Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пардабардорӣ аз рӯйи Муҷассамаи Ҷалолиддини Балхӣ

21.03.2022 08:18, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Пардабардорӣ аз рӯйи Муҷассамаи Ҷалолиддини Балхӣ  21.03.2022

21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба вилояти Хатлон, дар шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гулгашт, муҷассама ва мақбараи яке аз бузургтарин суханварони машриқзамин - Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур дар ҳудуди Маҷмааи варзишии маркази шаҳраки Балх бунёд ёфта, корҳои созандагӣ дар ин ҷо соли 2018 оғоз гардида буд.

Муҷассамаи шоир ва адабиётшиноси маъруфи тоҷик 17 метр баландӣ дорад.

Зимни боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, қомат афрохтани пайкараи олим ва файласуфи оламшумули тоҷик Мавлоно Балхиро дар самти эҳтиром гузоштан ба хизматҳои шоён ва қадрдонии шахсиятҳои таърихии миллати тоҷик нек арзёбӣ намуданд.

Мавриди зикри хос аст, ки бузургтарин асари Ҷалолиддини Балхӣ “Маснавии маънавӣ” мебошад, ки ба навиштани он соли 1259 шурӯъ намуда, зиёда аз 10 сол ба эҷоди он машғул гаштааст. “Маснавии маънавӣ” аз шаш дафтар иборат буда, 25 ҳазору 632 байтро ташкил медиҳад, ки ҳама афкори ирфонию ахлоқӣ мебошад. Қисмати дуюми ашъори ӯро ғазалиёт ва рубоиёт ташкил медиҳанд, ки аз сад ҳазор байт иборатанд.

Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ аз бузургтарин чеҳраҳои миллати тоҷик аст, ки бо назарияи эъҷозу эҷодаш дар асри XIII ба адабиёти тоҷику форс такони бузург бахшидааст. Ҳамин аст, ки имрӯз ӯро ҷаҳониён дар тасаввуф ва ирфон муқаддам медонанд. Эҷодиёт ва осори ба меросгузоштаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ имрӯз тарбиятгари насли наврасу ҷавон буда, аз таълифоти муҳими адабиёти халқи тоҷик ба ҳисоб меравад.

Ҳудуди Маҷмааи варзишӣ ва гулгашти Ҷалолиддини Балхӣ дар масоҳати умумии 3,75 гектар кабудизору гулкорӣ шуда, ба макони зебои истироҳату фароғати бошандагони ноҳияи Балхӣ табдил ёфтааст. Дар ин ҷо беш аз 200 ҳазор гули лола, 60 ҳазор гули садбарг, зиёда аз 600 дарахти гуногуни ҳамешасабз ва ороишӣ, аз ҷумла, каштану навъҳои мухталифи арча шинонида шудааст, ки намои гулгаштро хеле зебо мегардонад.

Насби чароғакҳои гуногун ва фаввораҳо ба ҳусни гулгашт зебогии дигар зам кардааст, ки барои сайру гашти шабонгаҳ имконияти хуберо фароҳам меорад.

Аз он ки иншооти мазкур дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Бохтар-Балх-сарҳади Афғонистон ҷойгир аст, макони тамошобобе барои сайёҳону меҳмонони дохилу хориҷ гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити фароҳамовардаи истироҳату фароғат, ба масъулин ҷиҳати дастгирии сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда, анҷом додани корҳои созандагӣ ва гулистон намудани як ҷойи ноободро аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ хонданд.

Мардуми сарбаланди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дастуру ҳидоятҳои Пешвои муазазми худро сармашқи кори худ карда, ваъда доданд, ки минбаъд низ бо густариши корҳои ободонию созандагӣ саҳми худро дар пешрафти Ватани азизамон - Тоҷикистон хоҳанд гузошт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520