Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

23.12.2022 07:56, шаҳри Душанбе

Имрӯз Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерреш ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Мехоҳам Шуморо ба муносибати бо муваффақият қабул шудани Қатъномаи А/77/443, таҳти унвони “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки бо ташаббуси ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳаммуаллифии 153 кишвари ҷаҳон пешбарӣ шудааст, табрик намоям.

Ин тасдиқи муҳими эътимоди кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ба кишвари Шумо ҳамчун пешбарандаи мавзӯи ҳифзи пиряхҳо дар саросари ҷаҳон ва ҳомии нишон додани равобит миёни оби тоза, кӯҳҳо ва тағйирёбии иқлим, дар роҳи татбиқи ҳадафҳои баҳампайвасти Рӯзномаи рушди устувор 2030 мебошад.

Ман итминон дорам, ки кишварҳои узви СММ ваколатҳои навро ҷиҳати пешбурди минбаъдаи тадбирҳои муштараки мо дар масоили об, кӯҳҳо ва тағйирёбии иқлим, аз ҷумла тавассути Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо - 2025 ва Рӯзи байналмилалии пиряхҳо - 21 март, ба таври шоиста истифода хоҳанд кард.

Бори дигар мехоҳам миннатдории худро барои саъю кӯшиши Шумо дар ин ҷодаи муҳим баён намоям.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, изҳори эҳтироми олии маро бипазиред».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520