Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо раиси Шӯрои директорони Ширкати куҳкории Зиҷинг Чэн Ҷинхэ

18.05.2023 16:18, Чин
Мулоқот бо раиси Шӯрои директорони Ширкати куҳкории Зиҷинг Чэн Ҷинхэ  18.05.2023

18 май дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Сиан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Шӯрои директорони Ширкати куҳкории Зиҷинг Чэн Ҷинхэ мулоқот карданд.

Дар рафти вохӯрӣ масоили вобаста ба таҳким ва густариши фаъолияти истеҳсолии Ширкати куҳкории Зиҷинг (Zijin Mining Group Co.,Ltd”) дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҶСК Корпоратсияи маъдани “Зиҷин” як ширкати бузурги фаромиллии истихроҷи маъдан мебошад, ки фаъолияти асосии он иктишоф ва коркарди саноатии маъданҳои дорои тилло, мис ва дигар металлҳо мебошад.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои фаъолгардонии кори ширкат дар Тоҷикистон ва таҳияи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар соҳаи санаоти куҳӣ барои истихроҷу коркарди маъданҳо ва сарватҳои зеризаминӣ муҳокима гардиданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба бунёди корхонаҳои муштарак бо ворид кардани технологияи муосири аз ҷиҳати экологӣ тоза, истеҳсоли маҳсулоти хушсифату ҷавобгу ба талаботи бозорӣ ҷаҳонӣ ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, табодули андеша карданд.

Роҳбарияти ширкати чинӣ барои таваҷҷӯҳ ва дастгирии ҳамаҷониба ба  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520