Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар назди устодон ва шогирдон ба муносибати таҷлили ҷашни 15-солагии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

09.09.2008 12:00, шаҳри Хуҷанд

Устодон ва донишҷӯёни азиз!
Ҳозирини гиромиқадр!

Ба таҷлили санаҳои мубораки умумимиллӣ - 17-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1150-солагии Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Соли бузургдошти забони тоҷикӣ иттифоқ афтодани ҷашни 15-солагии таъсиси Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон рамзи хуҷаставу неке мебошад, ки барои шумо, устодону донишҷӯёни саодатманд насиб гардидааст.

Ҳамагӣ се сол қабл дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ширкат варзида будам, ки бо усули муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи рӯз бунёд гардида, аллакай дар ин муддат шогирдони зиёде аз ин боргоҳи маърифат ба сӯи уфуқҳои гуногуни маориф ва соҳаҳои дигар раҳсипор гардиданд.

Пас аз як соли дигар бошад, дар ҳамин ҷо маросими ба истифода супоридани бинои истиқоматӣ барои 52 нафар устодони донишгоҳ ҷараён гирифт, ки дар он низ иштирок карда будам.

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳарчанд ҷавон аст ва акнун фосилаи 15 соли фаъолиятро паси сар менамояд, мо метавонем мавҷудияти ин боргоҳи маърифатро ҳам ҳосилу самараи неки соҳибистиқлолии кишвар маънидод намоем.

Зеро ин махзани маърифат баробар бо марҳалаи нави таърихии мамлакат - Истиқлолияти давлатӣ ба фаъолият оғоз намуда, ҳастии он бо дарназардошти ниёзҳои ҷомеаи навин ва талаботи кунунии таҳсилоти олӣ пайрезӣ шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ислоҳ ва тақвият бахшидани соҳаи маориф низоми кредитии таҳсилро интихоб кардааст, ки ин самти фаъолият ниёзҳои кунунии тарбияи мутахассисонро вобаста ба талаботи бозори ҷаҳонӣ қаноатманд мегардонад.

Бо ин мақсад, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар самти ислоҳоти низоми таҳсилоти олии касбӣ, пеш аз ҳама, ба гузаштан ба ҳамин усули таҳсил нигаронида шудааст. Зеро мақсади сиёсати давлат дар соҳаи маориф баланд бардоштани сифати таълим, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир, воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳон мебошад.

Амалӣ гардидани ин сиёсат ислоҳоти куллии соҳаи маориф, аз ҷумла ҳамоҳангсозии низоми миллии таҳсилотро ба стандартҳои ҷаҳонӣ тавассути гузариш ба низоми бисёрзинагии таҳсилот ва технологияи кредитии таълим тақозо мекунад.

Бо мақсади иҷрои муваффақонаи ин барномаи ислоҳотӣ қарори махсуси Ҳукумати Тоҷикистон низ қабул гардидааст, ки татбиқи ин санади муҳими давлатӣ раванди гузариш ба низоми нави таҳсилро суръат мебахшад.

То имрӯз дар ҳайати донишгоҳ ҳамагӣ 5 бинои таълимӣ мавҷуд буд, ки барои густариш ёфтани фаъолияти чунин як донишгоҳи замонавӣ имкони васеъ намедод.

Бо ҳамин мақсад Ҳукумати мамлакат лозим донист бинои нотамомеро, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон тааллуқ дошт, ба ихтиёри Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат гузорад, то он бо дастҷамъиву иттифоқ дар фосилаи кӯтоҳ бунёд гардида, шароити таълиму таҳсил дар донишгоҳ боз ҳам беҳтар шавад.

Дар ҳудуди бинои мазкур 100 синфхонаи бузургҳаҷм, 24 синфхонаи хурд барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ, инчунин 1 толори маҷлисгоҳ бунёд хоҳад гардид.

Илова бар ин, дар ҳудуди бино як ошхона, ду нуқтаи фурӯш, як толори варзишии муҷаҳҳаз бо ҳамаи воситаҳо сохта мешаванд, ки ҳамаи онҳо ба таъмини фароғату истироҳат ва беҳдошти вазъи иҷтимоии устодону донишҷӯён мусоидат хоҳанд кард.

Анҷоми сохтмони ин бино имкон медиҳад, ки боз беш аз 3000 нафар муҳассилини донишгоҳ бо шароити хуби таҳсилот таъмин гардида, бо ин амали хайр дар тарбияи мутахассисони ҷавобгӯи талаботи муосир заминаи мувофиқе гузошта шавад.

Дар яке аз сафарҳои худ ба шаҳри Хуҷанд ман бо дарназардошти ниёзмандии донишҷӯён, алалхусус духтарони ноҳияҳои дурдаст, оид ба сохтмони хобгоҳ барои онҳо дастур дода будам.

Инак, дар рӯзи ҷашни Донишгоҳ ва арафаи соли нави таҳсил ин хобгоҳ барои сесад ҷой ба истифода дода мешавад, ки ин рӯйдодро низ ба шумо шодбош мегӯям.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар замони соҳибистиқлолӣ тамоми таҳаввулот ва пешравиҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мо бояд дар заминаи андешаи миллӣ ҳамчун асоси зиндагии маънавию ахлоқии ҷомеа сурат гиранд.

Қобили зикр аст, ки андешаи миллӣ натанҳо фаъолияти давлат ва сохтору мақомоти давлатиро роҳнамоӣ мекунад, балки самтҳои асосии фаъолияти шаҳрвандонро муайян карда, онҳоро ба амалӣ гардонидани мақсадҳои наҷибу бунёдкоронае ҳидоят менамояд, ки тақдири ояндаи халқу Ватан аз ҳаллу фасли онҳо вобаста мебошад.

Аз ин рӯ, омӯзиши амиқи андешаи миллӣ дар ҳамбастагӣ бо арзишу дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва донистани мазмуну моҳияти он вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванд, наврасон ва ҷавонон, алалхусус донишҷӯён мебошад.

Чунки андешаи миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ омилҳои муҳиме мебошанд, ки дар ҳифзи ягонагии миллат ва якпорчагии мамлакат, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, инчунин густариш пайдо кардани худогоҳиву худшиносӣ дар ҷомеа нақши муайянкунанда мебозанд.

Тавре ки борҳо таъкид намудаам, андешаи миллӣ ҳамчун зуҳуроти маънавӣ ҷавҳари ҳастии миллатро ифода сохта, дар заминаи дарки манфиатҳои миллӣ ташаккул меёбад ва вазифаҳои сарнавиштсози онро дар масири таърих муқаррар менамояд.

Мазмун ва моҳияти андешаи миллӣ, ки дар фарҳанг ва маънавиёти миллат зоҳир мегардад, бо мурури замон ва бо тақозои ҳар як давраи таърихӣ тағйир ёфта, дар назди миллат вазифаҳои нав ба нав мегузорад.

Дар тӯли мавҷудияти худ андешаи миллии тоҷикон аз санҷишҳои сангини таърих гузашта, баъди соҳибистиқлол шудани кишварамон аз нав эҳё гардид, мазмун ва моҳияти нав гирифт ва ба омили муҳими худшиносиву худогоҳии миллӣ мубаддал гардид.

Дар шароити кунунӣ мазмуну мундариҷаи андешаи миллӣ пеш аз ҳама аз сидқан дӯст доштани Ватан, гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, таҳкими давлати миллӣ, меҳнати бунёдкорона ба нафъи ҷомеа ва дар ин асос таъмин намудани зиндагии арзанда барои тамоми шаҳрвандон, фароҳам овардани шароити мусоид барои амалӣ гаштани имконият ва истеъдоди зеҳнию ҷисмонии ҳар як фарди Тоҷикистон иборат аст.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, пешниҳод менамоям, ки Вазорати маориф якҷоя бо Академияи илмҳо ва Академияи илмҳои педагогии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ барномаи китоби дарсии «Андешаи миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ»-ро бо дарназардошти талаботи зинаҳои асосии таълим таҳия намуда, онро ба низоми таълими кишвар ҳамчун фанни махсус ворид намояд.

Асоси методологии китоби дарсиро бояд масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, моҳияти андешаи миллӣ, мероси маънавӣ ва миллии мо, роҳ надодан ба андешаҳои бегона ва бегонапарастӣ, ифротгароӣ ва миллатгароӣ, инчунин талқини тафаккури солими миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, садоқат ба Ватан, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, меҳнати софдилона ба нафъи ҷамъият ва сафарбар намудани нерӯҳои зеҳнию ҷисмонии ҷомеа ба хотири татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлат ташкил диҳанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Чунон ки маълум аст, рушду нумӯи соҳаҳои илму маориф асоси пешрафти ҷомеа ва иқтисодиёти он ба шумор меравад.
Навсозиҳои иқтисодиро бе болоравии илму маориф, тарбия ва таълими мутахассисони соҳибҳунару бомаърифат ва ҷавобгӯи талаботи замон таъмин намудан аз имкон берун аст.

Ин аст, ки Ҳукумати кишвар ҳаллу фасли масъалаҳои рӯзмарраи соҳаҳои илму маорифро ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилии худ муайян намуда, баҳри такмили минбаъдаи сохтор ва ниҳодҳои илмӣ, дар амал ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълиму тарбияи наврасон, тақвияти базаи моддию техникии илму маориф кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода истодааст.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми маблағгузории давлатии танҳо соҳаи маориф дар давоми ҳафт соли охир қариб сездаҳ маротиба афзоиш ёфта, имрӯз беш аз чоруним фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил дод.

Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ислоҳоти муваффақонаи соҳаи маориф аз тамоми шароиту имконоти мавҷуда истифода бурда истодааст. Ҳамасола афзудани ҳаҷми маблағгузории соҳа яке аз омилҳои татбиқи амалии барномаҳои пешқадами соҳаи маориф маҳсуб мебошад.

Вобаста ба ин, ҳар як нафар омӯзгори бонангу номус ва устоди соҳибназар дар назди худ бояд мақсад гузорад, ки вазифаи муқаддаси хешро шарафмандона ба иҷро расонида, дар амалӣ сохтани барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф ва куллан беҳтар гардонидани низоми таҳсилот саҳми муносиб гузорад.

Боварии комил дорам, ки устодону омӯзгорони арҷманд ин мақсадҳои наҷиби Ҳукумати Тоҷикистонро ба таври амиқ дарк намуда, аз худ ибтикор ва ташаббусҳои нав ба нав нишон хоҳанд дод.

Бо ҳамин умед ба кори сохтмони бино бо гузоштани хишти аввали эъмори он барору комёбиҳо хоста, итминон дорам, ки бунёди он дар фурсати кӯтоҳ ба поён расида, боз як донишгоҳи бонуфузи олии кишвар соҳиби имкониятҳои нави таълимиву таҳсилӣ мегардад.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш мехоҳам як нуктаро махсусан таъкид намоям: насли имрӯза - ҷавонони мо дарвоқеъ саодатманду толеъбаланд ҳастанд, зеро дар даврони соҳибистиқлолии Ватани хеш ба воя мерасанд.

Дар айни замон ҷавонон бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки бар дӯши онҳо рисолати бузург ва муқаддас, яъне масъулияти созандагии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлоли демократӣ, масъулият барои фардои Ватан ва миллат гузошта мешавад.

Бинобар ин, тарбияи насли миллатдӯсту ватанпарвар, ки дар худ нерӯи созандагию бунёдкориро таҷассум менамояд, бояд чун омили муҳимтарини таҳкими пояҳои давлатдорӣ, пешрафти ҷомеа ва таъмини зиндагии арзандаи халқи бузургворамон арзёбӣ гардад, зеро танҳо шахси соҳибмаърифат, бонангу номус, ватанпарвар ва миллатдӯст қодир аст, ки марзу бум, арзишҳои волои аҷдодӣ, маънавиёти халқи худро ҳифз намояд, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.

Дар фарҷоми сухан бори дигар ҷашнҳои фархундаи миллатро ба ҳамаи шумо самимона таҳният гуфта, бароятон пирӯзӣ, сарбаландӣ ва фатҳи қуллаҳои баланди илму ирфонро орзу дорам.

Ташаккур!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520