Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Бонки ҷаҳонӣ Дэвид Малпас

08.11.2022 17:39, Миср
Мулоқот бо Президенти Бонки ҷаҳонӣ Дэвид Малпас   08.11.2022

8 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Президенти Бонки ҷаҳонӣ Дэвид Малпас мулоқот карданд.

Дар рафти вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи шарикии миёни Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ ва нақши муассири ин ниҳоди бонуфузи молиявӣ дар татбиқи лоиҳаву барномаҳои рушди соҳаҳои муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвари мо хусусан кӯмакҳои ба кишвар дар давраи пандемияи коронавирус ва рафъи пайомадҳои он изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ дар самти коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории рушди инфрасохтор, аз байн бурдани маҳдудиятҳои содиротиву воридотӣ ва транзити молу маҳсулот, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша карданд.

Дар охири мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз  Президенти Бонки ҷаҳонӣ барои анҷом додани сафар ба Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520