Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

05.10.2022 12:20, шаҳри Душанбе

Имрӯз сӯҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко баргузор гардид. 

Президенти Ҷумҳурии Беларус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати зодрузаш самимона табрик гуфта, ба ӯ тамманиёти неки худро иброз доштанд.

Дар рафти суҳбат Александр Лукашенко саҳми бузурги Президенти Тоҷикистонро дар истиқрори сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвар, таъмини рушди устувори Тоҷикистон ва таҳкими мақому эътибори он дар арсаи байналмилалӣ таъкид карданд.

Сарони давлатҳо зимни таъкиди аҳаммияти идомаи муколамаи байнидавлатии Тоҷикистону Беларус барои пешбурди минбаъдаи тамоми маҷмӯи робитаҳои ду кишвар дар доираи шарикии стратегӣ, ҷадвали мулоқотҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи дарпешистодаро дар сатҳи олӣ муҳокима намуданд. Президентҳои Тоҷикистон ва Беларус ҳамчунин оид ба масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор анҷом доданд.  

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520