Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва

31.10.2022 19:49

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

Ҷаноби Олӣ,

Лутфан табрикоти самимии ин ҷонибро ба муносибати интихоб гардиданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия бипазиред.

Ба Шумо сиҳатмандии комилу дар иҷрои ваколатҳои сермасъулатон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Бразилия сулҳу субот ва рифоҳу шукуфоии рӯзафзун орзумандам.

Тоҷикистон алоқаманди таҳкиму тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо кишвари Шумо дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошад.

 Дар ин замина омодагии ин ҷонибро ҷиҳати ба харҷ додани саъю талошҳои муштарак баҳри пешбурди самарабахши онҳо изҳор менамоям.

Итминон дорам, ки робитаҳои созандаи миёни кишварҳои мо мутобиқ ба манфиатҳои аслии ҳар ду ҷониб дар оянда низ идома ёфта, рушд хоҳанд намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520