Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

28.08.2008 15:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз шаҳри Душанбе мақоми баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай гашта, дар маркази таваҷҷӯҳи аҳли ҷаҳон қарор гирифт, зеро рафти ин ҳамоиши бузург аз ҷониби тамоми воситаҳои ахбори умуми ҷаҳонӣ, ки беш аз 700 нафар намояндагонашон бевосита ба ин ҷо омаданд, инъикос мегардад.

Шоми дирӯз барои иштирок дар ҳамоиши дорои аҳамияти бузурги минтақавию ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе - пойтахти Тоҷикистони азиз роҳбарони ҳамаи 6 давлати аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла Ҷумҳурии Мардумии Чин –Ху Тсзинтао, Федератсияи Россия - Дмитрий Медведев, Ҷумҳурии Қазоқистон - Нурсултон Назарбоев, Ҷумҳурии Қирғизистон – Қурмонбек Боқиев, Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов ва Президенти давлати меҳмонпазири Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омаданд.

Ба ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба ҳайси роҳбари давлати нозири созмон, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ба сифати меҳмон ва намояндагони воломақоми се давлати дигари нозири ин созмон- Ҳиндустон, Покистон ва Муғулистон ҳамроҳ шуданд.

Дар воқеъ Душанбе шаҳри дӯстию рафоқат ҳусни ҳамсоягӣ ва таконбахши ҳамкориҳо будани худро бори дигар дар амал собит месозад.
Ба муносибати ташрифи меҳмонони олимақом кӯчаю хиёбонҳои пойтахти хушбоду ҳавои кишвари азизамон бо лавҳаю шиорҳои шодбошӣ ва навиштаҷоти маълумотӣ ороиш ёфта, барои истиқболи онҳо оғӯши гарми худро боз кардааст.

Шаҳри Душанбе ҳамчунин ҷойи баргузории мулоқотҳои дуҷонибаи сарони давлатҳо ва дигар шахсони расмии воломақом гашт.
Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар бинои боҳашамати Кохи Сомони бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.

Дар долони ин қаср, ки бо завқи баланду сеҳрофари меъморону сохтмончиёни ватанию хориҷӣ бо истифода аз усулҳои оламшумули санъати меъмории ниёгони ориёии мо қомат афрохтаю ороиш ёфтааст, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари давлати мизбон ва ё қабулкунандаи меҳмонони олимақом роҳбарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро як - як истиқбол гирифт.

Нахуст ба маҳалли баргузории саммит мутобиқи алифбои забони русӣ, ки яке аз забонҳои кории Созмони ҳамкории Шанхай аст, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев омад.

Дуюм Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар долони Кохи Сомон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтаоро истиқбол гирифт.

Сипас ба ин қасри боҳашамат Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ворид шуд.

Чорум Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведевро истиқбол гирифт.

Бо ташрифи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов роҳбарони ҳамаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба ин ҷо ҷамъ омаданд ва дар толори «Тантанаҳо»-и Кохи Сомон ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳо дар ҳайати маҳдуд ба кори худ шурӯъ намуд.

Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии Раиси Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт. Эмомалӣ Раҳмон меҳмонони олимақомро ба сарзамини файзбори Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба онҳо кори пурсамар ва будубоши форам таманно намуд.

Ҷаласаи мазкур нахуст дар ҳайати маҳдуд ва сипас бо иштироки ҳайатҳои васеи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ҷараён гирифт.

Баъди анҷоми гуфтушунидҳо дар ҳайати маҳдуд сарварон ва рҳбарони ҳайатҳои расмии давлатҳои аъзо ва нозири Созмони ҳамкории Шанхай ва меҳмонони олимақоми ҳамоиши мазкур барои ёдоварӣ аз ин рӯзи таърихӣ расми хотиравӣ гирифтанд.

Дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо иштироки ҳайатҳои васеи онҳо ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба ҳайси роҳбари давлати нозири созмон, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ба сифати меҳмон ва намояндагони воломақоми се давлати дигари нозири ин созмон- Ҳиндустон, Покистон ва Муғулистон ва намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Ҷомеаи ҳамкориҳои иқтисодии Евразия низ ширкат намуданд.

Таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ва такмили механизмҳои фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай ва мубодилаи афкор оид ба мушкилоти умдаи байналмилалӣ аз масъалаҳои асосии рӯзномаи ҳамоиши мазкур буд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ аз он, ки дар ҳамаи давлатҳо Аҳднома оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай тасдиқ шудааст, изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки татбиқи босамари ин санад ба ҳамкориҳои дарозмуддат асос мегузорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи сарони давлатҳоро ба масоили амнияти минтақа, муборизаи муштарак бо хатарҳои ҷаҳони муосир ҷалб намуда, пешниҳоди Тоҷикистонро дар бораи ифтитоҳи Маркази Созмони ҳамкории Шанхай оид ба мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар шаҳри Душанбе бори дигар ба миён гузошт. «Ҳамгироии наздик баҳри бартараф намудани мушкилоти энергетикӣ ва озуқаворӣ низ бояд аз самтҳои муҳимми фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай бошад», - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлати Тоҷикистон қабули Низомнома дар бораи мақоми шарик оид ба муколамаро қадами муҳим дар роҳи густариши робитаҳои созмон номида, таъкид дошт, ки ба ҳамкорӣ бо кишварҳои нозири Созмони ҳамкории Шанхай бояд такони тоза бахшида шавад. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон кишварҳои нозири созмон бояд ба татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории дорои аҳамияти минтақавӣ васеъ ҷалб карда шаванд.

Сарварон ва роҳбарони ҳайатҳои расмии давлатҳои аъзо ва нозири созмон ва меҳмони саммит Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай оид ба масоили ҳалталаби минтақавию ҷаҳонӣ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Таъкид гардид, ки ҷаласаи соли ояндаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Федератсияи Россия баргузор хоҳад гашт.

Баъди анҷоми ҷаласаи васеъ дар толори «Амфитеатр»-и Кохи Сомон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

Эъломияи Душанбегӣ ва Баёнияи муштараки сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай;

Қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳо дар бораи тасдиқи Низомнома дар бораи мақоми шарик оид ба муколама, ҳисоботи Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай ва ҳисоботи Маркази минтақавии зиддитеррористии созмон;

Созишнома дар бораи тартиби ташкил ва гузаронидани машқҳои муштараки зиддитеррористии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай;

Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии яроқ, аслиҳа ва моддаҳои тарканда;

Ёддошти тафоҳум байни Иттиҳодияи байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай ва Бонки рушди Евразия.

Дар ҳамин толор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар назди шумораи зиёди хабарнигорон изҳороти матбуотӣ баён намуда, аз номи сарони ҳамаи кишварҳои аъзои созмон аз ҷараён ва натиҷаҳои ҳамоиши мазкур изҳори қаноатмандӣ намуд.

Таъкид гардид, ки натиҷаҳои он ба таври муфассалу возеҳ дар Эъломияи Душанбегӣ ва Баёнияи муштараки сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай инъикос ёфтаанд. Матни пурраи ҳардуи ин санадҳо дар матбуоти даврӣ нашр мегардад.

Хотиррасон бояд кард, ки барои ҳамаи кормандони эҷодию техникии воситаҳои ахбори умуми дохилию хориҷӣ, ки шумораашон беш аз 700 нафарро ташкил медиҳад, тамоми шароити зарурӣ бо назардошти навтарин дастовардҳои илму техникаи муосир муҳайё гаштааст. Дар дохили Кохи Сомон ва дар бинои нави Бонки миллии Тоҷикистон ду маркази матбуотии ҳозиразамон омода гаштаанд, ки дар онҳо наздики 200 компютери бо Интернети баландсуръат пайвастшуда, телефон ва факсҳои байналмилалӣ ва дигар шароити зарурӣ пешбинӣ шудаанд. Дар ҳарду маркази матбуотӣ симҳои иловагии Интернет ва интернети бесим гузарондаанд, ки тавассути онҳо хабарнигорон имкон доштанд, бо компютерҳои ҳамроҳи худ бемонеа кор кунанд.

Сатҳи баланди корҳои омодагӣ барои гузарондани саммитҳои Душанбе боиси қаноатмандӣ, хушнудӣ ва сипосгузории сарони давлатҳо, ҳайатҳои расмӣ, намояндагони воситаҳои ахбори умум ва ҳамаи ширкаткунандагони саммити мазкур шуд.

Ин буд, ки ҳамаи Сарони давлатҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва кулли созмондиҳандагони шароити хуби корӣ барои ташкил ва гузарондани ин ҳамоиш арзи сипосу миннатдорӣ карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520