Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Ҳиндустон Драупади Мурму

23.07.2022 11:12, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Драупади Мурму барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Хонуми Олиҷоҳ,

Ба муносибати интихоб гардиданатон ба мақоми олии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон сарфарозам ба Шумо табрикоти самимона ва таманниёти неки ин ҷонибро ирсол намоям.

Ҳиндустон дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хосса дорад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша алоқаманди рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба бо он дар ҳама арсаҳои мавриди манфиатҳои тарафайн мебошад.

Соли равон Тоҷикистон ва Ҳиндустон 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатиашонро ҷашн мегиранд. Боиси қаноатмандист, ки муносибатҳои байнидавлатии кишварҳои мо тӯли ин давра ба таври муассир густариш ёфта, тобишҳои ҷадиду созанда пайдо кардаанд.

Изҳори умед менамоям, ки Шумо ба ҳайси Президенти Ҳиндустон саъю талошҳои худро ҷиҳати пешбурди самарабахши ин раванд дареғ нахоҳед дошт.

Итминон дорам, ки мо бо кӯшишҳои муштарак ҳамёрии кишварҳоямонро мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон ба зинаҳои боз ҳам баланд хоҳем баровард.

Ба Шумо саломатии комилу саодатмандӣ ва дар иҷрои рисолати худ комёбиҳои рӯзафзун, ба мардуми дӯсти Ҳиндустон сулҳу субот ва рифоҳу шукуфоии бардавом орзу дорам».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520