Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Мактаби ба номи Мирзо Турсунзода” дар шаҳри Турсунзода

03.10.2022 08:30, шаҳри Турсунзода
Ифтитоҳи Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Мактаби ба номи Мирзо Турсунзода” дар шаҳри Турсунзода  03.10.2022

3 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.

Боздиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бинои Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Мактаби ба номи Мирзо Турсунзода” оғоз гардид.

Президенти мамлакат иншооти навро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити таълимӣ дар он шинос шуданд.

Муассисаи таълимӣ дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Аҳрор Солиев бунёд гардидааст.

Бинои мактаб аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 16 синфхона бо 400 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои корӣ мебошад. 

Акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нави соҳаи маориф 48 нафар соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб шуданд, ки аз ин 25 нафарашон омӯзгорони ботаҷриба мебошанд.

Дар ошёнаи якуми бинои мактаб синфхонаи компютерӣ, маҳфили эҷодӣ ва 2 синфхонаи таълимӣ ҷойгир буда, 6 синфхонаи дигар дар ошёнаи дуюм мавҷуд аст. Китобхона ва синфхонаи шоҳмот дар ошёнаи сеюм ҷойгир мебошад.

Аз рӯи лоиҳа дар таҳхонаи бино ошхона барои 80 нафар, толори варзиш, бунгоҳи тиббӣ ва ҳуҷраи омӯзгорон сохта шуда, барои алоқамандони варзиш тенниси рӯйи миз гузошта шудааст.

Таҳсил дар муассисаи навбунёд бо забони тоҷикӣ ва русиву англисӣ ба роҳ монда шудааст. Илова бар ин, дар доираи эълон шудани солҳои 2020-2040-“Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.

Дар ҳудуди мактаб майдончаи бозии футбол бунёд гардида, барои ҷалби наврасону ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ шароити мусоид фароҳам мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520