Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ

30.05.2022 14:50, Эрон

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма!
Хонумҳо ва ҷанобон!

Қабл аз ҳама, мехоҳам бори дигар ба Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҷаноби Олӣ Сайид Иброҳим Раисӣ барои даъваташон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба ин сарзамини бостонӣ самимона изҳори сипос намоям.

Мавриди зикр аст, ки дар оғози соли равон мо 30-солагии барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ миёни кишварҳоямонро ҷашн гирифтем.

Тоҷикистон ва Эрон, тайи ин давра, ҷиҳати дарёфти роҳҳои нави таҳкиму тавсеаи муносибатҳои фарогир ва таъмини густариши самараноки онҳо мунтазам тадбирҳои амалӣ андешида, ба сатҳи баланди ҳамкориҳои созандаи худ расиданд.

Мулоқоту музокироти имрӯзаро мо идомаи талошҳои пайвастаи ду ҷониб дар ин ҷода, ҳамчунин ҷавобгӯи манфиатҳои волои мардумонамон арзёбӣ менамоем.

Ба ин манзур, дар доираи барномаи ин сафар мо дар фазои ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигар гуфтушунидҳои муфид баргузор намуда, масъалаҳои муҳими муносибатҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро баррасӣ намудем.

Бар ин боварем, ки бастаи санадҳои нави дар ҳошияи ин сафар ба имзорасида, ки соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, нақлиёт, энергетика ва дигар соҳаҳои мавриди манфиатҳои тарафайнро фаро мегиранд, барои тавсеаи робитаҳои ду кишвар дар арсаҳои гуногун хизмат хоҳанд кард.

Аз ҷумла, мутобиқ ба тавофуқоти қаблӣ, Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030, ҳамчунин, санадҳои дахлдор ҷиҳати таъсис додан ва фаъолияти Палатаи муштараки савдо ва саноати Тоҷикистону Эрон ва Шӯрои муштараки сармоягузорӣ имрӯз ба имзо расиданд. 

Итминон дорем, ки мувофиқаҳои дар ҷараёни музокирот ҳосилшуда ба ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиву башарӣ такони тоза хоҳанд бахшид.

Мо дар баробари таъкид ба арзишҳои муштараки таърихӣ ва тамаддунии мардумонамон изҳори боварӣ намудем, ки онҳо дар оянда низ ба рушди минбаъдаи равобити гуногунҷанбаи мо мусоидати ҳамаҷониба хоҳанд кард.

Тақвияти минбаъдаи муколамаи созандаи сиёсии гуногунсатҳи байни ду давлат, ки дар таҳкими фазои ҳусни тафоҳум ва эътимод нақши муҳим доранд, ба манфиати ду ҷониб созгор дониста шуд.

Густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ низ ҳамчун заминаи мусоиди ин раванд арзёбӣ гардид.

 Ба манзури густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, аз ҷумла такмили сохтори муомилоти тиҷоратии ду ҷониб талошҳои бештари ниҳодҳои соҳавӣ зарур дониста шуд.

Дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ бештар фаъол гардидани тамосу робитаҳои бахши хусусӣ ва соҳибкорони ду кишвар мувофиқи мақсад дониста мешавад.

Ҷониби Тоҷикистон баргузории намоишгоҳҳои молу маҳсулот ва ҳамоишҳои доираҳои соҳибкорӣ дар қаламрави ҳамдигарро дар роҳи дастрасӣ ба ин ҳадафҳо муассир ҳисобид.

 Ҳамзамон бо ин, эътироф гардид, ки роҳандозии ҳамкориҳои густурда байни минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва шаҳракҳои саноатии ду кишвар ба нафъи ҳарду ҷониб мебошад.

Нақши Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ дар раванди баррасӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Ба мақсади тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, афзоиши табодули мол ва тамосҳои башарӣ зарурати рушди зерсохтор ва пайвастани шабакаҳои нақлиётии ду кишвар мавриди таъкид қарор гирифт.

Ҷониби Тоҷикистон аз тадбирҳои муштарак барои бунёди роҳҳои заминӣ, ки ду кишварро бо ҳам мепайванданд, истиқбол менамояд.

Дар ин замина, мо алоқамандии худро барои баромадан ба бандарҳои обии Эрон, ҳамчунин истифодаи имконоти бандарҳои Чобаҳор ва Бандар-Аббос барои ҳамлу нақли молу маҳсулот иброз доштем.

Эътироф гардид, ки робитаҳо байни минтақаҳо ва вилоятҳои Тоҷикистону Эрон метавонанд аз соҳаҳои дигари ояндадор бошанд.

Бо таъкиди иқтидорҳои кофии мавҷуда дар соҳаи сайёҳӣ, мо ташаккули низоми мусоиди рафтуомад миёни ду кишварро барои рушди ҳамкориҳо дар ин ҷода мувофиқи мақсад медонем.

Ҳамин тартиб, тақвияти минбаъдаи заминаи ҳуқуқӣ ва қарордодӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо ҳамчун омили муҳимми тавсеаи муносиботи гуногунҷанбаи босамар арзёбӣ гардид.

Мо, бо дарназардошти вазъи ҳассоси имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон, манфиатдор будани худро барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи таъмини амният таъкид намудем.

Дар робита ба ин, ба вазъи ҷории Афғонистони ҳамсоя таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Тоҷикистон ҷонибдории худро аз ҳама гуна талошҳои сиёсиву дипломатӣ ва кумакҳои башарӣ, ки ба таъмини амният ва пешгирӣ аз фоҷеаи инсонӣ дар ин кишвари ҳамсоя равона шудаанд, иброз намуд.

 Мо тақвияти ҳамкориҳоро дар роҳи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва ҷиноятҳои киберӣ ба манфиати ду кишвар ва минтақа донистем.

Ҳозирини гиромӣ!

Мо қаноатмандии худро аз ҳолат ва раванди афзояндаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Эрон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳор кардем.

Ба мувофиқа расидем, ки ҳамкориҳои самарабахши худро дар ин қолабҳо идома хоҳем дод.

Дар интиҳо ба Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷаноби Олӣ Сайид Иброҳим Раисӣ, барои пазироии бародаронаашон ибрози сипос намуда, ба тамоми мардуми соҳибтамаддуни Эрони бостонӣ сулҳу субот ва пешрафту шукуфоӣ орзумандам.

Саломат бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520