Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба муносибати 11-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

05.11.2005 14:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Солгарди ёздаҳуми Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро, ки муҳимтарин санаи таърихи навини миллати куҳанбунёди тоҷик ва бузургтарин дастоварди истиқлоли кишварамон аст, ба ҳамаи шумо табрик мегӯям.

Шашуми ноябри соли 1994 мардуми Тоҷикистон майлу иродаи худро доир ба қабули қонуни сарнавиштсоз ва муқаддаси миллӣ, санаде, ки асоси ҳастии ҷомеаро таъмин мекунад, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳад, бунёди устувори рушду такомули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоӣ муайян менамояд, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ изҳор доштанд.

Ин ҳуҷҷат аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст ва бинобар ин дар таърихи навини кишварамон рӯйдоди воқеан бузург ва тақдирсоз мебошад. Ин санади муқаддас истиқлолияти давлати тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи онро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи муосир муайян сохт.

Ва чунон ки имрӯз мебинем, дар давоми зиёда аз даҳ соли гузашта рукнҳои давлатдории навини мо хеле таҳким ва такмил ёфтанд ва барои торафт мустаҳкам гардидани истиқлолияти воқеии кишвар хизмат карда истодаанд.

Конститутсия шаҳодатномаи миллат, гувоҳномаи давлати соҳибистиқлол ва рисолаи тақдири кишвар буда, бо иродаи мардум Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон намуд ва дар марҳалаи ниҳоят ҳассоси таърихи мамлакат ба талошу даъвоҳои барои сохти давлатдорӣ хатарнок хотима бахшид.

Сониян, моҳият ва мӯҳтавои ин санад, ки аз тариқи раъйпурсии умумӣ қабул гардид, барои ҳамдигарфаҳмии мардум ва таъмини сулҳу суботи кишварамон асоси мустаҳкам гузошт.

Конститутсия ба сифати қонуни олии давлат масъалаҳои муҳимтарини сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии ҷомеа, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби таъсис, доираи салоҳият ва фаъолияти мақомоти давлатиро муайян менамояд.

Масъалаҳои зикршуда, ки асоси муносибатҳои бунёдии ҷомеаро ташкил медиҳанд, талаб мекунанд, ки ба меъёрҳои Конститутсия қувваи олии ҳуқуқӣ ва амали мустақим дода шавад.

Эътибори олии ҳуқуқӣ ва амали мустақими меъёрҳои Конститутсия заминаи муҳими таъмини қонунияти конститутсионӣ дар кишвар мебошад, зеро ин принсип тақозо менамояд, ки меъёрҳои қонунҳо ва дигар асноди ҳуқуқӣ дар асоси Конститутсия ва барои амалӣ шудани он қабул карда шаванд.
Чунин тартиб дар навбати худ имкон медиҳад, ки дар ҷомеа фазои ягонаи ҳуқуқӣ ба вуҷуд омада, ба пешрафти босуръати сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон шароити солим ва зарурӣ муҳайё карда шавад.

Илова бар ин, чунон ки дар сароғози ин санади мӯътабар зикр шудааст, Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳон роҳи ташкили ҷомеаи мутамаддини муосирро пеш гирифтааст ва дар ин роҳ қадамҳои устувор мегузорад.

Мазмуну мӯҳтавои Конститутсияи Тоҷикистон бар пояи андешаву усуле бино ёфтааст, ки онҳо маҳсули заҳмату хиради созандаи таърихи башар мебошанд.

Конститутсияи мо аз андешаи ҳокимияти мардум ба василаи мардум ва барои мардум, ки ҷавҳари асли соҳибихтиёрии халқ аст, сарчашма мегирад ва дар он асосҳои давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ, кафолати ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд, фаъолияти озоди иқтисодӣ, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешӣ, демократияи намояндагӣ бо истифода аз унсурҳои демократияи бевосита ҳамчун арзишҳои аз тарафи аҳли башар пазируфташуда, ки бунёди амалияи конститутсионии ҷаҳони муосирро ташкил мекунанд, сабт шудаанд.

Ин ҳама баёнгари хислату мазмуни демократии Конститутсия ва мавҷудияти низоми демократии сиёсиву иҷтимоӣ дар кишварамон мебошад ва ин амр моро водор месозад, ки онро ҳамчун муқаддасоти миллӣ эҳтиром ва риоя намоем.

Вобаста ба ин, мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо боз ба як хусусияти муҳими Конститутсияи мамлакат ҷалб намоям. Конститутсияи Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, дахлнопазирии ҳуқуқҳои фитрӣ, аз ҷумла ҳаёт, қадр ва номуси инсонро эълон менамояд ва давлатро масъул месозад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд.

Бо дарназардошти аҳамият ва мавқеи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Конститутсияи мо ба ин мавзӯъ боби махсус ва мустақил, ки пеш аз тамоми бобҳои танзимкунандаи сохти давлатӣ омадааст ва нисбат ба бобҳои дигар ҳаҷман васеътар мебошад, бахшида шудааст.

Асоси ин бахшро меъёрҳои эътирофшуда ва пазируфташудаи ҳуқуқи байналхалқӣ, ки аз Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар бармеоянд, ташкил медиҳад. Асноди мазкур бо пайравӣ аз суннату арзишҳои бузурги ахлоқӣ ва андешаи эҳтироми ҳуқуқи инсон талаб мекунанд, ки барои инкишофи озодонаи фард шароити зарурӣ таъмин карда шавад.

Моддаи 14 Конститутсияи Тоҷикистон бо тамоми ин ақидаю андеша ва меъёрҳо мутобиқат дорад, ки дар сархатҳои дуюм ва сеюми он гуфта мешавад: "Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.

Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад".

Конститутсия силсилаи мукаммали ҳуқуқу озодиҳои фардӣ, сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиро дарбар мегирад, ки ҳар яке аз онҳо ҳам ба талаботи меъёрҳои умумиқабулшудаи байналмилалӣ ва ҳам ба шароити воқеии кишвари мо ҷавобгӯ мебошанд.

Бо масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд принсипи муҳим ва бунёдии кафолати онҳо ба сифати низоми меъёрҳо, принсипҳо ва талабот, ки онҳо риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро дар маҷмӯъ таъмин мекунанд, робитаи узвӣ дорад.

Татбиқ ва таъсири низоми зикршуда ҳам бо сатҳи инкишофи принсипҳои ҳуқуқӣ ва фаъолияти аркони давлатӣ, авзои иқтисодӣ, фазои ахлоқии ҷомеа, сатҳи маданияти ҳуқуқӣ, тавсеаи доираи ризоияти иҷтимоӣ ва ҳам мавҷудияти унсурҳои муайян ҳангоми амалӣ шудани ҳокимияти давлатӣ вобаста мебошад.

Омилҳои зайл ҳамчун нишондиҳандаи мавҷудият ва амали унсурҳои номбаршуда эътироф мешаванд:

Якум, фаъолияти мустақили танзимкунанда ва созмондиҳандаи Конститутсия, ки амали он наметавонад худсарона боздошта шавад ва ё бо василаҳои ғайридемократӣ тағйир дода шавад.

Дуюм, эътирофи пурра ва амалии Конститутсия ба сифати манбаи асосии ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ ва танзими фаъолияти он.

Сеюм, эътироф ва татбиқи присипи таҷзияи ҳокимият ба сифати таъминкунандаи тавозуни миёни рукнҳои мухталифи ҳокимияти давлатӣ.

Чорум, мавҷудияти мақомоти босалоҳияти намояндагӣ, ки дар асоси низоми интихоботи умумӣ таъсис меёбанд.

Панҷум, густариш ва тақвияти феҳристи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар сатҳи Конститутсия.

Шашум, амали ҳокимияти судии мустақил бо таъсиси судҳои умумӣ ва махсуси босалоҳият.

Ва ҳафтум, мавҷудияти мақоми босалоҳият, боэътибор ва баландихтисоси назорати конститутсионӣ.

Ҳамаи омилҳо ва усулҳои номбаршуда дар маҷмӯъ бояд барои таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд хизмат кунанд, чунки бе кафолати воқеӣ ҳуқуқу озодиҳо ифодаи амалӣ пайдо карда наметавонанд.

Дар ин роҳ меъёрҳои Конститутсияи кишвар қадами ҷиддӣ ва омодасозандаи заминаи ҳуқуқии ин кафолатҳо мебошанд.

Эътирофи баробарии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва бо меъёрҳои ҳуқуқӣ устувор шудани онҳо зербинои демократия мебошад. Ин меъёрҳо бояд ба низоми ташаккулёбандаи конститутсионӣ мутобиқат дошта бошанд.

Дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистон, ки дар он ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ дар сатҳи зарурӣ қарор хоҳанд дошт, бояд мушаххасоти давлат ба назар гирифта шаванд. Зеро озодии инсон дар сурате оғоз меёбад, ки дар давлат қонунҳои қабулшуда эътибори амалӣ пайдо намоянд. Аз ин лиҳоз, маҳз давлати ҳуқуқбунёд зербинои асосии мавҷудияти ҳама гуна озодӣ мебошад.

Дар ҷомеаи шаҳрвандӣ меъёри асосии муайянкунандаи доира ва ҳудуди ҳар гуна озодӣ қонун аст. Аз ин ҷост, ки қонун омили асосии татбиқи принсипҳои озодӣ, адолат ва баробарӣ мебошад ва ҳар фард масъул аст, ки барои ба даст овардани ин арзишҳои олӣ танҳо дар доираи талаботи муайяннамудаи қонун рафтор намояд. Бинобар ин маҳз қонун ҳам меъёри маҳдудкунанда ва ҳам кафолати озодӣ аст.

Ҳодисаҳои маълуми ибтидои солҳои навадум, ки дар натиҷаи онҳо фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимият ва мақомоти идораи давлат, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фалаҷ шуда, дар ҷомеа бенизомӣ ва беқонунӣ ҳукмфармо гардида буд, моро ҳамеша хушдор медиҳанд, ки омӯзиш, эҳтиром ва риояи қонунро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем.

Зеро эҳтирому риояи Конститутсия ва қонунҳои кишвар, таъмини волоияти қонун, кафолат ва шарти аввалиндараҷаи суботу оромӣ, рушди иҷтимоӣ ва рӯзгори ободу осудаи ҳар як хонадон аст.

Конститутсия давлати моро ба сифати давлати иҷтимоӣ муайян намуда, онро барои фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи иҷтимоии ҳар фард масъул сохтааст.

Бунёд гузоштан ба иқтисоди пешрафта, тақвияти рӯзафзуни низоми таъминоти иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, маориф, илм, фарҳанг, эҳёи тамаддуни бостонии мардумамон ва ҳамоҳанг сохтани он бо арзишҳои умумибашарӣ татбиқи аввалин принсипҳои давлати иҷтимоӣ мебошад.

Маҳз бо татбиқи пайгиронаи Конститутсия, ки асосҳои ҳуқуқии рушду такомули фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи шаклҳои гуногуни моликиятро фароҳам овардааст, мо тавонистем пояҳои иқтисодеро, ки пешрафти минбаъдаи ҷомеаро кафолат медиҳад, бунёдгузорӣ намоем.

Оғози сохтмони шоҳроҳҳое, ки ҳамаи минтақаҳои кишварамонро ба ҳам пайванд мекунанд ва робитаи нақлиётии Тоҷикистонро бо кишварҳои дигар таъмин месозанд, сохтмони нерӯгоҳҳои бузурги барқи обӣ, ки қодиранд на танҳо эҳтиёҷи Тоҷикистон, балки минтақа ва хориҷ аз онро таъмин намоянд, ислоҳоти бунёдии соҳаи кишоварзӣ, ҷорӣ шудани шаклҳои наву муосири хоҷагидорӣ, тақвияти мавқеи соҳибкории хурду миёна, ба иқтисоди кишвар озодона ворид шудани сармояи хориҷӣ аз ҷумлаи дастовардҳои мардуми Тоҷикистон мебошанд, ки ҳама аз баракат ва ҳидояти Конститутсия ҳосил шудаанд.

Конститутсия дар сароғози худ ботантана халқ ва кишвари бостонии моро ҷузъи таркибӣ ва ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳон эълон намудааст. Баъди садсолаҳо мо имкони амалӣ пайдо намудем, ки субъекти мустақил, фаъол ва соҳибэҳтироми ҷомеаи бузурги байналмилалӣ гардем.

Ин дастоварди бузурги таърихӣ бо гузашти солҳо муҷассамтар мегардад. Меҳвари фаъолияти байналмилалии мо мутобиқи рӯҳ ва мазмуни Конститутсия таъмини манфиатҳои олии миллӣ, қабл аз ҳама ҳифзи боэътимоди истиқлол ва таъмини шароити мусоиди хориҷии пешрафти кишвари азизамон мебошад.

Ҳамзамон, густариш ва таҳкими равобит ва ҳамкории босамар, ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон самтҳои муҳими он мебошанд. Ва ҳамагон шоҳиданд, ки ин вазифаҳои бузург муваффақона амалӣ мешаванд.

Конститутсия давлати моро масъул сохтааст, ки сиёсати сулҳу дӯстиро амалан татбиқ намуда, истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром намояд ва муносибатҳои хориҷии худро дар асоси меъёрҳои аз тарафи умум қабулшудаи байналмилалӣ ба роҳ монад.

Тоҷикистон ба сифати узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳон бо дарки масъулияти таърихии худ ва гузоштани эҳтиром ба қолабҳо ва меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ дар сатҳи Конститутсияи давлати худ санадҳои ҳуқуқии байналхалқиеро, ки онҳоро эътироф мекунад, ҳамчун қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар эълон доштааст.
Аз ин ҷост, ки мо сиёсати хориҷии худро бо мақсади амалан татбиқ намудани ин меъёрҳои Конститутсия пеш мебарем ва дар ин замина мунтазам иқдомҳои дорои аҳамияти байналмилалиро анҷом медиҳем.

Бо ташаббуси Тоҷикистон эълон шудани даҳсолаи амалиёти "Об барои ҳаёт", тасвиби тақрибан ҳамаи конвенсияҳои байналмилалӣ дар бораи таъмини сулҳу амнияти байналхалқӣ, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, эътироф намудан ва амалан татбиқ кардани асноди мӯътабари байналмилалии танзимкунандаи ҳуқуқи инсон, риояи мораторий оид ба иҷрои ҳукми қатл, фаъолияти густурда дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Созмони Конфронси Исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории иқтисодии Аврупо ва Осиё, дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гувоҳи равшани мақоми созанда ва шоистаи кишвари мо дар ҷаҳони мураккабу ҳассоси оғози асри XXI мебошад.

Мо то имрӯз дар натиҷаи ҳамгироӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва институтҳои бонуфузи иқтисодиву молиявии байналмилалӣ хеле корҳои созандаро анҷом додем ва азми қатъӣ дорем, ки ин роҳро минбаъд низ идома диҳем. Ҳар як иқдоми мо ба хотири таҳкими сулҳу суботи минтақа ва ҷаҳон, густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, таҳкими дастовардҳои истиқлолияти давлатиамон ва ниҳоят ободиву шукуфоии Тоҷикистони азизамон равона шудаанд.
Дар назди мо ҳанӯз вазифа ва корҳои бузургу заҳматталаб зиёданд. Итминон дорам, ки бо дастгирии мардуми сарбаланду шарифи Тоҷикистон ва саъю талоши фарзандони бонангу номуси миллатамон мо онҳоро низ анҷом медиҳем ва он рӯз дур нест, ки зиндагии осудаву рӯзгори ободи халқамон таъмин мегардад. Роҳи моро ба сӯи ояндаи неку босаодат санади муқаддаси миллатамон - Конститутсия равшан месозад.

Шарти асосии шукуфоӣ ва пешрафти минбаъдаи кишвар, пайвастан бо ҷаҳони мутамаддин ва дар ҷомеаи башарӣ мақоми шоиста пайдо кардани миллати бостонии мо эҳтироми Конститутсия ва қонунҳо, таҳкими қонуният, садоқату вафодорӣ ба Ватани аҷдодӣ ва заҳмати содиқону софдилона ба хотири ободии он мебошад.

Шубҳае нест, ки мардуми сарбаланди мо бо дарки ин ҳақиқат дар таъмини волоияти қонун дар мамлакат ва рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлоламон саҳми арзанда мегузоранд.

Бори дигар ҳамаи шумо - ҳамватанони азизро ба муносибати ёздаҳумин солгарди Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки сароғози давлату давлатдории навини мо ва номаи бахти миллатамон мебошад, табрик гуфта, ба ҳар хонадон сулҳу оромӣ, хушбахтӣ ва ободӣ орзу менамоям.

Саломату сарбаланд бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520