Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими ифтитоҳи шифохонаи марказии Гвардияи Миллӣ

25.11.2008 11:00, ноҳияи Рӯдакӣ

Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду иншооти муҳими тиббӣ расман ба истифода супурда шуд. Яке шифохонаи марказии Гвардияи Миллӣ ва дуюм бинои асосии Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аст, ки пас аз барқарорсозии баъдисӯхторӣ дубора мавриди истифода қарор гирифт.

Субҳи барвақт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба шифохонаи марказии Гвардияи Миллии Тоҷикистон, ки дар мавзеи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ қарор дорад, ташриф овард.

Бо буридани лентаи рамзӣ шифохонаи марказии Гвардияи Миллии Тоҷикистон расман мавриди истифода қарор гирифт.

Зимни шиносоӣ бо шароити табобатӣ ва будубоши беморон дар ин шифохона зикр гардид, ки ин биноҳо аз солҳои 90-уми асри гузашта ин ҷониб дар ҳолати ногувору валангорӣ қарор доштанд. Аз ин хотир соли 2007 – ум он бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мувозинаи Гвардияи Миллии Тоҷикистон гузаронда шуд ва дар зарфи як соли охир бо харҷи 1 миллиону 730 ҳазор сомонӣ маблағи аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудогашта аз нав ободу зебо ва муҷаҳҳаз карда шуд. Дар баробари ин ба маблағи 250 ҳазор доллари амрикоӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин техникаю таҷҳизоти навтарини муоинаю муолиҷаи бемориҳои гуногун ворид карда шудааст. Таҷҳизоти аз ҳама гаронарзиши воридшуда барои ташхиси бемориҳои гуногуни дарунӣ, амалиётҳои ҷарроҳӣ ва физиотерапия пешбинӣ шудаанд, ки барои сарбозону афсарони Гвардияи Миллии Тоҷикистон ва мардуми деҳоти атроф тӯҳфаи бебаҳо аст.

Айни ҳол шифохона аз 9 шӯъбаи табобатӣ, аз ҷумла шӯъбаҳои ҷарроҳӣ, эҳёгарӣ, дандонпизишкӣ, физиотерапия, бемориҳои дарунӣ, асаб, сироятӣ, пӯст ва ғайра иборат аст, ки ҳамаи он бо таҷҳизоти хушсифати ҳозиразамон таъмин гаштаанд.

Ба гуфти мутахассисон бо чунин таҷҳизот ва шароити табобатӣ ин шифохона метавонад ба яке аз беҳтарин марказҳои тиббии ҷумҳурӣ табдил ёбад.
Шифохона дорои 120 кати хоб аст ва дар он 111 нафар табибону дигар кормандони тиб бо ҷойи кор таъмин мешаванд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба ин шифохона як автобуси мусофирбар ва се мошини ёрии таъҷилии тиббӣ тӯҳфа намуд ва бо ин шумораи мошинҳои ёрии таъҷилии он ба 6 адад расид.

Зимни сӯҳбат бо кормандону табибон ва беморон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Гвардияи Миллии Тоҷикистон дастур дод, ки ба масоили гармидиҳии биноҳо дар мавсими сармо ва таъминоти ҳамаҷонибаи шифохона таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намоянд.

Мардуми ҷамоати Чоряккорон низ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро бо меҳру муҳаббати беандоза ва шукргузорӣ аз сиёсати бунёдкоронаю раъиятпарвариаш самимона истиқбол гирифтанд.

Шодию нишоти мардуми атроф ҳамчунин аз он аст, ки имрӯз дар ҷойи собиқ беморхонаи валангори минтақавӣ як шифохонаи ободу зебо ва муҷаҳҳазу мукаммали низомӣ бунёд ёфтааст ва он тибқи супориш ва дастгириҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хизматрасонии тиббии аҳолии бистуякҳазорнафараи ҷамоати Чоряккорон ва қисман ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Рӯдакиро низ бар дӯш мегирад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520