Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузориши муфассал аз ҷараёни сафар ба Ҷумҳурии Туркия

16.03.2009 23:00, Туркия

Рӯзҳои 15 ва 16 – уми март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар Форуми панҷуми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Туркия қарор дошт.

Сафари Сарвари давлати Тоҷикистон ба ин давлат субҳи рӯзи 15 март аз пойтахти он - шаҳри Анқара оғоз ёфт.

Дар ин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Туркия иштирок ва суханронӣ намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати кормандони сафоратро бо ин рӯйдоди арзишманд табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки бо ифтитоҳи бинои нав ва муҳайё гаштани шароити хуби корӣ самараи фаъолияти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Туркия боз ҳам бештар мегардад.

Дар маросими ифтитоҳи сафорати Тоҷикистон ҳамчунин Вазири корҳои хориҷии Туркия Алӣ Бобоҷон, ҳайати расмии Тоҷикистон, корпуси дипломатии муҳими Анқара ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.

Вазири корҳои хориҷии Туркия Алӣ Бобоҷон зимни суханронии табрикии худ Тоҷикистонро кишвари дӯсту бародар ва дорои фарҳанги пурғановат арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки Туркия минбаъд низ муносибатҳои гуногуҷанбаи худро бо Тоҷикистон таҳкиму густариш хоҳад дод.

Хотиррасон бояд кард, ки моҳи январи соли 2006 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке рӯзҳои хеле сарду вақти боридани барф дар маросими гузоштани санги асоси бинои нави сафорати Тоҷикистон иштирок намуда буд.

Инак баъди се сол бинои нави сафорати Тоҷикистон дар яке аз мавзеъҳои беҳтарини шаҳри Анқара расман ба истифода супурда шуд.

Дар шаби пеш аз ифтитоҳи бинои нави сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Анқара боридани барф нишонаи файзу баракат оғози неки кор маънидод гардид.

Дар назди сафорат бо садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатии Тоҷикистон бардошта шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди бинои нави сафорат як навниҳоли ҳамешасабз шинонд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити корӣ дар толору утоқҳои барҳавои бинои нави сафорат аз наздик шинос шуд.

Бинои нави сафорат дар Туркия дорои дорои китобхона, гӯшаи кӯмакрасонӣ ба донишҷӯёни тоҷик, галереяи санъати тасвирии тоҷикон, намоишгоҳи лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон ва дигар шароитҳои зарурӣ аст.

Ин бино чун яке аз намунаҳои хуби биноҳо барои сафоратҳои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ арзёбӣ гардид.

Ҳангоми боздид аз намоишгоҳи китобҳо ба Сарвари давлати Тоҷикистон як китоби туркӣ тақдим карда шуд, ки дар он маълумот ва расму мусаввараҳои осори гаронарзиши таърихию фарҳангӣ инъикос ёфтаанд.

Дар ин китоб, аз ҷумла расми косаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва либоси пӯшидаи Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит – Имоми Аъзам, ки дар осорхонаи миллии шаҳри Истамбул маҳфуз будаанд, бо шарҳи муфассал ҷойгоҳи хос доранд.

Нимаи дуюми ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Анкара ба шаҳри Истамбул рафт.

Бегоҳии ҳамон рӯз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул мулоқот намуд.

Абдулло Гул ба Эмомалӣ Раҳмон барои қабули даъват ва ташриф овардан ба Туркия изҳори сипос намуд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар ва мавзӯъҳои Форуми 5-уми ҷаҳонии об баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Туркия дар масъалаҳои марбут ба рушди робитаҳои дуҷониба ва байналмилаливу минтақавӣ назари ба ҳам наздик доранд.

Сарони ду давлат аз сатҳи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки имкону захираҳои истифоданашуда барои боло бурдани нишондодҳои мушаххаси равобити судманд ҳанӯз хеле зиёданд.

Зикр гардид, ки ду соли охир пайиҳам мубодилаи мол миёни ду кишвар аз ним миллиард доллар мегузарад.

Боз ҳам фаъолтар намудани кори Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва татбиқи пурсамари санадҳои сершумори дуҷониба матлуб умурда шуд.
Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулло Гул ҳамчунин оид ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, илму фарҳанг ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Шоми рӯзи 16 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Речеп Тейип Эрдоган мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ оид ба тафсилоти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, рушди истеҳсолоти маҳсулоти тайёри саноатӣ ва дастгирии ҳамдигарӣ аз роҳҳои асосии коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ маънидод гардид.

Густариши ҳамкориҳо дар бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, нерӯгоҳҳои нави обӣ дар Тоҷикистон ва иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории минтақаи Осиёи Марказӣ аз самтҳои асосии ҳамкории иқтисодию инвеститсионии ду кишвар номида шуд.

Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Речеп Тейип Эрдоган ба иқдомоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳаллу фасли мушкилоти глобалии вобаста ба об баҳои баланд дода, аз ташрифи ӯ ба шаҳри Истанбул изҳори қадрдонӣ намуд.

Форуми 5 –уми умумиҷаҳонии об дар шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия субҳи рӯзи 16 – уми март ба кори худ шурӯъ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар он ба ҳайси роҳбари яке аз давлатҳои ташаббускори ҷаҳон дар ҳаллу фасли мушкилоти глобалии об иштирок ва суханронӣ намуда, масоили гармшавии иқлим, кам шудани ҳаҷми пиряхҳои азим ва истифодаи бенизому бебозгашти захираҳои обиро, ки дар обёрии заминҳои корам ба назар мерасад, аз мушкилоти асосии вобаста ба об дар минтақаи Осиёи Марказӣ арзёбӣ намуд.
Ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон, то 40 фоизи оби минтақа ҳангоми обёрӣ бебозгашт масраф мегардад.

Ба андешаи Сарвари давлати Тоҷикистон, сохтмони обанборҳо ва нерӯгоҳҳои обӣ ҳам баҳри истеҳсоли нерӯи барқ ва ҳам барои захирасозию истифодаи муназзами об ба манфиати кулли кишварҳои минтақа аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба нишондодҳои Стратегияи ҳамкории минтақавӣ доир ба истифодаи оқилона ва самарабахши захираҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ, ки дар доираи барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид – СПЕКА таҳия гардидааст, таъкид намуд, ки «захираи газ ва нафт дар минтақа барои 60-70 сол боқӣ мондааст» ва изҳори нигаронӣ кард, ки «агар мо аз ҳоло барои истифодаи фарогир ва самарабахши захираҳои гидроэнергетикии минтақа замина нагузорем, Осиёи Марказӣ дар оянда дучори мушкилоти ҷиддӣ хоҳад гашт».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки баҳри дастгирии кишварҳои эҳтиёҷманд «фондҳои дахлдори фавқулодда дар сохтори Созмони Милали Муттаҳид таъсис дода шаванд».

Сарвари давлати Тоҷикистон «Соли байналмилалии дипломатияи об» эълон намудани соли 2012 –ро барои таҳкими ҳамкорӣ ва эҷоди муносибатҳои нав миёни кишварҳои канори дарёҳо дар танзими масъалаҳои марбут ба об мусоидат маънидод кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи кишварҳо ва созмонҳои манфиатдорро ба иштироки фаъол дар омодасозии Форуми байналмилалии «Об – барои ҳаёт», ки соли оянда дар шаҳри Душанбе гузаронда мешавад ва ба натиҷагирӣ кардан аз панҷ соли аввали Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об – барои ҳаёт» даъват намуд.

Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки «ташаббусҳои Тоҷикистон дар бораи ихтисос додани қисми дуюми Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об – барои ҳаёт» ҷиҳати зиёд намудани кӯмак ба кишварҳои қафомонда ва рӯ ба инкишоф дар ҳалли проблемаҳои об ва инчунин ташкили Консорсиуми байналмилалӣ оид ба истифодаи оби кӯли Сарези Тоҷикистон барои таъмини кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оби тозаи нӯшокӣ дастгирӣ меёбанд».

Ташаббусу пешниҳодҳои обии Сарвари давлати Тоҷикистон дар Форуми 5 - уми умумиҷаҳонии об низ мавриди истиқболи наку ва дастгирии иштирокдорони он қарор мегиранд.

Хотиррасон бояд кард, ки форуми мазкур таҳти шиъори «Муттаҳидшавӣ ба хотири об» аз 16-ум то 22 март ҷараён мегирад ва дар он мавзӯъи «гармшавии иқлими сайёра ва таъсири он ба захираҳои обии ҷаҳон» баррасӣ мегардад.

Масоили тақсимоти об ва дурнамои истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ, ки барои Тоҷикистон низ аҳамияти ҳаётан муҳим доранд, дар маркази таваҷҷӯҳи иштирокдорони форум қарор мегиранд.

Бегоҳии рӯзи 16 – уми март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими муаррифии Гузориши ЮНЕСКО дар масъалаи об, ки дар чаҳорчӯби чорабиниҳои Форуми 5 –уми умумиҷаҳонии об баргузор гашт, иштирок намуд.

Ташкилкунандагони ин ҳамоиш, аз ҷумла Директории генералии ЮНЕСКО Коичиро Матсуура ва дигар шахсиятҳои воломақоми сатҳи байналмилалӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро чун яке аз ташаббускорони намоёни иқдомоти ҷаҳонии ҳаллу фасли масоили об истиқбол гирифта, андешаю пешниҳодҳои муфиди ӯро мавриди дастгирӣ қарор доданд.

Бояд таъкид намуд, ки сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Туркия ва иштироки ӯ дар мулоқотҳои навбатии Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, мулоқоти сеҷонибаи Сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон, чорабиниҳои Форуми 5 –уми умумиҷаҳонии об ва шиносоӣ бо фаъолияти як қатор минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо натиҷаҳои пурарзиш ба нафъи давлати Тоҷикистон ва миллати сарфарози тоҷик анҷом ёфтанд.

Шаби 16-ум ба 17-уми март Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафарҳои пурмаҳсул аз шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия ба Ватан омад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520