Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

14.10.2022 21:30, Қазоқистон
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев  14.10.2022

14 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия” бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.

Дар рафти вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили ҳамкорӣ дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои мусбати рушди муносибатҳои шарикӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистон бадастомада изҳори қаноатмандӣ карда, дидору мулоқоти имрӯзаро имкони мувофиқ барои баррасии ҳолат ва дурнамои робитаҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамҷаворӣ муҳим маънидод намуданд.

Сарони кишварҳо зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои афзалиятнок ва барои ҷонибҳо судовар баррасӣ намуда, татбиқи пурраи созишномаҳои қаблан қабулгардидаро ҳадафи аввалиндараҷа арзёбӣ карданд.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520