Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Мудири кулли Бунёди Кувайт оид ба рушди иқтисоди кишварҳои араб Марван Абдуллоҳ-ал Ғоним

07.12.2021 09:40, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо Мудири кулли Бунёди Кувайт оид ба рушди иқтисоди кишварҳои араб Марван Абдуллоҳ-ал Ғоним   07.12.2021

7 декабр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Бунёди Кувайт оид ба рушди иқтисоди кишварҳои араб Марван Абдуллоҳ-ал Ғонимро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъи имрӯзаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистон бо Давлати Кувайт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки кишвари мо ҷонибдори тавсеа ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба бо кишвари дӯсту бародари Кувайт ва манфиатдори рушди ҳамкорӣ бо муассисаи муҳими молиявии он - Бунёди Кувайт оид ба рушди иқтисоди кишварҳои араб мебошад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, саноат, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, саноати металургияи ранга, сабук ва хурокворӣ, сохтмон, роҳу коммуникатсия ва сайёҳиро муҳокима карданд.

Саҳмгузорӣ дар иҷрои лоиҳаҳои алоҳида дар соҳаҳои кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ ва истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок аз самтҳои судманди ҳамкории ду кишвар номида шуд.

Саҳми Бунёди Кувайт оид ба рушди иқтисодии кишварҳои араб дар маблағгузории як қатор лоиҳаҳо дар Тоҷикистон, аз ҷумла амалӣ намудани 5 лоиҳа дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика, ки аз соли 2001 сурат мегирад, назаррас арзёбӣ гардид.

Ҷиҳати рушду густариши ҳамкориҳо дастгирии баргузории Форумҳои соҳибкорони Тоҷикистону Кувайт, намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак зарур шумурда шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520