Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

10.06.2009 15:00, шаҳри Бохтар

Субҳи рӯзи 10-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои шадиди табиӣ дар ноҳияи Хуросон ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 5 – моҳаи якуми соли равон бо фаъолони он машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат ҳамчунин роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва бонкҳои мамлакат, роҳбарият ва мутахассисони Академияи кишоварзӣ ва дигар шахсони масъули сатҳи ҷумҳуриявӣ низ иштирок доштанд.

Дар оғози машварат оид ба мавзӯъҳои номбурда нахуст ҳисоботи раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал ва раисони шаҳру ноҳияҳои он шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят 43 корхонаи нави саноатӣ фаъол гашта, дар онҳо беш аз 2 ҳазор ҷойҳои корӣ муҳайё гаштааст. Дар ҳамаи соҳаҳо бошад, дар ҳамин давра 28 ҳазор ҷойҳои нави корӣ омода гаштаанд.

Аз 23 ҳазор гектар заминҳои боир 1900 гектараш дар ин давра мавриди истифода қарор гирифта, дар 800 гектари он тибқи супоришҳои Сарвари давлат боғҳои зардолу бунёд ёфтаанд.

Сабазавоткорӣ дар 5 моҳ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5 баробар афзоиш ёфта, беш аз 3,5 ҳазор тонна сабзавот ба хориҷи кишвар содир карда шудааст.

Бунёди боғҳои нав, барқарорсозии боғоти мавҷуда ва парвариши занбӯри асал, картошка ва полезиҳо низ хеле афзун шудааст.

Тибқи супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз вазъи мусоиди имсола захираи хошоки дурушти чорво барои ду соли оянда муташаккилона идома дорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни саволу ҷавоб бо раиси вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо пеш аз ҳама аз иҷро нашудани нақшаи 10 намуди андозсупорӣ ва дигар камбудиҳои ҷиддӣ изҳори норозигӣ карда, оид ба рафти камбудиҳаи мавҷуда ва расондани кӯмакҳои зарурӣ ба оилаҳое, ки аз офатҳои табиӣ зарари ҷиддӣ дидаанд, ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.

Аз ҷумла дастур дода шуд:

Сохтмони хонаҳои нав барои 500 оилаи ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Хуросон то моҳи октябри соли равон ба анҷом расонда шавад;

Як мактаби нав барои 624 нафар дар як баст дар маҳаллаи нави истиқоматии аҳолии бехонамондаи ноҳияи Хуросон то 1 - уми сентябри соли 2010 сохта ба истифода дода шавад;

Бунёди бунгоҳи тиббии ин маҳалла то охири соли равон ба поён расад;

Дар ҳудуди ҷамоати мазкур ё як беморхонаи нав бунёд ёбад ва ё беморхонаи мавҷуда аз таъмири асосӣ бароварда шавад;

Кӯдакони аҳолии зарардида дар мавсими тобистон дар лагерҳои фароғатӣ ҷойгир карда шаванд;

Ҳар як шаҳру ноҳияи вилоят то 9- уми сентябри соли 2011 500 гектарӣ ва дар зарфи 5 соли оянда ҳамагӣ 1000 гектарӣ боғҳои нав бунёд намоянд ва афзалият ба шинондани ниҳолҳои меваҳои содиротӣ диҳанд;

Дар ҳамин мӯҳлатҳо ҳамзамон тамоми боғҳои мавҷуда барқарор карда шаванд, аз ҷумла токзори мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросон ва токзорҳои ноҳияи Данғара;

Парвариши тухмии тамоми намудҳои зироат ба низом дароварда шавад, тухмии гандуме, ки дар замини обӣ аз 50 сентнер ва пиёзи тирамоҳие, ки аз 800 сентнер кам ҳосил медиҳад, кишт карда нашавад;

Дар зарфи 5 соли оянда ҳамаи 5 маҷмааи мурғпарварии вилоят пурра барқарор карда шаванд;

Фермаҳои ширию молии боқимонда барқарор карда шаванд ва дар ҳар як шаҳру ноҳияи вилоят корхонаҳои коркарди маҳсулоти ширӣ бунёд ёбанд;

Стансияҳои барқии обкашӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ҳарчи зудтар барқарор карда шаванд;

То соли 2010 тамоми техникаю таҷҳизоти зидди жола барқарор карда шавад;

Тамоми корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ фаъол карда шаванд ва корхонаҳои хусусигаштае, ки мутобиқи ӯҳдадориҳои гирифтаи худ кор намекунанд, ба давлат баргардонда шуда, аз нав ба фурӯш бароварда шаванд;

Иҷрои бечунучарои барқияи телефонии Сарвари давлат оид ба истифодаи аксҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ таъмин гардад ва ба худнамоии мансабдорон роҳ дода нашавад;

Дар вилоят як корхонаи истеҳсоли лампаҳои каммасраф бунёд ёбад ва гузаштан ба истифодаи ин намуди лампаҳо тезонда шавад;

Корҳои ҷустуҷӯӣ ва истихроҷи нафту газ дар конҳои вилоят вусъат дода шавад;

Дар охири машварат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ёдовар шуд ва роҳбарони мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияи онро ба коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрон ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва рӯзгори ҳаррӯзаи мардум ҳидоят намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520