Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон

29.08.2008 00:00, шаҳри Душанбе

Дар Кохи Сомони бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон баргузор гашт.

Дар долони зебою барҳавои Кохи Сомон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзайро бо ҳусни эҳтирому бародарӣ истиқбол гирифт.

Сарони се давлати дӯсту ҳамсоя - Эмомалӣ Раҳмон, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Ҳомид Карзай оид ба маҷмӯи васеи масоили ҳамкории сеҷониба ва минтақавӣ, ки барои он заминаи хуби қарордодию ҳуқуқӣ муҳайё аст, гуфтугӯйи судбахш анҷом доданд.

Гуфтушуниди сеҷониба нахуст дар мулоқоти хоссаи сарони давлатҳо дар толори хурди дорои мизи гирд баргузор гашта, сипас дар толори «Тантанаҳо» бо иштироки ҳайатҳои расмии се давлат идома ёфт.

Татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ оид ба сохтмони роҳҳо, тунелҳо ва пулҳои автомобилӣ, роҳи оҳани байни се кишвар, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Эрону Покистон аз тариқи Афғонистон ва дигар тадбирҳо дорои аҳамияти ҳаётан муҳим баҳри рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардумони минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ маънидод гашт.

Таъкид гардид, ки татбиқи ин лоиҳаҳо ҳамчунин ба барқароршавии иқтисодиёти костагаштаи Афғонистон ва ба ҳаёти осоиша равона кардани мардуми он низ мусоидат карда, ба таҳкими амнияту суботи минтақа асоси боэътимод мегузорад.

Ҳарсе ҷониб зарурати ташкили як ниҳоди муштараки ҷалби сармояро таъкид намуданд.

Масоили сиёсию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмию маърифатӣ низ дар маркази таваҷҷӯҳи сарони давлатҳо қарор дошт.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба ҳамгироиҳои муштарак дар ҳаллу фасли дигар масоили минтақавӣ табодули назар карда шуд.

Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳо ду санади ҳамкории сеҷониба ва як санад байни Тоҷикистону Эрон ба имзо расид:

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории сеҷониба дар соҳаи энергетика;

Тафоҳумнома дар бораи анҷоми корҳои ниҳоии нақби мошингарди Истиқлол байни Тоҷикистону Эрон

Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай аз ҷониби сарони давлатҳо барои интишор ба имзо расид.

Дар охир сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Ҳомид Карзай барои доираи васеи хабарнигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ ороста, аз натиҷаҳои гуфтушунидҳои сеҷониба ва тадбирҳои муштараки се кишвари дӯст изҳорот доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520