Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари ширкати «Тетис-Петролиум» Девид Робсон

26.09.2008 21:30, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Дар мулоқоти бо Роҳбари ширкати «Тетис-Петролиум» Девид Робсон масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкати бонуфузи амрикоӣ дар соҳаи истихроҷи нафту газ баррасӣ шуд.

Девид Робсон ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи рафти корҳои омӯзишию ҷустуҷӯйӣ дар конҳои газу нафти Комсомол ва минтақаҳои Балҷувону Кӯлоб ахбор дода, бо боварӣ изҳор дошт, ки то охири соли равон аз кони Комсомол бояд истихроҷ оғоз ёбад ва гази он ба таъминоти шаҳри Душанбе равона гардад. Ба гуфти ӯ баҳри вусъат додани корҳо дар ҳамаи минтақаҳои номбурда воридшавии техникаю таҷҳизоти зарурӣ идома дорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти зарурати ҳаётан муҳими ин навъи сӯзишворӣ барои иқтисодиёт ва аҳолии Тоҷикистон роҳбари ширкати амрикоии «Тетис-Петролиум»-ро ба баланд бардоштани суръат ва сифати корҳо ҳидоят намуд.

Зимни сӯҳбат дурнамои фаъолияти ин ширкат дар Тоҷикистон басо умедбахш арзёбӣ гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520