосир бунëд гардида, ҳамчунин зиëда аз 500 бех ниҳоли дарахтони нодири ороишӣ ва гулу буттаҳои ҳамешасабз шинонида шудааст. Гулҳои рангоранги мавсимии шинонидашуда низ ба атроф ҳусни дигар зам мекунад.

Барои таъмини мунтазами гулу дарахтони мавҷуда ва майдони сабзазор бо об чоҳи амудӣ ва обанбор бо ғунҷоиши 70 метри мукааб сохта шудааст.

Боғ тавассути обпошакҳои худкор обëрӣ мешавад.

Бунëди чунин иншооти замонавии фарҳангӣ ва партавафшон шудани Парчами давлатӣ дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти ба номи Исмат Шариф аз як ҷониб фароғати сокинонро таъмин намояд, аз тарафи дигар эҳсоси ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва арҷу эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллиро дар қалби наврасону ҷавонон бештар месозад.

Дар ҳудуди Боғи Парчами давлатӣ 8 суҳбаткада ва 12 нишастгоҳ мавҷуд аст.

Роҳравҳои боғ бо истифода аз тахтасангҳои истеҳсоли ватанӣ барои гашту гузор дар ҳама фасли сол мутобиқ гардонида шудааст.

Барои истироҳату фароғати сокинон дар шаб низ шароит мавҷуд аст. Равшании боғро 50 адад чароғ дар сутунпояҳои гуногун таъмин менамояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор ҷиҳати бунëд намудани чунин иншооти замонавии фарҳангӣ-фароғатӣ изҳори сипос намуда, иқдоми созандаи ӯро намунаи ибрат ва шоистаи таҳсин хонданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520