Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар машварати ҷумҳуриявӣ доир ба вазъи кишти такрорӣ ва истифодаи самараноки замин

05.08.2008 15:00, шаҳри Ваҳдат

Ҳозирини гиромӣ!

Мақсади асосии машварати имрӯзаи мо ҳамроҳи олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, инчунин роҳбарону фаъолони шаҳри Ваҳдат баррасӣ намудани вазъи истифодаи самараноки замин, маъракаи ҷамъоварии ҳосил, ҷараёни кишти такрорӣ дар заминҳои холишуда ва омодагӣ ба мавсими зимистон мебошад.

Зеро дар асоси Муроҷиатномаи Президент ба мардуми кишвар вобаста ба таъмини амнияти озуқаворӣ имрӯзҳо дар саросари мамлакат дар заминҳои обӣ кишти такрорӣ идома дорад, ки ин бешубҳа, ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ва то андозае пешгирӣ кардани болоравии нархи маводи озуқа дар мамлакат мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки қаламрави кишвари мо бо обу ҳавои мусоид ва заминҳои ҳосилхезаш шӯҳрати дерина дорад.

Дар бисёр сарчашмаҳои таърихӣ зикр шудааст, ки мардуми мо аз қадимулайём ба зироаткориву чорводорӣ машғул будаанд.

Аз ин ҷост, ки оини киштукор ва обу хоки пурфайзу ҳосилхези сарзаминамон ба маданияти баланди заминдорӣ асос гузошта, пешаи деҳқонӣ дар давоми ҳазорсолаҳо яке аз пуршарафтарин касбҳои миллати мо ба ҳисоб меравад.

Бешубҳа, замин сарчашмаи ҳаёт ва бақои зиндагӣ буда, ин ҳикмат моро водор месозад, ки дар замин беш аз пеш кор кунем ва таъминоти зиндагиву рӯзгори мардуми худро беҳтар намоем.

Зеро кишоварзӣ соҳаи муҳимтарини иқтисодиёти Тоҷикистон буда, танҳо бо роҳи рушду тараққӣ додани он мо метавонем сифат ва сатҳи зиндагии аҳолиро баланд бардорем.

Илова бар ин, 70 фоизи аҳолии мамлакатамон дар деҳот зиндагӣ мекунанд, ки даромади асосии онҳо аз соҳаи кишоварзӣ вобаста мебошад.

Бо дарназардошти ин ва бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат дар ибтидои соли ҷорӣ доир ба истифодаи оқилона ва самарабахши замин, махсусан заминҳои обӣ ва вусъат додани кишти такрорӣ ман ба мардуми кишвар муроҷиат карда будам ва тавре ки ҳангоми сафарҳои худ ба шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат мушоҳида кардам, муроҷиатнома аз тарафи мардум, пеш аз ҳама кишоварзони заҳматкаши мамлакат, аз ҷумла сокинони шаҳри Ваҳдат ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт, ки бо истифода аз фурсат ба ҳамаи онҳо изҳори миннатдорӣ менамоям.

Тибқи маълумоти олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ дар мамлакат аз рӯи нақшаи муқарраргардида васеъ намудани майдонҳои кишти такрории зироатҳои ғалладона аз имкон берун аст.

Вале аз ҳисоби самаранок ва оқилона истифода бурдани заминҳои обиву лалмӣ, захираҳои биологиву иқлим, кишти навъҳои нави нисбатан серҳосил, бахусус тухмиҳои хушсифат ва такмил додани агротехникаи парвариши онҳо аз як қитъаи замин ба даст овардани ду ҳосили ғалла дар як сол имкон дорад.

Дар масоҳати имрӯзаи кишт, ки барои зироатҳои ғалладона дар мамлакат ҷудо шудааст, ба ҳисоби миёна зиёда аз 1 миллион тонна ҳосили ғалладона ба даст овардан мумкин аст.

Аз ҷумла, олимони соҳа кишти такрории навъҳои гуногуни гандумро, ки давраи нашъунамои он нисбатан кӯтоҳ аст, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, бахусус ноҳияи Файзобод тавсия медиҳанд.

Бояд зикр кард, ки зироатҳои гандум, ҷав, ҷуворимакка, шолӣ, арзан, мош, марҷумак, офтобпараст, бодиринг, карам ва навъҳои дигари сабзавотро дар аксари вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳамчун кишти такрорӣ истифода бурдан мумкин аст.

Зеро замини ҳосилхез, обу ҳавои мӯътадили кишвар ва ҳарорати кофӣ барои кишти такрории зироатҳои зикршуда мусоидат мекунад.

Мӯҳлати нашъунамои аксари онҳо 90-100 рӯз аст. Баъди ҷамъоварӣ кардани кишти тирамоҳӣ давомнокии гармӣ дар вилояти Суғд 100-110 рӯз, водии Ҳисор 120-130 рӯз ва вилояти Хатлон 140-150 рӯз идома меёбад, яъне зироатҳои киштшуда дар даҳаи аввали моҳи октябр аллакай пухта мерасанд.

Бинобар ин, ҳангоми кишти такрорӣ навъҳои зироатҳоеро коштан зарур аст, ки ҳосилнокии онҳо аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 50-60 сентнер мебошад.

Махсусан, кишти навъҳои гандум, ҷав, мош, лӯбиё, ҷуворимакка, шолӣ ва зироатҳои дигаре, ки солҳо инҷониб дар истеҳсолот истифода мегарданд, мувофиқи мақсад аст.

Дар баробари ин, навъҳои гуногуни зироатҳои зикршударо, ки ба иқлими мамлакати мо мусоид мебошанд, аз хориҷи кишвар ворид кардан зарур аст.

Дар вилояти Хатлон дар баробари ҷуворимакка ва лӯбиё, сабзавоту полезиҳо шолиро ба сифати кишти такрорӣ ба роҳ монда, аз як гектари он 40-45 сентнер ҳосил гирифтан мумкин аст.

Дар мавриди парвариши зироатҳои хӯроки чорво ба сифати кишти такрорӣ ҷуворимакка, тухмиҳои омехтаи лаблабу, шалғам, сабзӣ ва баъзе навъҳои зироати хӯроки чорворо, ки дар шароити кишвари мо ҳосили хуб медиҳанд, ба роҳ мондан беҳтар аст.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ, аз ҷумла шаҳри Ваҳдат баъди ҷамъоварии ҳосили гандум, картошкаи барвақтӣ ва дигар сабзавоту полезиҳо кишти такрории ҷуворимакка, мош, шолӣ, бодиринг, лӯбиё, карам, турб ва шалғам мувофиқи мақсад аст.

Дар ин шаҳру ноҳияҳо мӯҳлати мусоиди кишти картошка то 20 июн ва дигар намудҳои сабзавот то 10 август мебошад.

Мову шумо – ҳозирини гиромӣ танҳо аз тариқи роҳнамоии кишоварзон ба интихоби дурусти навъи зироатҳо, иҷрои талаботи агротехникӣ, ки яке аз шартҳои муҳимтарини гирифтани ду ҳосил мебошад, кишти такрориро вусъат дода, амнияти озуқавории мамлакатамонро таъмин карда метавонем.
Мувофиқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ то имрӯз ҳосили 174 ҳазор гектар ғалладонаи мамлакат ҷамъоварӣ гардида, 330 ҳазор тонна ғалла истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 75 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Дар айни ҳол ҳосилнокии ҳар гектар ғаллазори кӯфташуда дар мамлакат ба ҳисоби миёна 20 сентнериро ташкил медиҳад. Ҳосилнокии аз ҳама баланди ғаллазор дар як қатор хоҷагиҳои пешсафи ноҳияҳои Ҳисор, шаҳрҳои Ваҳдат ва Исфара, ки аз ҳар гектар 45-61 сентнериро ташкил медиҳад, ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамзамон бо ин, дар муқоиса бо дигар ноҳияҳо ҳосилнокии ғаллазор дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Рӯдакӣ, Ваҳдат ва Турсунзода нисбатан баланд буда, ба ҳисоби миёна 30-35 центнер ба ҳар гектар рост меояд.
Вале дар баробари ин, ҳосилнокии зироати ғалладона дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 16, вилояти Суғд - 13 ва ноҳияи Файзобод 14 сентнериро ташкил медиҳад, ки ин аз ҳисоби миёнаи кишвар хеле кам аст.
Мутахассисон ва масъулони соҳа паст будани ҳосилнокиро дар минтақаҳои зикршуда ба камбориш омадани фасли баҳор нисбат медиҳанд.
Дар робита ба ин, мехоҳам хотирнишон созам, ки истифодаи тухмии пастсифат, таъмин нагардидани зичии мӯътадили ниҳолҳо, ташкили сусти мубориза ба муқобили ҳашароти зараррасон, кам будани техникаи ҳосилғундор ва муҳимтар аз ҳама сари вақт ҷамъоварӣ накардани ҳосил сабабҳои асосии дар минтақаҳои мазкур паст шудани ҳосилнокии зироатҳои ғалладона мебошанд.
Дар сурати бо тухмии аълосифат ва серҳосил таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ноҳияҳои мазкур ҳосилнокии ғалладонаро дучанд афзун гардонидан мумкин буд.
Бо дарназардошти ин, ба вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об, Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои ғалладона, ташкили дурусти обёрии он ва бо тухмии хушсифат таъмин намудани хоҷагиҳо барои соли оянда аз ҳоло тадбирҳои зарурӣ ва бетаъхир андешанд.
Ҳамчунин мехоҳам зикр намоям, ки барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосили ғалла ва фароҳам овардани имконият барои кишти такрорӣ нақши техникаи ҳосилғундор бузург аст.
Бо дарназардошти ин омил баъзе хоҷагиҳои ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Шаҳринав бо истифода аз комбайнҳои ғалладараве, ки кори онҳо босифат ва камхарҷ мебошад, маъракаи ҳосилғундориро дар мӯҳлати кӯтоҳ ҷамъбаст карда, кишти такрориро сари вақт ба анҷом расониданд.
Вобаста ба ин, Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки кишоварзонро бештар барои харидорӣ ва истифодаи васеи техникаи каммасраф ва дорои қобилияти кори босифат раҳнамоӣ намоянд.
Ҳамчунин мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки истифодаи самараноки заминҳои обӣ ва дар мӯҳлатҳои зарурӣ ба анҷом расонидани кишти баҳориву тирамоҳӣ, инчунин кишти такрорӣ бояд барои кишоварзони мамлакат анъана ва одати доимӣ гардад.
Мо танҳо дар ҳамин сурат метавонем дар соҳаи кишоварзӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардем.
Мувофиқи маълумоти фаврӣ то имрӯз кишоварзони мамлакат дар 105 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронидаанд ва дар майдони қариб 36000 гектар зироатҳои ғалладонагӣ, 630 гектар картошка, 10200 гектар сабзавот, 1650 гектар полезиҳо ва 55300 ҳазор гектар зироати хӯроки чорво кишт кардаанд.
Вале дар аксари хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд, ноҳияҳои Восеъ, Темурмалик, Қумсангир ва Шаҳринав иҷрои нақшаи кишти такрорӣ қафо монда истодааст, ки ин боиси нигаронӣ мебошад.
Бинобар ин, ба Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои зикршуда зарур аст, ки монеаҳо ва камбудиҳои мавҷударо бартараф намуда, кишти такрориро дар заминҳои обӣ дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин, яъне дар давоми чанд рӯзи мусоиди боқимонда таъмин намоянд.
Инчунин, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки дар бораи расонидани ёрии амаливу методӣ ба кишоварзон оид ба технологияи парвариши ҳар як зироат ва хусусиятҳои он ҳангоми кишти такрорӣ чораҷӯӣ намоянд.
Илова бар ин, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии омор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои дуруст ба роҳ мондани баҳисобгирии кишти такрорӣ чораҳои мушаххас андешанд.
Тавре ки шумо медонед, дар солҳои нооромӣ захираи ғалла дар мамлакати мо ҳамагӣ ба якчанд рӯз мерасид. Дар он рӯзҳои мудҳиш ба хотири таъмини амнияти озуқавории мардум дар асоси ду фармони Президенти мамлакат ба аҳолӣ 75 ҳазор гектар замин тақсим карда дода шуд.
Лекин мувофиқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ имсол низ баъзе деҳқонон заминҳои президентиро истифода, яъне кишт накардаанд.
Ҳол он ки дар шароити босуръат тағйир ёфтани нархҳои ҷаҳонии маводи озуқа мо дар назди тамоми заминдорон вазифа гузошта будем, ки ҳар як ваҷаб заминро самаранок ва оқилона истифода бурда, пеш аз ҳама талаботи оилаи худро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намоянд.
Дар робита ба ин мехоҳам зикр намоям, ки ҳанӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо сабабҳои гуногун заминҳои президентӣ пурра ба аҳолӣ тақсим нагардидаанд.
Аз ҷумла, дар шаҳри Ваҳдат то ҳол 40 гектар замини корам барои ташкили хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ ба шаҳрвандон дода нашудааст.
Аз ин рӯ, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат супориш дода мешавад, ки иҷрои пурраи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 1995 ва аз 1 октябри соли 1997-ро вобаста ба ҷудо кардани замин барои хоҷагиҳои ёрирасони шаҳрвандонро пурра таъмин карда, назоратро аз болои истифодаи мақсаднок ва самарабахши заминҳои президентӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар шаҳри Ваҳдат баргузор гардидани семинари ҷумҳуриявӣ доир ба масъалаҳои кишти такрорӣ ва истифодаи самараноки заминҳои обӣ бесабаб нест.
Кишоварзони шаҳри Ваҳдат дар майдони 17600 гектар кишти тирамоҳӣ ва баҳорӣ гузаронида, парвариши зироатҳои ғалладона ва лубиёгӣ, картошка, сабзавот, маҳсулоти полезӣ ва зироатҳои хӯроки чорворо ба роҳ мондаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Мувофиқи нақша дар ҳамаи хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия бояд дар 4770 гектар замини обӣ кишти такрорӣ гузаронида мешуд, вале бо дарки амиқи вазъият деҳқонон ҳоло дар майдони беш аз 5000 ҳазор гектар замин кишти такрориро ба анҷом расонидаанд, ки ин албатта боиси қаноатмандист.

Гузашта аз ин, кишоварзони ноҳия дар ҳаҷми 87 миллион сомонӣ маҳсулоти гуногун истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб шаш фоиз зиёд аст.

Онҳо бо мақсади таъмини бозори дохилӣ бо картошкаи барвақтӣ ва сабзавоти тару тоза дар майдони 950 гектар картошка ва қариб ду ҳазор гектар сабзавот кишт намудаанд.

Дар айни ҳол ҳосили 74 фоизи майдони картошка ҷамъоварӣ гардидааст, ки ҳосилнокии ҳар гектари он ба ҳисоби миёна 245 сентнериро ташкил медиҳад.

Умуман, дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидории ноҳия то 1 августи соли соли ҷорӣ беш аз 21500 тонна ғалла, 20600 тонна картошка, 25000 тонна сабзавот, 1700 тонна мева, 2700 тонна гӯшт, 5600 тонна шир, 2,3 миллион дона тухм ва 17000 тонна хӯроки чорво истеҳсол гардидааст, ки ин нишондиҳандаҳо дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошанд.

Бояд зикр кард, ки кишоварзони ноҳия дар натиҷаи ба роҳ мондани парвариши сабзавот дар гармхонаҳо соли ҷорӣ беш аз 130 тонна сабзавот истеҳсол кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар зиёд мебошад.

Бо вуҷуди ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, инчунин ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зарур аст, ки дар бораи барқарор намудани гармхонаҳои мавҷуда, афзоиш додани парвариши сабзавот дар онҳо ва бо роҳи афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот, картошка ва маҳсулоти чорвою паранда дар бораи боз ҳам беҳтар таъмин кардани бозорҳои пойтахти мамлакат чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Дар доираи татбиқи барномаҳои ҳукуматии рушди боғу токпарварӣ ва занбӯрпарварӣ дар шаҳри Ваҳдат бунёд ва барқарорсозии боғу токзор ва афзун гардонидани оилаҳои занбӯри асал вусъат ёфта истодааст.

Дар масъалаи чорводорӣ ва парандапарварӣ низ, ки соҳаҳои сердаромади соҳаи кишоварзӣ мебошанд, дастовардҳои заҳматкашони шаҳр назаррас мебошанд.

Ҳоло дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидории шаҳр нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои хурду калон ва паранда афзудааст.

Бояд қайд кард, ки дар рушди соҳаи чорводории шаҳр саҳми хоҷагиҳои шахсӣ бештар аст. Зеро онҳо ҳоло 94 фоизи чорвои хурду калон, 74 фоизи паранда ва қариб 70 фоизи оилаи занбӯри асалро дар ихтиёр доранд ва дар ин замина дар ноҳия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли гӯшту шир якуним фоиз, тухм дуюним баробар ва пашм 20 фоиз афзудааст.

Бо мақсади боз ҳам бештар кардани дастовардҳо дар ин самт ба Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат зарур аст, ки барои хушзот кардани чорво, пешгирӣ намудани бемориҳои он, таъмин намудани хоҷагиҳои чорводорӣ бо доруҳои зарурӣ ва кушодани нуқтаҳои фурӯши доруворӣ, инчунин афзоиш додани саршумори чорво тадбирҳо андешанд.

Дар баробари чунин пешравиҳо дар соҳаи кишоварзии шаҳри Ваҳдат баъзе камбудиҳо низ ба назар мерасанд, ки бартараф намудани онҳо вазифаи роҳбарону мутахассисон ва фаъолон мебошад.

Бояд зикр кард, ки ҳар сол аз ҷониби Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об дар саросари кишвар садҳо гектар заминҳои нав азхуд шуда, ҳолати мелиоративии заминҳои корношоям беҳтар карда мешаванд. Вале бо вуҷуди ин, масоҳати заминҳои партов ҳар сол зиёд мегардад, ки ин боиси ташвиши ҷиддӣ аст.

Аз ҷумла, дар ҳудуди шаҳр аз беаҳамиятӣ ва бинобар ташкили ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ 400 гектар заминҳои корам, аз ҷумла 270 гектар замини обӣ барои кишт корношоям гардидааст.

Аз ин рӯ, вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об, Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат вазифадор карда мешаванд, ки барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов, инчунин беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии онҳо чораҷӯӣ намоянд.

Қарзи хоҷагиҳои кишоварзӣ бинобар сари вақт напардохтани ҳаққи хизмати обрасонӣ ҳоло ба 920 ҳазор сомонӣ расидааст, ки ин низ боиси нигаронӣ мебошад.

Бинобар ин, ба роҳбарон ва масъулони соҳа зарур аст, ки доир ба масъалаи пардохти саривақтии ҳаққи хизмати обрасонӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар баробари ин, таъкид бояд кард, ки дар ноҳия нақшаи 10 намуди андоз иҷро нашудааст, ки дар натиҷа ба буҷети ноҳия қариб 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ маблағ ворид нагардидааст. То аввали моҳи июл қарзи ташкилоту корхонаҳо аз ҳисоби андоз зиёда аз 800 ҳазор сомонирог ташкил кардааст.

Ҳамчунин риояи қонунгузории замин дар ҳудуди шаҳр ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯ нест.

Зеро дар шаш моҳи соли ҷорӣ 52 ҳодисаи вайронкунии қонунгузории замин, яъне тақсимоти нодурусту тасарруфи қариб 30 гектар замин ошкор карда шудааст.

Бо дарназардошти ин, ба Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ зарур аст, ки оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани қонуншиканиҳои марбут ба замин, истифодаи ғайримақсадноки заминҳои президентӣ, сохтмони ғайриқонунии манзилҳои истиқоматӣ, хариду фурӯш ва ғасби замин якҷоя бо мақомоти дахлдор чораҳои таъхирнопазир андешад.

Зеро пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи мо аз риояи қонуният, тартибу низом ва умуман волоияти қонун, ки он асоси суботи устувор мебошад, сарчашма мегирад.

Маҳз ба шарофати сулҳу суботи саросарӣ аст, ки мо имрӯз ҳадафҳои созандагиву бунёдкории худро амалӣ карда, ободии кишварамонро таъмин намуда истодаем.

Аз ҷумла, аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар қаламрави шаҳри Ваҳдат низ дар доираи ин ташаббуси бузург корҳои муайян ба анҷом расонида мешаванд.
Бахусус солҳои охир дар натиҷаи вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ҳудуди шаҳр як қатор иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мавриди сохтмон ва таъмиру азнавсозӣ қарор дода шуданд, ки онҳо натанҳо ба беҳбудии шароити кору зиндагии сокинон, балки ба ободу зебо гардидани шаҳру деҳоти Ваҳдат мусоидат намуданд.

Дар давоми солҳои 1995-2008 барои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар маҷмӯъ 155 миллион сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ 126 миллион сомонӣ ва тибқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ 29 миллион сомонӣ сарф карда шудааст.

Барои тараққиёти шаҳр аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар соли 2002-юм 3 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас ҳаҷми он соли ҷорӣ ба 21 миллион сомонӣ расонида шуд, ки ин ҳафт баробар зиёд мебошад.

Дар ин замина маблағгузории соҳаҳои маориф – ҳашт маротиба, тандурустӣ – ҳафт, мақомоти идоракунии давлатӣ ёздаҳ баробар ва дигар соҳаҳои иқтисодӣ якчанд баробар зиёд карда шуд.

Дар баробари ин, дар тӯли сездаҳ соли охир бо сарфи зиёда аз 8 миллион сомонӣ, ки аз ҳисоби вазорату идораҳо ҷудо шуда буданд, дар ҳудуди шаҳр як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ бунёд гардидаанд.

Бо мақсади густариш ёфтани соҳибкории хурду миёна тавассути бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳӣ ба соҳибкорони шаҳру деҳот дар соли 2006-ум 13 миллион сомонӣ, дар соли 2007-ум 29 миллион сомонӣ ва дар шаш моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 51 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар натиҷаи амалӣ гардонидани чораву тадбирҳои зикргардида ба рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр ва корҳои созандагиву бунёдкории он суръати тоза бахшида шуд.

Дар солҳои соҳибистиқлолии давлатамон дар қаламрави шаҳр бунёд гардидани 24 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ ва мавриди сохтмон, таъмиру таҷдид қарор гирифтани терминалу роҳҳо, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин ободонии шаҳру деҳот гувоҳи ғамхорӣ ва дастгирии доимии Ҳукумати кишвар мебошанд.

Илова бар ин, бо мақсади ободу зебо гардонидани шаҳри Ваҳдат моҳи январи соли 2007-ум дар маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон супориш дода будем, ки нақшаи генералии шаҳр ва деҳоти он аз нав таҳия карда шавад.

Дар робита ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вазифадор карда мешавад, ки барои таҳия ва тасҳеҳи нақшаҳои асосии шаҳр ва деҳаҳои он дар буҷети маҳаллӣ маблағи заруриро пешбинӣ намояд.

Дар айни ҳол бо маблағҳои давлатӣ дар деҳаи Гулистон сохтмони мактаб барои 1176 хонанда, барқарорсозии истгоҳи обкашии «50-солагии Тоҷикистон», пули Элок, азнавсозии бинои ду боғчаи бачагона, шабакаҳои барқӣ ва гармидиҳии ду мактаби таҳсилоти умумӣ, биноҳои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, таъмири хона-интернати шаҳр идома доранд. Рӯзҳои наздик таъмири кохи фарҳанги шаҳр низ оғоз хоҳад ёфт.

Дар доираи 7 лоиҳаи инвеститсионӣ таъмиру азнавсозии 11 километр роҳи дорои аҳамияти умумиҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 10 километр роҳҳои маҳаллии шаҳр, барқарорсозии канали Даштибед, хатти обрасонӣ ва канали асосии Роҳатӣ, ташкили 5 ассотсиатсияи истифодабарандагони об, таъмиру таҷдиди биноҳои таълимии 35 мактаби миёна ва шӯъбаи маорифи шаҳр, сохтмони як мактаб барои 624 хонанда, таъминоти хонандагон бо теъдоди зарурии беш аз 50 номгӯй китобҳои дарсӣ, таҷҳизонидани мактабҳо бо ашёву лавозимоти таълимӣ ва бозомӯзии муаллимон ба анҷом расонида шуданд.

Маблағи умумии дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионӣ азхудгардида зиёда аз 27 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки беш аз 9 миллион сомонии он ба соҳаи маориф рост меояд.

Ҳамзамон ҳоло дар ҳудуди шаҳр азнавсозии ду мактаби миёна идома дошта, дар доираи лоиҳаи мубориза бар зидди бемории сил таъмири беморхонаи Мачитон ба маблағи умумии қариб 12 миллион сомонӣ оғоз шуда, то имрӯз зиёда аз чоруним миллиони он азхуд гардидааст.
Ғайр аз ин, барои татбиқи марҳалаи дуюми лоиҳаи мазкур Ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҷудо намудани грант ба маблағи даҳ миллиону 700 ҳазор сомонӣ қарордод имзо кардааст.

Барои рушду ободии шаҳри Ваҳдат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии сокинони он Ҳукумати кишвар минбаъд низ пайваста таваҷҷӯҳ ва ғамхорӣ зоҳир хоҳад кард.

Шумо - ҳозирини мӯҳтарам дар ёд доред, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ аз 3 ноябри соли 2000-ум дараи зебоманзари Ромитро минтақаи истироҳатӣ ва туризм эълон кардааст.

Бо вуҷуди он, ки корҳо дар ин самт суст ҷараён доранд, вале дар минтақаи мазкур барои истироҳат ва сайёҳӣ тадриҷан шароит фароҳам оварда мешавад ва дар оянда он бештар ободу зебо хоҳад гашт.

Бо дарназардошти ин, ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супориш дода мешавад, ки якҷоя бо сохторҳои дахлдори ҳифзу ҳуқуқ дар бораи бартараф кардани ҳар гуна хоҷагидориҳои ғайриқонунӣ ва худсарона ғасб кардану сохтани манзилҳои истиқоматӣ, ки солҳои охир дар ҳудуди мамнӯъгоҳ афзудаанд, чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамчунин Кумитаи телевизион ва радио, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вазифадор карда мешаванд, ки дар бораи пурра фаро гирифтани қаламрави шаҳр бо мавҷҳои барномаҳои телевизиони «Сафина» ва «Баҳористон», ки дар айни ҳол беш аз нисфи аҳолӣ имконияти тамошои онҳоро надоранд, чораҷӯӣ намоянд.

Аҳамият ва манфиати Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро кулли мардуми кишварамон хуб дарк ва эҳсос карда, аз қабул шудани он изҳори қаноатмандӣ мекунанд.

Вале аз санҷишу мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар як қатор деҳоти шаҳри Ваҳдат ҳоло ҳам баъзе маъракаҳои зиёдатӣ доир карда мешаванд.

Аз ин рӯ, ба Раёсати оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр зарур аст, ки якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдор доир ба рафъи камбудиҳои дар ин самт мавҷуда ва риояи ҳатмии муқаррароти қонуни зикршуда тадбирҳои муассир андешанд.

Дӯстони азиз!

Ҳадафи асосӣ аз татбиқи пайгиронаи сиёсати иқтисодии давлат, аз ҷумла дар самти кишоварзӣ пеш аз ҳама таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад.

Барои ноил шудан ба ин ҳадаф мо бояд бо истифода аз ҳамаи роҳу усулҳо ва захираву имкониятҳо рушди устувори соҳаи кишоварзиро таъмин намоем.

Яке аз роҳҳои беҳтар гардонидани вазъи таъминоти мардум бо маводи озуқаи нисбатан арзон истифодаи оқилона ва самарабахши замин ва ба таври васеъ ҷорӣ кардани кишти такрорӣ мебошад.

Бояд хотирнишон кард, ки кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ мувофиқи иқлими минтақаҳои кишвар бо пешниҳоду тавсияҳои мутахассисони соҳа сурат гирифта, бояд ба кишти тирамоҳӣ халал ворид насозад.

Дар он сурат мо метавонем дар давоми як сол аз заминҳои обӣ ду ва се ҳосил ба даст оварем.

Итминони комил дорам, ки кишоварзони мамлакат, аз ҷумла шаҳри Ваҳдат бо эҳсоси гарми ватандориву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ барои татбиқи ҳадафи стратегии давлат, яъне таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат вазифаҳои хешро бо дасту дили гарм ва меҳнати содиқона иҷро мекунанд.

Имсол мо дар остонаи ҷашнҳои бузурги таърихӣ қарор дорем. Чанде пас дар кишвари ,мо ҷашнҳои 17-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 1150 - солагии зодрӯзи қофиласолори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, бузургдошти соли забони тоҷикӣ баргузор мегарданд, ки барои мамлакати мо аҳамияти бузурги давлативу сиёсӣ доранд.

Зеро мероси ғановатманди илмӣ, таърихӣ ва фарҳангии гузаштаи пурифтихорамон яке аз заминаҳои устувори бақо ва ҳастии забони мо буда, дар ин радиф хизмати устод Рӯдакӣ ниҳоят бузург аст.

Бинобар ин, қарзи инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии мо – ворисон арҷ гузоштан ба арзишҳои бузурги миллӣ шинохти таърихи гузашта ва муҳимтар аз ҳама, қадр кардани заҳматҳои фарзандони фарзонаи миллат мебошад.

Аз ин рӯ, дар баробари ҳамаи мардуми кишвар, сокинони шаҳри Ваҳдат низ бояд барои дар сатҳи зарурӣ баргузор гардидани ҷашнҳои зикршуда саҳми арзандаи худро гузоранд ва барои ободиву шукуфоии хонаи худ, диёри худ ва Ватани соҳибистиқлоли худ кӯшишу талош намоянд.

Дар охир, ба ҳамаи шумо - ширкаткунандагони семинари имрӯза ва мардуми заҳматкашу меҳмоннавози шаҳри Ваҳдат барори кор ва саодати рӯзгор мехоҳам.

Ташаккур!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520