Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Арманистон Ваагн Хачатурян

16.03.2022 19:27, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Ваагн Хачатурян барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Ваагн Гарникович,

Ба муносибати интихоб шуданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Арманистон ба Шумо табрику таҳнияти самимӣ ва таманниёти неки худро мерасонам.

 Тоҷикистон ва Арманистонро анъанаҳои деринаи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои созанда бо ҳам мепайванданд.

 Итминон дорам, ки муносибатҳо миёни кишварҳоямон минбаъд низ тавсеа ёфта, соҳаҳои нави ҳамкориро фаро хоҳанд гирифт. Омодаам дар ин ҷода якҷоя бо Шумо саъю талошҳои лозимаро ба харҷ диҳам. 

Бо истифода аз ин фурсат, ба Шумо, муҳтарам Ваагн Гарникович, сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолияти пурмасъулияти давлатӣ комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Арманистон сулҳ, шукуфоӣ ва некӯаҳволӣ орзу менамоям».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520