Дар вохӯрӣ бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаю барномаҳои гуногуни он баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи ҳамкориҳо бо Созмони Милали Муттаҳид баҳои баланд дода, ба он баҳри дастгирии Тоҷикистон дар бартараф кардани оқибатҳои зимистони вазнини гузашта арзи сипос намуд.
Гуфтугӯйи судманд оид ба дастгирии лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа аз ҷумла баҳри сохтмони нерӯгоҳҳои хурду миёнаи обӣ сурат гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббуси Тоҷикистон оид ба Конфронси байналмилалӣ баҳри натиҷагирӣ аз татбиқи нимаи якуми Даҳсолаи байналмилалии тадбирҳои «Об барои ҳаёт», ки бояд соли 2010 дар шаҳри Душанбе гузаронда шавад, ёдовар шуда, Пан Ги Мунро даъват намуд, ки дар он иштирок намояд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор дошт, ки Тоҷикистон омода аст, Маркази муштараки ЭСКАТО ва ЕЭК-и Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили иқтисодӣ дар Осиёи Марказиро дар ҳудуди худ ҷойгир кунад.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистон ва афзоиши хатари терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гуфтугӯ сурат гирифт.