Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Котиби генералии Ҷомеаи иқтисодии Евразия Таир Мансуров

17.09.2008 14:50, ноҳияи Варзоб

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми сеюми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои аъзои ИДМ Котиби генералии Ҷомеаи иқтисодии Евразия Таир Мансуровро ба ҳузур пазируфт.

Зимни сӯҳбат Таир Мансуров ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки айни ҳол Раиси Шӯрои байнидавлатии Ҷомеаи иқтисодии Евразия мебошад, оид ба рафти иҷрои санадҳои ҳамкории дар чаҳорчӯби ин созмони бонуфузи иқтисодӣ имзошуда ва омодагӣ ба ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои он гузориш дод.

Таъкид гардид, ки саммити гузаштаи Ҷомеаи иқтисодии Евразия, ки моҳи октябри соли 2007 дар шаҳри Душанбе баргузор гашта буд, баҳри рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ нақши намоён гузошт ва изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд низ баҳри баланд бардоштани обурӯю нуфузи ин созмон корҳои муфид ба сомон мерасанд.

Хотиррасон мекунем, ки мулоқоти навбатии сарони давлатҳои аъзои Ҷомеаи иқтисодии Евразия моҳи октябри соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон – шаҳри Бишкек баргузор мегардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520