Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ

28.10.2022 12:50, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Дар иртибот ба ҳамлаи золимона ба ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғ дар Шероз, ки муҷиби ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани мардуми осоишта гардид, ба Шумо ва аҳли наздикону пайвандони фавтидагон таслият ва ҳамдардии амиқи худро иброз намуда, сабри ҷамил мехоҳам.

Мо ин амали террористиро қотеона маҳкум намуда, зарурати тақвияти пайвастаи муборизаи муштараки беамонро бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ таъкид менамоем.

Аз даргоҳи Худованд барои ҷонбохтагон раҳмату мағфират ва ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520