Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Сарвазири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Лиз Трасс

07.09.2022 16:10, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ муҳтарам Лиз Трасс барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Хонуми Олиҷоҳ,

Дар иртибот ба интихоб гардиданатон ба ҳайси Роҳбари Ҳизби консерваторон ва ба даст гирифтани зимоми умури Сарвазири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ба Шумо табрикоти самимии ин ҷонибро иброз менамоям.

Дар ибтидои соли равон кишварҳои мо 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатиашонро таҷлил намуданд.

Тайи ин давра мо ба таҳкими равобити дӯстӣ ва ҳамкориҳо бо кишвари Шумо аҳаммияти хосса зоҳир намуда, ҳамеша алоқаманди рушди минбаъдаи онҳо дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем.

Изҳори умед менамоем, ки дар давраи фаъолияти Шумо дар ин маснади олӣ муносиботи ҳамкориҳои барои ҳарду ҷониб судманд ба марҳилаи ҷадиди тавсеаи худ ворид шуда, бо мазмуну мундариҷаи нав ғанӣ хоҳанд гашт.

Ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки ҷиҳати пешбурди самарабахши ин раванд дар сатҳҳои мухталиф саъйю талошҳои муштарак ба харҷ диҳад.

Ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ, сиҳатмандии комил, бахту иқбол ва дар фаъолияти минбаъдаатон пирӯзиҳои навин, ба мардуми дӯсти Шоҳигарии Муттаҳида рифоҳу шукуфоии беш аз пеш орзу менамоям.

Ин фурсатро ҷиҳати таҷдиди ғояти эҳтиром ба Шумо ғанимат мешуморам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520