Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Комиссияи Аврупо Жозе Мануел Бароззо

10.02.2009 18:30, Белгия

Сипас дар бинои Берлиамони шаҳри Брюсел Сарвари давлати Тоҷикистон ЭмомалӣРаҳмон бо Президенти Комиссияи Аврупо Жозе Мануел Бароззо мулоқот намуд.

Эмомалӣ Раҳмон Иттиҳоди Аврупоро яке аз шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон номида, таъкид дошт, ки соли гузашта гардиши мутақобилаи мол зиёда аз 880 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Ба гуфти ӯ 20 дар сади содироти Тоҷикистон маҳз ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо рост меояд.

Рушди соҳаҳои энергетика, аз ҷумла гидроэнергетика ва нақлиёту коммуникатсия аз афзалиятҳои асосии ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон маънидод гардид.

Баъди анҷоми мулоқот Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Комиссияи Аврупо Жозе Мануел Бароззо нишасти матбуотӣ ороста, зимни он дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро умедбахш маънидод карданд.

Жозе Мануел Бароззо нақши Тоҷикистонро дар таҳкими амнияту суботи минтақавӣ ва ҳамгироиро бо он муҳим арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки Иттиҳоди Аврупо барои паст кардани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва дастгирии иқтисодиёти Тоҷикистон 100 миллион евро ҷудо мекунад.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои мулоқот ва дурнамои ҳамгироиҳо бо Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ намуда, иттилоъ дод, ки моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе мулоқоти «тройкаи» Иттиҳод ва вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба баррасии масоили рушди ҳамкории минтақавӣ баргузор хоҳад гашт.

Хотиррасон мекунем, ки манзур аз мафҳуми русии «тройка» се кишвари Аврупо аст, яъне раиси гузашта, ҳозира ва ояндаи Иттиҳод. Раёсат дар Иттиҳоди Аврупо ҳар ним сол аз як давлат ба давлати дигари узви он мегузарад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520