Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Белгия субҳи рӯзи 10 - уми феврал бо маросими истиқболи бошукӯҳ аз ҷониби Сарвазири он Херман ван Ромпей дар саҳни қасри таърихии Эгмонт оғоз ёфт.
Сарвазири Шоҳигарии Белгия Херман ван Ромпей Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо саф кашидани Горди ифтихорӣ, садо доданисурудҳои миллии ду кишвар дар иҷрои оркестри низомии шоҳаншоҳӣ ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб баргузор гашт.
Дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Белгия Херман ван Ромпей оид ба имкону захираҳои фаровони таҳким ва густариши ҳамкориҳои ду кишвар гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Бахш?ои коркарди алюминий, пахта, меваҷот ва масолеҳи полезӣ, истихроҷи маъданҳо ва сангҳои ?имматбаҳо, истеҳсоли маводи сохтмон, ва рушди туризм аз самтҳои судманди ҳамкории ояндаи ду кишвар маънидод гардид.
Ба таври мунтазам доир намудани форумҳои соҳибкорон ва тавсиаи робитаҳои судманди онҳо матлуб дониста шуд.
Ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни муассисаҳои илмии Тоҷикистону Белгия оид ба тадқиқоти гуногунсоҳа низ аз самтҳои афзали ҳамкорӣ маънидод гардид.
Баъди мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Шоҳигарии Белгия Херман ван Ромпей чанд санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расид:
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи иқтисодии Белгия - Люксембург оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Белгия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя;
Протокол миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар оид ба ҳамкорӣ;