Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов

27.11.2021 20:45, Туркманистон
Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов   27.11.2021

27 ноябр дар шаҳри Ашхобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов мулоқот карданд.

Дар вохурӣ ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон, ҳамчунин дигар масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз даъват ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши навбатии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва пазироии самимӣ изҳори сипос карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки тавофуқоти дар ҷараёни гуфтушунидҳои дуҷониба ҳосилшуда, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории кишварҳои мо хизмат хоҳанд кард.

Ҷонибҳо зимни вохурии самимӣ масъалаи рушду густариши робитаҳо дар соҳаҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёту интиқоли бор ва мусофиркашонӣ, истифодаи бандарҳои обии Туркманистон барои боркашонии Тоҷикистонро, муҳокима намуданд.

Таъкид гардид, ки фаъолияти босамари Комиссияи байниҳукматии Тоҷикистону Туркманистон метавонад ба татбиқи амалии ҳадафҳо мусоидати созанда дошта бошад.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои рушди муносибатҳо дар соҳаҳои ояндадори илму маориф, фарҳанг ва тандурустӣ баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо зимни баррасии масоили робитаҳои минтақавӣ оид ба авзои кунунии ҷаҳон, ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирии ташаббусҳои глобалии якдигар дар арсаи байналмилалӣ, табодули андеша карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520