Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Ҷумҳурии Корея Юн Сок Ёл

30.10.2022 11:22, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Корея Юн Сок Ёл барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

Ҷаноби Олӣ,

Хабари фоҷеабори ҷон бохтан ва осеб дидани шумораи зиёди мардум бар асари сар задани издиҳоми шадид дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Сеул боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Дар робита ба ин мусибати гарон ба Шумо, мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея ва  пайвандону наздикони фавтидагон таъзияву таслияти самимии ин ҷонибро иброз менамоем ва ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонем.  

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520