Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш

01.09.2022 20:40, шаҳри Душанбе

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерриш доир гардид.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо атрофи ҳолати кунунӣ ва ояндаи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид мубодилаи афкор анҷом доданд.

Дар ин зимн маҷмӯи масъалаҳои мубрами рушди устувор, таъмини сулҳу субот ва амнияти минтақавӣ баррасӣ гардид. Пешвои миллат омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати идомаи  ҳамкориҳои созанда бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои сохтории он дар самтҳои мазкур иброз доштанд.   

Ҳамчунин,  вазъи имрӯзаи Афғонистон,  масъалаҳои вобаста ба тақвияти сарҳадоти Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамҷавор ва идомаи расонидани кумакҳои башарӣ ба мардуми азияткашидаи Афғонистон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Дар хотимаи суҳбат Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба сиёсати мутавозин ва мавқеи оқилонаи Сарвари давлати мо ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳаллу фасли масъалаҳои рӯзмарраи минтақавӣ ва байналмилалӣ баҳои баланд доданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520