Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган

29.05.2023 09:20, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Шуморо ба муносибати пирӯз гардиданатон дар интихоботи президенти Ҷумҳурии Туркия табрик ва таҳният гуфта, таманниёти неку самимии худро мерасонам.

Натиҷаҳои ин чорабинии муҳими сиёсӣ боз як далели эътимоди ҷомеаи Туркия ба Шумо ва аз ҷониби он ба таври васеъ дастгирӣ ёфтани сиёсати созандаатон мебошад, ки ба рушди пойдори кишвар ва таҳкими нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст.

Бо истифода аз фурсат мехоҳам таваҷҷуҳи пайвастаи Шуморо ба раванди густариши робитаҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистону Туркия таъкид намоям.

Бовар дорам, ки дар давраи нави фаъолияти Шумо дар ин маснади олӣ мо муколамаи созандаи байнидавлатии ҷонибҳоро идома бахшида, ба нафъи мардумонамон мазмуну муҳтавои муносибатҳои шарикии дарозмуддати ду кишварро бо тадбирҳои нави амалӣ боз ҳам ғанӣ хоҳем гардонид.

Ба Шумо, дӯсти гиромӣ, сиҳатмандии комил ва комёбиҳо дар роҳи татбиқи ниятҳову иқдомҳоятон ҷиҳати пешрафти минбаъдаи кишваратон, ба мардуми бародари Туркия сулҳу амонӣ ва шукуфоии бардавом орзумандам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520