Нимаи дуюми рӯзи 13 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри анҷом додани сафари корӣ ба Ҷумҳурии Эстония рафт.
Масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории ду кишвар зимни мулоқотҳои Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Эстония Томас Хендрик Илвес, Сарвазири ин кишвар Андрус Ансип ва Раиси Парлумон Энее Иргма мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ, истихроҷ ва коркарди металлҳои ранга ва сангҳои қиматбаҳо, бунёди коргоҳҳои заргарӣ ва истеҳсоли ҷавоҳироту ороишот, объектҳои гуногуни туристӣ ва ғайра аз самтҳои пурманфиати ҳамкорӣ барои ду кишвар маънидод гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Эстония Томас Хендрик Илвесро даъват намуд, ки Тоҷикистон ташриф биёрад.
Сарони ду давлат аз рӯйи натиҷаи мулоқотҳои дуҷониба як Эъломия оид багустариши муносибатҳо миёни Тоҷикистону Эстония ба имзо расонданд.
Самтҳои гуногуни ҳамкорӣ ва барқарор намудани робитаҳои мустақими миёни истеҳсолкунандагону тоҷирон дар ҷамъомади намояндагони доираҳои соҳибкории ду кишвар низ муҳокима карда шуд.
Шаби 13 - ум ба 14 - уми феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафарҳои бобарору пурмаҳсул аз шаҳри Таллин ба Ватан омад.