Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

05.10.2022 12:45, шаҳри Душанбе

Имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Президенти Узбекистон Сарвари давлати моро ба муносибати санаи хотирмони зодрӯзашон самимона ва гарм муборакбод гуфта, ба ӯ саломатии бардавом ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиашон комёбиҳо ба нафъи мардуми Тоҷикистон орзу намуданд.

Дар ин зимн Шавкат Мирзиёев ба хизматҳои шоёни Президенти Тоҷикистон дар комёб шудани кишвари мо ба дастоварҳои бузург дар роҳи рушди ҳамаҷониба ва таҳкими мақоми арзандаи он дар арсаи байналмилалӣ баҳои баланд доданд.

Дар рафти суҳбат оид ба доираи васеи масъалаҳои ҳамкории  Тоҷикистон ва Узбекистон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Вобаста ба ин аз натиҷаҳои мусбати овони ахир дар рушди муносибатҳои шарикӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистон бадастомада изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дар рафти суҳбат  сарони ду давлат ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи мубрами рӯзномаи байналмилаливу минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд. 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520