Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар шаҳри Турсунзода

24.05.2023 08:53, шаҳри Турсунзода
Ифтитоҳи бинои шуъбаи минтақавии муборизабар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар шаҳри Турсунзода  24.05.2023

24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бинои шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар гурӯҳи ноҳияҳои Ҳисори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.

Бинои нав аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дар он барои кормандони мақомоти милитсия тамоми инфрасохтори зарурӣ бо дарназардошти талаботи замон фароҳам оварда шудааст.

Иншооти мазкур бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати умумии як гектар замин бунёд гардидааст.

Мувофиқи лоиҳа бинои нав барои пешбурди фаъолияти самараноки дастаи махсуси зудамали шуъба пешбинӣ гардида, дорои 24 ҷойи хоб барои афсарон мебошад.

Бинои навбунёд аз маҷлисгоҳ барои 50 ҷойи нишаст, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Маҷлисгоҳ бо нишастгоҳҳои замонавӣ таъмин буда, барои гузаронидани чорабиниҳо ва мулоқотҳо пешбинӣ гардидааст.

Дар китобхонаи электронӣ номгӯи зиёди адабиёти соҳавӣ ва асарҳои илмию бадеии тозанашр мавҷуд аст, ки кормандон метавонанд дар вақти муносиб ба мутолиа машғул шуда, дониш, малака ва ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд.

Барои ба варзиш машғул шудани кормандони шуъба, хусусан дастаи зудамал майдон ва як толори варзишӣ сохта шудааст. Майдону толор бо тарҳи муосир бунёд гардида, бо таҷҳизоти зарурии машқу тамрин таъмин аст. Масоҳати майдони варзишӣ 600 ва толори варзишӣ 120 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520