Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба муносибати 14-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ

08.09.2005 12:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини мӯҳтарам!

Дар интиҳои асри ХХ миллати куҳанбунёди тоҷик соҳиби давлати комилан мустақили миллӣ шуд, ки имрӯз мо 14-солагии ин дастоварди бузурги таърихиро ҳамчун ҷашни муқаддастарини умумимиллӣ таҷлил мекунем. Ба ин муносибат халқи азизу шарифи Тоҷикистон ва шуморо - ҳозирини мӯҳтарам самимона табрик мегӯям ва ба ҳар хонадон сулҳу сафо, хушбахтӣ ва осоишу рӯзгори обод орзу менамоям.

Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо, ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад.

Бояд таъкид кард, ки дар тӯли беш аз ҳазор сол мардуми мо пайваста барои эҳёи давлати миллии худ ва истиқлоли он талош мекард. Бо ҳукми тақдир имрӯз ба мо муяссар шудааст, ки орзуву ормони деринаи миллати тоҷикро амалӣ сохта, ба бунёди давлати мустақили Тоҷикистон ноил гардем.

Ҳар гоҳ сухан аз истиқлолияти давлатӣ ё миллӣ меравад, мо бояд ёдовар шавем, ки ҳадафи асосии талоши ҳар халқ барои озодӣ таъсиси давлати миллӣ ва идораи мустақилонаи корҳои давлатдорӣ аст. Зеро омили ҳастии ҳар як миллат андешаи истиқлол ва бунёди давлати мустақили миллӣ мебошад.

Истиқлолият ҳамчун рукни бунёдии озодии инсон ва ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии ҳастӣ ва ҳувияти миллати мо будааст.

Ормони истиқлол фарзандони мубориз, ватандӯст ва донишманди миллатро ҳамвора ба нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ ва талқину таҳкими он дар қалби мардум, таъмини пайванди ногусастании наслҳо ва ниҳоят барои ҳифзи истиқлолияти Ватан раҳнамоӣ карда, дар давраҳои мушкили зиндагӣ ба онҳо нерӯву тавон бахшидааст.

Маҳз ба шарофати талошу кӯшиш барои истиқлол, озодӣ ва пешрафти илму фарҳанг абармардони миллати мо тавонистаанд, ки ҳанӯз дар асри даҳум, яъне ҳазору сад сол муқаддам давлати миллии мутамарказ ва дорои ҳамаи аркони зарурии давлатдориро ташкил диҳанд, ки дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ бо номи давлати Сомониён шӯҳрат ёфтааст.

Ва ниҳоят ҳамин талошу кӯшиш ва андешаи истиқлол миллати моро ҳатто баъди суқути давлати Сомониён ва дар давраҳои ҷабру зулми сулолаҳои бегона қувват бахшидааст, ки аз шебу фарози таърих, аз озмоишҳои сахту сангини садсолаҳо бо сарбаландӣ гузашта, забони модарӣ, илму адабиёти оламгир, анъанаву суннатҳои неки таърихиву фарҳангӣ ва муҳимтар аз ҳама ҳувият, худогоҳӣ ва худшиносии миллиро то замони мову шумо расонад.

Тоҷикон дар фосилаи дарози таърих бо ҳусни тадбир, ақлу дониш ва хиради азалии худ дар корҳои давлатдорӣ нақши барҷаста бозида, бо фарҳанги оламшумул ва забони шево дар баробари нигоҳ дошта тавонистани ҳастии худ, дар рушду густариши тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштанд.

Мо имрӯз ифтихор дорем, ки тоҷикон аз ҷумлаи қадимтарин миллатҳои ҷаҳон буда, бо осори гаронбаҳои моддӣ ва маънавии худ барои пешрафти фарҳанг ва маънавиёти халқҳои дигар хизмати шоиста кардаанд.

Ба ибораи дигар, тоҷикон маҳз аз файзу баракати ҳамин арзишҳову анъанаҳои аҷдодӣ тавонистаанд, ки ҳам ҳастии худро нигоҳ доранд ва ҳам дар минтақаи Осиё нақши тамаддунсозиро бозида, дар радифи қадимтарин миллатҳои дунё ҷой гиранд ва худро ба оламиён ҳамчун миллати фарҳангӣ муаррифӣ намоянд.

Ба андешаи мо бидуни пайванду ҳамгироии тамаддуни имрӯзаи тоҷикон бо таърихи куҳанбунёди хеш ба қадри истиқлолият, ифтихори Ватану ватандорӣ, ҳувияти миллӣ ва худшиносию худогоҳии комил расидан мушкил аст. Ҳамчунин бе дарки огоҳонаи решаҳои таърихӣ таҳкими истиқлолият, пойдории давлатдорӣ ва бунёди ҷомеаи мутамаддин мушкилтар хоҳад буд.

Аз ин лиҳоз мо ба решаҳои дури таърихии миллати хеш рӯ оварда, соли 2006-умро Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эълом доштем.
Моҳиятан падидаи таърихиву фарҳангии миллати мо аз ҷавҳари гуманистии тамаддуни ориёӣ, аз замони пайдоиши Авасто, давраҳои гузаштагони бузургамон - аз аҳди давлатдории Каёниён то Сомониён ва тамаддуни оламгири ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад.

Фарҳанги ориёӣ, ки мо яке аз меросдорони асили он ҳастем, ба башарият китоби муқаддаси "Авасто" ва нахустин намунаи тамаддуни башардӯстонаро тақдим намуд.

Таъсири пурфайзи ин тамаддун аз Ҳинд то Юнон барои вусъати ҷаҳонбинӣ, рушди илму адаб ва маданияти зиндагиву рӯзгордорӣ бағоят равшан ва арзишманд аст, ки ин ҳақиқатро олимону таърихшиносон кайҳо эътироф намудаанд.

Гузаштагони ориёии мо дар "Авасто" тарзи ҳаёти ончунон покизаю одилонаро тарғиб намудаанд, ки асари он дар сиришту ниҳоди ниёгонамон пойбарҷо монда, ҳатто ҳамлаҳои тӯлонии аҷнабиёни истилогар ба сарзамини аҷдодии мо ин фарҳанги олиро аз зеҳни халқамон дур карда натавонистанд.
Фарҳанги аҷдодии мо бо шиори фарогир ва пурарзиши "Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек" беҳтарин ва равшантарин орзую омоли инсониятро ҳакимонаву орифона ифода намудааст ва ин суханони пурҳикмат на барои як қавму миллат, балки барои ташаккули афкору рафтори аҳли башар хидмат кардаанд.

Воқеан, вақте таърихи фарҳанги умумибашариро варақ мезанем, аз давраҳои гузаштаи дур то имрӯз андешаҳои инсонпарваронаи мутафаккирони фарҳанги ориёӣ бо шеваю забонҳои мухталиф, бо ҳарфу матнҳои гуногун ҳамчун гавҳари тобнок ва арзиши ҷовидона ҷило медиҳанд.

Бояд зикр намуд, ки Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эълон кардани мо боиси баланд шудани баъзе садоҳое гардид, ки гӯё аз ин иқдом бӯи миллатгароӣ ва нажодпарастӣ меояд. Чунин баҳо аз ноогоҳиву тангии назар шаҳодат медиҳад ё таҳрифи маҳзи таърих аст.

Бо истифода аз фурсат мехоҳам таъкид намоям, ки ин иқдоми мо на ба ягон ғарази сиёсӣ ва идеологӣ, балки ба хотири пос доштани фарҳанги қадимаи миллати худ аст. Зеро мо барои нодида гирифтан, пос надоштан ва инкор кардани таъриху тамаддуни ориёӣ, ки миллати тоҷик воқеан яке аз ворисони он мебошад, ҳуқуқи маънавӣ надорем.

Дар баробари ин, мо кӯшишҳои суиистифода карданро аз мероси фарҳангӣ ба хотири талқини ғояҳои нажодпарастӣ бо дарки масъулияти бузурги таърихию виҷдонӣ маҳкум менамоем ва фақат мехоҳем, ки инсоният аз фарҳанги бойю қадимаи тоҷикон баҳравар гардад.

Зеро ҳама гуна мероси фарҳангии арзишманд танҳо ба як халқу миллат тааллуқ надорад, балки он бо мурури замон дастраси дигар халқҳои олам гардида, ба ташаккули афкору андешаи солим ва арзишҳои волои умумиинсонӣ мусоидат мекунад.

Ҳамзамон бояд таъкид намоям, ки мо - бунёдгарони давлати ҷавони соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ танҳо бо фарҳанги ориёии ниёгони худ маҳдуд намешавем, анъанаҳои азбайнрафтаи он ва дину оини фаногардидаро низ эҳё карданӣ нестем. Чунки беш аз наваду ҳашт фоизи мардуми Тоҷикистон мусулмонанд ва мо расму оин, фарҳанги исломии худро гиромӣ медорем.

Мо кӯшишҳои ба ҳам муқобил гузоштани фарҳангҳоро маҳкум мекунем, ҷонибдори гуфтугӯ ва муколамаи судманди тамаддунҳо ҳастем, то ки фазои таҳаммул, ҳамгироӣ ва таъсири мутақобилаи фарҳангҳои мухталиф устувортар гардад.

Бешубҳа, огоҳии хуб аз таърихи фарҳанги куҳан на танҳо ифтихори миллиро ба замона созгор месозад, балки ба таҳкими робитаи тамаддунҳо ва халқҳои гуногун дар шароити мураккаби дунёи муосир мусоидат карда, ба густариши сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ заминаи воқеӣ мегузорад.

Аз китоби муқаддаси "Авасто", эъломияи Куруши Кабиру катибаҳои Дорои бузург, ёдгориҳои Саразму Ҳулбук, Шаҳристону Тахти Сангин, анъанаҳои давлатдории Сосониёну Сомониён, оҳангҳои рӯҳнавози Борбаду назми оламгири Рӯдакиву Фирдавсӣ, осори илмиву амалии Закариёи Розӣ, Ибни Синову Абурайҳони Берунӣ бисёр халқу миллатҳо дарси илму адаб, меъмориву шаҳрсозӣ, тарбияту маънавият ва инсонпарварию сиёсатмадорӣ омӯхта, ҳатто дар бақои дигар миллатҳо нақши бузург доранд.

Дар ин радиф олими машҳури Эрон Саид Нафисӣ навиштааст, ки мо, мардуми ориёӣ дар сояи исёни Абӯмуслим, Муқаннаъ ва дигарҳо, дар сояи ташкил ёфтани давлати Сомониён ва дар сояи шоирони онзамонаи Мовароуннаҳр ба сифати як миллат соҳиби забон шуда, дар рӯи дунё зинда мондем.

Бинобар ин, мову шумо бояд наслҳои имрӯзу фардои миллатро аз ин мероси бузурги аҷдодӣ огоҳ созем, дар замири онҳо эҳсоси ифтихор аз давлатдорӣ, қадру қимати давлати мустақили миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, шинохтани қадри гузаштагони хирадманди худро тарбия намоем.
Мо аз умқи таърих набояд хокистар, балки шӯъла бардорем. Таърих сабақомӯз аст ва ягон халқу миллат бе арҷ гузоштан ба гузаштаи хеш ба қадри истиқлолият ва оини давлатдориаш расида наметавонад.

Зеро ҷомеаи инсонӣ ҳамеша рӯ ба таҳаввулоту тараққиёт мебошад. Хусусан даврае, ки мо зиндагӣ мекунем, замонаи пешрафти босуръати илму технология, давраи ихтирооту кашфиёт ва истифодаи дастовардҳои навини инсон дар тамоми соҳаҳои ҳаёт аст.

Бо дарназардошти ин, мо на танҳо таърихи гузаштаи худро пос медорем ва онро меомӯзем, балки кӯшиш менамоем, ки аз арзишҳои волои тамаддуни миллатҳои пешрафта бархурдор ва ҳамқадами замони таҳаввулоту тараққиёт бошем.

Муҳаббат ба Ватан ва таърихи пурифтихори он набояд чашми моро аз пешрафту дастовардҳои ҷаҳони муосир, вусъати ақли башарият ва тараққиёти рӯзафзуни давлатҳои мутамаддини олам бубандад.

Баръакс, мо ҳар қадар Ватанамонро бештар дӯст дорем, бояд ҳамон андоза кӯшиш намоем, ки арзишҳои илмиву фарҳангии умумибашарӣ, дастовардҳои техникаю технологияи замонавӣ ва кашфиёту бозёфтҳои навтаринро омӯзем ва дар ҳаёт татбиқ намоем.

Яъне бузургдошти таърихи гузашта барои мо ҳаргиз маънии таъкид кардани ҳаққи истисноии миллатамонро дар тамаддуни башарӣ, ё кӯшиши ҷудоӣ пазируфтан аз равандҳои созандаи ҷаҳонӣ ва фарҳанги халқҳои пешрафтаи оламро надорад.

Мо бо таҳқиқу омӯзиши таърихи миллат ва тарғибу талқини суннатҳои фарҳанги қадимаи халқамон мехоҳем ҷараёни азхуд кардани арзишҳои умумибашариро суръат бахшем, раванди ҳамгироиро бо кишварҳои тараққикардаи олам густариш диҳем ва дар айни замон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо чеҳраву симои хоси миллии худ пайвандем.

Гузашта аз ин, омӯзиши таърих ва таҷрибаи дар тӯли асрҳо андӯхтаи миллатамон ба мо барои бунёд кардани давлати пешрафта, тараққихоҳ ва сулҳдӯст, инчунин таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пеш аз ҳама ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сиёсӣ ва дар қалби мардум баланд бардоштани эҳсоси гарми ватандориву ватандӯстӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ мисли обу ҳаво зарур аст.

Мо ба шарофати истиқлолият ғояи таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини сулҳу субот ва тарғиби худогоҳиву худшиносиро ба пояи сиёсати давлатӣ бардоштаем ва ин роҳро идома хоҳем дод.

Мардуми Тоҷикистон хуб дар ёд дорад, ки ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, вақте ки ба истиқлолияти давлатии мо ҳанӯз як сол ҳам нашуда буд, ба чӣ гуна озмоиши сахту сангин ва даҳшатноки тақдир рӯбарӯ шудем.

Ҳамаи он рӯзҳои мушкилу фоҷиаборро мо ба шарофати хиради азалӣ, тамкину бурдборӣ ва ватандӯстиву ватанхоҳии халқамон паси сар карда тавонистем.

Рушди маънавиёти миллат ва пойдориву шукуфоии давлати мо дар тӯли зиёда аз даҳ соли охири давраи истиқлолият хеле вусъат ёфт. Ҳоло дар зеҳну шуури мардуми мо арзишҳои миллӣ ҷои хосаро ишғол кардаанд.

Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ мо имкон пайдо кардем, ки бо таърихи миллати куҳанбунёди худ беҳтару бештар ошно шавем, решаҳои тамаддуни гузаштаи худро ҷустуҷӯ карда, онҳоро барои таҳкими ватандӯстию худшиносӣ, ифтихори миллии мардум ва тақвияти пояҳои давлати соҳибистиқлоламон истифода барем.

Ҷашнҳои Истиқлолияти давлатӣ, Наврӯзи бостонӣ, Рӯзи ваҳдати миллӣ ба ҷашнҳои умумихалқӣ табдил ёфтаанд. Инчунин соҳиби Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ, Қувваҳои сарҳадӣ, пули миллӣ ва узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони конфронси исломӣ ва аъзои даҳҳо созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ гардидани Тоҷикистон аз дастовардҳо ва арзишҳои муқаддаси даврони истиқлолият буда, рамзи тантанаи давлатдории миллӣ ва ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари азизи мо мебошанд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки дар шароити равандҳои ҷаҳонишавӣ бояд халқу миллатҳо симои маънавии миллӣ, аз ҷумла арзишҳои фарҳангиву ахлоқии худро ҳифз карда тавонанд.

Ин тақозои ҳаёт ва вазифаи муқаддаси ҳар миллати огоҳу соҳибфарҳанг мебошад. Дар таърихи тамаддуни башарӣ бисёр халқҳо ва қавмҳои гуногун бинобар нигоҳ дошта натавонистани асолати худ бо халқҳову миллатҳои бузург ва тавонотар омехта, ҳастии забониву фарҳангии худро гум карда, оқибат аз байн рафтаанд.

Барои эмин мондан аз ин хатар тафаккури солими миллиро инкишоф додан, дар муқобили ҳар гуна таҳдидҳои ҷаҳонӣ арзишҳои миллии худро ҳифз кардан, ваҳдати миллиро таҳким бахшидан, амнияту оромии кишварро таъмин намудан, сатҳи огоҳии мардум, хусусан ҷавононро баланд бардоштан аз ҷумлаи корҳои доимӣ ва заҳматталаби сиёсиву фарҳангии ҳамаи мо мебошад.

Ин амр танҳо ҳамон вақт муяссар мешавад, ки мо аз давлати соҳибистиқлол шукргузор бошем ва истиқлолияти милливу давлатиро, яъне ин неъмати муқаддастарину бебаҳоро чун гавҳараки чашм муҳофизат намоем.

Дӯстони азиз!

Ҳар гоҳе дар бораи арзишҳои миллӣ сухан меронем, бузургтарин сарвати бебаҳои халқи худ - забони модариамон - забони тоҷикиро бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем.

Забони зиндаи тоҷикии форсии дарӣ идомаи таърихии ҳамон забонест, ки бо он "Авасто"-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки "Худойномак"-у "Таърихи мулуки Аҷам"-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки бо такомулу таҳаввулаш дар даврони ислом "Шоҳнома"-ву "Маснавии маънавӣ"-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки дар ҷомеаи шӯравӣ ба ҳар навъе аз бӯҳрони фарҳангӣ худро ба саломат то истиқлолияти фарҳангиву сиёсӣ расонд ва ҳатто тавонист давоми сарнавишти соҳибашро бо қалами Айниву Турсунзода ва аллома Ғафуров бинависад.

Забон ва тафаккури таърихии миллат пайванди ногусастанӣ доранд. Офарандагони адабиёти бадеӣ ва осори илмии беш аз чандинҳазорсолаи мо ба забони модарӣ муҳаббат ва эҳтироми беандоза доштаанд. Онҳо хуб дарк мекарданд, ки забон беҳтарин сарват ва қиматтарин дороии миллат аст.
Пойдорӣ ва рушди забон нишонаи ҳастии миллат мебошад. Агар миллат созандаи фарҳанги моддиву маънавӣ бошад, забонаш низ бобақо ва соҳибнуфуз хоҳад монд.

Умри миллат ба умри забон вобаста аст. Барои он ки номи миллат аз саҳифаҳои таърихи башарӣ нобуд нашавад, бояд чароғи раҳнамои худшиносию худафрӯзиаш - забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин мерос ба наслҳои оянда расонад.

Мо соҳиби давлати миллӣ ҳастем ва бо роҳи бунёд кардани низоми демокративу дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пеш меравем.

Бинобар ин, таваҷҷӯҳи хоса доштан ба забони давлатӣ ҳаргиз маънои маҳдуд кардани ҳуқуқи забонҳои дигарро надорад. Забони давлатӣ барои мо забони коргузорӣ, воситаи ҳамдигарфаҳмию муттаҳидӣ, забони ваҳдатофарин мебошад. Донистан, омӯхтан ва ба он эҳтиром гузоштан вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Табиист, ки эътибори забони давлатӣ ва эҳёи фарҳанги миллӣ ҳамчун омили муҳими рушди маънавии ҷомеа метавонад танҳо дар заминаи ташаккули андешаи миллӣ сурат гирад ва дар шароити давлати ягонаи миллӣ нуфуз пайдо намояд.

Андешаи миллӣ ҷавҳари ҳастии миллат, шарти бақои ҷовидонаи он аст ва дар заминаи фаҳмидану дарк кардани манфиатҳои миллӣ ташаккул меёбад. Ба ин маънӣ, андешаи миллӣ муҳимтарин рукни ҳастӣ ва ҳифзи хусусиятҳои равонии миллат мебошад.

Он таърихан дар раванди инкишофи миллат ташаккул ва такомул ёфта, дар фарҳанг ва маънавиёташ зуҳур мекунад.

Андешаи миллӣ сарчашмаи маънавӣ, муайянкунандаи арзишҳои зеҳниву ахлоқӣ ва ҷавҳари фарҳанги миллӣ мебошад. Маҳз тавассути он халқи тоҷик дар тӯли роҳи таърихии дурударози худ саъю кӯшиш кардааст, ки дар тамаддуни башарӣ мавқеи хос пайдо намояд.

Раванди сиёсиву фарҳангие, ки имрӯз миллати тоҷик пеш гирифтааст, давоми мантиқии инкишофу такмили ҳамон андешаи миллиест, ки собиқаи зиёда аз панҷҳазорсола дорад.

Таҷрибаи сулҳофарии мо собит сохт, ки ғояҳои ваҳдату башардӯстӣ ва фарҳангсозиву ватанпарастӣ муҳимтарин унсури андешаи миллии тоҷикон аст. Дар натиҷаи ҳидояти ҳамин андешаи миллӣ ва хиради азалӣ буд, ки пеши роҳи бародаркушиву худсӯзии миллатамон сари вақт гирифта шуд. Ин таҷриба моро водор месозад, ки андешаи миллии худро на танҳо ҳифз намоем, балки такмил ва инкишоф диҳем.

Барои он, ки истиқлолияти Тоҷикистон пойдору устувор гардад ва давлати мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи хоси худро ёфта, дар сафи кишварҳои тараққикарда ҷой гирад, бояд мо гузаштаи худро хуб дарк карда, бо нерӯи тоза ва азму иродаи қавӣ ба ҳалли мушкилоти имрӯзу оянда рӯ оварем. Зеро давлат ва ҷамъият ҳамеша дар инкишоф буда, дар ҳар як марҳилаи таърихӣ ба онҳо хатар ва омилу падидаҳои номатлуб таҳдид мекунанд.

Бо дарназардошти чунин омилҳо мо имрӯз бояд ба се масъала таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоем: якум - таъмини амнияти милливу давлатӣ, дуюм - суботи сиёсӣ ва сеюм - рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ.

Дар шароити ҳозира масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ аҳамияти аввалиндараҷа ва бағоят муҳим пайдо намудааст. Зеро солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва хатарҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват гирифта истодаанд, ки онҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва кишварҳои алоҳида таъсири манфӣ расонанд.

Хатарҳои мавҷуда бевосита ба пояҳои давлатдорӣ ва истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамоянд. Аз ин рӯ, мо бояд пешгирии ин амалҳои номатлубро ҳамеша дар мадди назар дошта бошем ва барои таъмини амнияти давлат тадбирҳои мушаххас андешем.

Дар сиёсати имрӯзаи ҷаҳонӣ бинобар яктарафа арзёбӣ намудани масъалаи терроризм кӯшишҳои ба дини мубини ислом ва мардуми мусулмон нисбат додани он ба вуҷуд омадааст, ки дар натиҷа дар баъзе кишварҳо мусулмонон таҳти фишор қарор меёбанд.

Доираҳои сиёсии кишварҳои ҷаҳон ба назар намегиранд, ки пояи маънавии ислом сулҳу амният буда, ин оини пок ҳама гуна амалҳои террористиро маҳкум менамояд. Гузашта аз ин, бо маҳкум намудани дини ислом ва фишор овардан ба мардуми мусулмон терроризмро аз байн бурдан ғайриимкон аст. Борҳо аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ таъкид кардаем, ки терроризм ба мазҳаб ва миллат тааллуқ надорад.

Ҳамзамон терроризмро танҳо бо истифодаи қувва аз байн бурда намешавад. Баръакс бо дарназардошти омилҳои пайдоишу густариши он бояд давлатҳои пешрафта ба кишварҳои қафомондаву рӯ ба тараққӣ ва дар паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷаҳон кӯмак карда, гуфтугӯйи тамаддунҳоро густариш диҳанд.

Терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир бо ифротгароии сиёсиву динӣ ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ иртиботи ногусастанӣ дошта, ба амнияту оромии на танҳо кишварҳои алоҳида, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар доранд. Аз ин рӯ, мо бо таъмини амнияти давлати худ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ба оромӣ ва суботи аҳли башар мусоидат менамоем.

Бо дарназардошти таҳдидҳои мазкур мо ваҳдати миллиро, ки миллати тоҷикро аз ҷудоиву парокандагӣ наҷот бахшид, дастоварди пурарзиш меҳисобем.
Зиёда аз ин, мо ваҳдату ризоияти ҷомеаро омили асосии кулли дастовардҳои минбаъдаи миллат ва давлати худ медонем ва ва аз хотир мо онҳоро қадр ва ҳифз менамоем.

Самти хеле муҳими фаъол гардонидани ҷомеа дар раванди эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд воқиф будани мардум аз равандҳои сиёсӣ ва густариши маърифати ҳуқуқӣ мебошад. Воқеан, сарфаҳм нарафтан ба роҳу равиши дигаргуниҳои ҳаёти ҷомеа, ҷараёнҳои гуногуни сиёсӣ ва надонистани қонунҳо омилҳои асосии ҳуқуқвайронкунӣ дар ҷомеа мегарданд, ки онҳо дар навбати худ метавонанд ба амнияти давлату миллат таҳдид намоянд.
Дар асл ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд маҳз ба шаҳрвандоне такя мекунад, ки аз ҷиҳати сиёсиву ҳуқуқӣ бомаърифат, ба ҳифзи адолат қодир, ба риояи волоияти қонун ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ омода бошанд.

Давлати мустақили тоҷикон меъёрҳои асили демократияро ҳамчун омили пешрафти ҷомеа эътироф намуда, минбаъд низ барои инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Амалан омӯхтани Конститутсия, қонунҳо ва асноди меъёриву ҳуқуқии давлат ба тарбияи шаҳрванде, ки метавонад аз ҳуқуқу озодиҳои хеш дифоъ намояд, кӯмаки бевосита мерасонад.

Аз ин рӯ, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сохторҳои дахлдори давлатӣ зарур аст, ки дар баробари таъмини риояи қонуният ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо тарғиби сиёсати пешгирифтаи давлат, асосҳои қонунгузории кишвар, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ва тарбияи сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандонро самти асосии фаъолияти хеш дониста, дар роҳи мустақиман амалӣ сохтани онҳо кӯшиш намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳадаф аз ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳарчи бештар фароҳам овардани озодии фаъолият барои шаҳрвандон ва ҳизбҳои сиёсиву иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ба тарзи ҳаёти мутамаддин мутобиқ шудани онҳо мебошад. Суботи вазъи сиёсӣ дар кишвари мо тавассути ҳамкории миёни Ҳукумат ва созмонҳои гуногуни ҷамъиятиву сиёсӣ таъмин мегардад ва ин ҳамкорӣ ба ризоияту ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа мусоидат мекунад.

Гузашта аз ин, ҳамкории сохторҳои ҳукуматӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ торафт қавитар шуда истодааст. Ин самти мусбати фаъолияти дуҷониба барои ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, суръат бахшидан ба ҷараёни ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум тавассути инкишофи соҳибкории хурду миёна аҳамияти ниҳоят калон дорад.

Тоҷикистон дар сиёсати худ ба густариши принсипҳои демократия такя намуда, таҳкими сулҳу субот ва устувории вазъи сиёсиро омили муҳими бунёди давлати демократӣ меҳисобад.

Воқеан, демократикунонии ҷомеа раванди мавсимӣ нест ва демократияро дар як давраи муайяни кӯтоҳ ҷорӣ кардан ва фароҳам овардан ғайриимкон мебошад.

Ҳамзамон дар марҳилаи аз як сохт ба сохти дигар гузаштани ҷамъият ба миён омадани мушкилоту норасоиҳои зиёд ногузир аст. Тоҷикистон ҳоло дар саргаҳи роҳи рушди демократӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, ҷомеаро ба таври сунъӣ ба татбиқи пурраи механизмҳои демократия водор кардан мумкин нест.

Ҷомеаи Тоҷикистон ҳоло бояд имкониятҳои имрӯзаро воқеъбинона арзёбӣ намояд ва дар заминаи ризоияту ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиш ва таъмини амният тадриҷан пеш равад. Зеро ҳар як халқ ба фарҳанг ва анъанаву суннатҳои миллӣ такя намуда, бо роҳи хоси худ инкишоф меёбад.

Ҳамватанони азиз!

Имрӯз - замоне, ки истиқлолияти Тоҷикистон сол то сол таҳким меёбад, мо азми қавӣ дорем, ки бо бунёди иншоотҳои азими гидроэнергетикӣ, коммуникатсионӣ ва густариши ислоҳот дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт истиқлолияти энергетикиву озуқаворӣ ва рушди саноати миллиро таъмин намоем, кишварамонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшида, робитаи мустақими онро бо шоҳроҳҳои бузурги байналмилалӣ ва бандарҳои обии ҷаҳон ба роҳ монем.

Ҳамчунин идома додан ва вусъат бахшидани ислоҳот дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва такмили низоми идора кардани давлат, тарбияи кадрҳои баландихтисос, соҳибмаърифат ва дорои ҷаҳонбинии васеъ, ки тавонанд Тоҷикистонро ба сафи кишварҳои пешрафта ва мутамаддини олам ҷой диҳанд, аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо мебошанд.

Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама кӯмаку ғамхорӣ нисбат ба ветеранҳои ҷангу меҳнат, ятимону бепарасторон, маъюбону мӯҳтоҷон ва оилаҳои камбизоат минбаъд низ ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.

Имрӯз мо бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки дар солҳои истиқлолият ташаккули муносибатҳои нави иқтисодӣ ва татбиқи ислоҳоти бунёдӣ дар соҳаи иқтисодиёт ба рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат мусоидат намуданд. Дар натиҷаи амалӣ намудани тадбирҳои судманд аз соли 1997 на танҳо таназзули иқтисодиёт боздошта шуд, балки барои рушди муназзам ва устувори он заминаи боэътимод фароҳам омада, афзоиши тадриҷии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ таъмин гардид.

Ба шарофати сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба миён омад.

Рушди устувори иқтисодӣ ва баланд гардидани сатҳи даромади аҳолӣ ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории хурду миёна вобаста аст. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади дастгирии соҳибкории хурду миёна дар амал механизми пешниҳод кардани қарзҳои хурдро дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон татбиқ менамояд, ки ин тадбир бевосита соҳибкорӣ ва мардумро дар иқтисодиёт фаъол гардонида, дар ҳаллу фасли масъалаи шуғли аҳолӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мусоидат хоҳад кард.

Инкишофи бонизоми иқтисодиёти мамлакат ба мо имкон дод, ки дар ҳалли масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба пешрафти назаррас ноил гардем.

Дар муддати чор сол аз панҷ як ҳиссаи аҳолии кишварамон, яъне зиёда аз 1,2 миллион нафар аз доираи камбизоатӣ бароварда шуданд.
Чи тавре ки дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ баён доштам, дар натиҷаи татбиқи барномаҳои сармоягузориҳое, ки ба иқтисодиёти кишварамон, хусусан дар соҳаҳои энергетика, саноат ва кишоварзӣ ҷалб карда мешаванд, солҳои наздик ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ноил хоҳем гашт.

Дар оянда низ барои ба таври самарабахш татбиқ намудани Ҳуҷҷати стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ сиёсати иҷтимоӣ фаъол гардонида шуда, ба рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ афзалияти бештар дода мешавад.

Аз ин лиҳоз, ҳар сол маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ афзун мегардад. Танҳо соли ҷорӣ 46 фоизи ҳаҷми умумии буҷет ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда шудааст.

Аз ибтидои сол музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа, стипендия ба ҳисоби миёна ба андозаи 80 фоиз зиёд карда шуд. Музди меҳнати ҳадди ақал ва нафақа соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта 70 фоиз афзуд.

Илова ба ин, тибқи Барномаи сармоягузории давлатӣ барои солҳои 2005-2007-ум ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории хориҷӣ вазъи иҷтимоӣ дар мамлакат торафт беҳтар карда мешавад. Имрӯз захираи умумии сармоягузории амалкунандаи хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон азхуд карда мешавад, 1 миллиарду 400 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ҷалби инвеститсия ба соҳаҳои иҷтимоӣ хеле зиёд гардид. Дар ду соли охир танҳо ба соҳаи тандурустӣ зиёда аз 50 миллион сомонӣ ҷалб карда шуд. Дар соли 2004 дар кишварамон 109 муассисаи нави тандурустӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Дар соҳаи маориф, ки яке аз соҳаҳои афзалиятнок аст, тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд меояд. Мактабҳо фаъол мегарданд, сифати тарбияи муаллимон низ нисбат ба солҳои 90 ва ибтидои соли 2000-ум рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

Ҳамаи он пешрафтҳое, ки дар самти беҳбудии вазъи иҷтимоии аҳолӣ ноил гардидаем, ҳанӯз моро қаноатманд карда наметавонанд, зеро дар маҷмӯъ ҳоло сифати зиндагии мардуми кишварамон ба талаботи замон пурра ҷавобгӯ нест. Бо дарназардошти ин, ҳоло аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон таҳияи Стратегияи миллии тараққиёт, ки дар он ҳаллу фасли проблемаҳои мавҷудаи иқтисодиву иҷтимоии кишвар пурра пешбинӣ хоҳад шуд, идома дорад.

Дар айни замон вазифаи асосии мо аз суръатбахшии рушди устувори иқтисодиёти мамлакат иборат аст. Дар ин роҳ мо заминаи боэътимод гузоштаем ва умедворем, ки дар ояндаи наздик вазъи иҷтимоии аҳолии мамлакат хеле беҳтар хоҳад шуд.

Ҳаватанони азиз!

Тоҷикистон ҳоло дар оғози марҳилаи рушди устувор қарор дорад ва ин ба мо имкон медиҳад, ки нақшаҳои созандагиву бунёдкории худро барои даҳ-понздаҳ соли оянда тарҳрезӣ ва дар амал татбиқ намоем. Зеро ҳар коре, ки имрӯз ба анҷом мерасонем, ба хотири ободиву ояндаи неки Ватани азизи худ, ҳаёти осудаи наслҳои ояндаи кишварамон аст.

Бо дарназардошти тадбирҳои ба нақшагирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ояндаи наздик ба рушди давлатдории тоҷикон, ки асоси онро таҳкими демократия ва ваҳдати миллӣ ташкил медиҳад, заминаи бунёдӣ гузошта хоҳад шуд.

Манбаъ ва асосҳои бунёдии ваҳдати миллӣ ва таҳкими давлатдорӣ дар Тоҷикистон аз муттаҳидии халқ ва пойдории сулҳу субот, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварии мардум, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ, тақвият бахшидан ба мақоми давлат ҳамчун ҳомӣ ва кафили ҳифзи манфиатҳои халқ, афзоиши нерӯи иқтисодии кишвар ва нуфузу эътибори байналмилалии он иборатанд.

Барои он ки заминаҳои бунёдии зикршуда боз ҳам пойдору устувор гарданд, бояд иродаи мардум ва андешаи миллӣ ба ҳадафҳои пешгирифта мувофиқат намоянд, инчунин нерӯи зеҳнии ҷомеа ба манфиати Ватан фаъолият кунад.

Вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мо истиқлолияти давлатамонро мустаҳкам карда, насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудан аст. Онҳо бояд шахсони соҳибмаърифат, бофарҳанг, мутамаддин, эҷодкор, номбардори миллати қадима ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон гарданд.

Ҳамаи ин иқдомоти созанда ва нақшаву корҳои пешгирифтаро мо ба хотири истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ - ин неъмати бебаҳо ва гавҳари пурарзиши ҳастии халқамон анҷом хоҳем дод.

Даврони ободиву шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва зиндагии осудаи мардуми тоҷик оғоз ёфтааст ва рӯзҳои беҳтару хуштар ва саодату некбахтиҳо дар пеш қарор доранд.

Муҳимаш ин, ки мо барои зиндагии осудаю хушҳолонаи оянда заминаи устувор, азму иродаи созандагӣ, ваҳдати миллӣ ва фазои сулҳу осоиш ба вуҷуд оварда тавонистем.

Соли оянда мо 15-солагии истиқлолиятро дар ҳамбастагӣ бо ҷашнҳои Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб ва баргузории Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон таҷлил хоҳем кард. Истиқболи ҳамаи ин ҷашнҳои фараҳбахши миллӣ ба шарофат ва аз баракати истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз ба мо муяссар гардидааст.

Барои омодагӣ ба таҷлили ин санаҳои таърихӣ бояд ҳар фарди бонангу номус ва ҳар хонадони тоҷик аз ҳоло дар корҳои созандагиву ободонии манзилу диёри хеш саҳм гиранд.

Тоҷикон табиатан миллати фарҳангпарвару башардӯст, созандаву бунёдкор, заҳматпешаву ободгар буда, қудрату тавоноии ба рӯзгори осуда, зиндагии босаодат ва ояндаи неку хушбахтона расиданро доранд. Ба онҳо дар ин ҷода ҷаҳду кӯшишу талош, азму иродаи қавӣ, боварию эътимод ба ояндаи кишвари азизамон ва рӯзгори осудаи фарзандон илҳом мебахшад.

Тақдири Ватан ва ояндаи миллат имрӯз ба мову шумо вобаста аст. Таърих бори дигар рисолати сарнавиштсозию тақдирофариро ба мову шумо ато кардааст.

Бовар дорам, ки дар тӯли ин чордаҳ соли озодии иродаву ихтиёр ҳамаи фарзандони бонангу номуси миллат рисолату асолати ин санаи сарнавиштсозу фархундаро дарк намуда, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пуштибонии амнияти миллию давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ, таъмини рушди тадриҷии иқтисодиёт ва ҳадафҳои стратегии созандагӣ, тараққиёти бомароми Ватани азиз ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро аз муқаддастарину волотарин вазифаҳои худ медонанд.

Дар хотима ҳамаи шуморо - ҳамватанони азиз ба ифтихори ҷашни бузург ва муқаддаси миллӣ - истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бори дигар табрик мегӯям ба ҳар кадоми шумо саломативу хушбахтӣ ва сарбаландиву барори кор орзу менамоям.

Бигзор парчами истиқлолият асрҳои аср бар сари миллати куҳанбунёду номдор ва озодаи тоҷик парафшон бошад!

Бигзор рӯҳи поки аҷдоди сарбаланду озодидӯсти мо ва таърихи бисёрҳазорсолаи миллатамон истиқлолияти чордаҳсолаи моро пуштибон ва мададгор бошанд!

Бигзор сулҳи мо то абад поянда бошад ва сарчашмаи ифтихору сарбаландии наслҳои оянда гардад!

Ҳамду сано ба мардуми шариф, соҳибмаърифат, заҳматкаш, инсондӯст ва ватанпарвари тоҷик, ки истиқлолиятро ҳамчун гавҳари шоҳвори худ қадршиносӣ ва нигаҳбонӣ мекунанд!

Ҷашн муборак, ҳамватанони азиз!
Ташаккур!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520