Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон, Раиси Шӯрои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Никол Пашинян

07.01.2022 18:40, шаҳри Душанбе

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон, Раиси Шӯрои амнияти СААД муҳтарам Никол Пашинян доир гардид.

Дар ҷараёни суҳбат ду ҷониб оид ба раванди рушди вазъият дар Ҷумҳурии Қазоқистон табодули афкор анҷом дода, ҷонибдории худро дар ростои талошҳои роҳбарияти кишвари дӯст ҷиҳати барқарор намудани сулҳу оромӣ таъкид намуданд.

Дар ин зимн ҷонибҳо ҷараёни татбиқи қарори СААД-ро дар бораи ирсоли ҳайати муттаҳидаи сулҳофари Созмон ба Қазоқистон барои мусоидат ба ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини субот баррасӣ намуданд.  

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520