Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф

15.12.2022 08:40, Покистон
Мулоқот бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф  15.12.2022

15 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исломобод бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф мулоқот намуданд.

Дар мулоқот доир ба маҷмӯи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Покистон дар соҳаҳои амнияту мудофиа табодули афкори судманд анҷом дода шуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон нақши Покистонро дар ҳалли мушкилоти таъмини сулҳу субот ва мубориза бо хатару таҳдидҳои муосир муҳим арзёбӣ карда, ба ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаҳои амнияту мудофиа таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.

Ҷонибҳо зимни суҳбат муҳимияти таҳкими ҳамкориҳои амниятии ду кишварро, ки асоси онро мубориза бо зуҳуроти терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳу маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ташкил медиҳад, таъкид намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили муҳими марбут ба вазъияти сиёсию низомӣ ва иҷтимоӣ дар Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520