Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо сокинони шаҳри Турсунзода дар варзишгоҳи марказӣ

11.07.2008 13:00, шаҳри Турсунзода

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини мӯҳтарам!

Имрӯз шаҳри Турсунзода бо симои идона ва ширкати мардуми сарбаланду меҳнатқаринаш тантанаи ба истифода супоридани варзишгоҳи марказиро, ки дорои зиёда аз 14 ҳазор ҷойи нишаст мебошад, истиқбол мегирад.

22-уми марти соли 2007, мову шумо дар ҳамин варзишгоҳи ҳанӯз нотамом ҷашни Наврӯзро истиқбол гирифта, дуои хайр карда будем, ки ин боргоҳи мубораки наврӯзӣ ба як иншооти мӯҳташами варзишӣ табдил ёбад, то ки мо тавонем минбаъд дар он бузургтарин тантанаҳои мардумӣ, ҷашну чорабиниҳои давлатӣ ва инчунин мусобиқоти байналмилалии варзиширо баргузор намоем.

Ва чунон, ки ҳоло мебинем, бо ҳиммати ватандӯстона ва саъю кӯшишҳои пайвастаи сохтмончиёну муҳандисон ва коргарони дорои касбу кори гуногун ин варзишгоҳи мӯҳташами замонавӣ ба анҷом расида, боз як гӯшаи шаҳри зебоманзари Турсунзода ҳусни тоза гирифтааст.

Бинобар ин, бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи сохтмончиёну коргарони ободгару офаранда, кулли сокинони шаҳри Турсунзода ва мардуми сарбаланди водии Ҳисорро барои чунин иқдоми наҷиби созанда ва ташаббуси боз ҳам ободу зеботар гардонидани кишвари азизамон самимона табрику таҳният мегӯям ва инчунин ба ҳамаи онҳое, ки дастгирии худро дар ин кори хайр дареғ надоштаанд, изҳори сипосу қадрдонӣ менамоям.

Варзиш қисми муҳими фарҳанги умумибашарӣ ва қосиди сулҳу амонӣ буда, ба таҳкими саломатӣ ва инкишофи қобилияти ҷисмониву маънавии инсон, хусусан ҷавонон мусоидат мекунад.

Дар баробари ин, варзиш воситаи муҳими ташкил ва баргузории фароғат ва омили муҳими ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод ва густариши дӯстиву рафоқат дар байни одамон мебошад.

Имрӯз метавонем бо қаноатмандӣ изҳор намоем, ки варзишгарони тоҷик дар бисёр мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷоизаҳои тилло ва ҷойҳои аввалро соҳиб шуда, шӯҳрату эътибори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.

Аз ин лиҳоз, итминони комил дорам, ки бо дастгирии давлат ва дар сатҳи меъёрҳои замонавӣ бунёд гардидани ин варзишгоҳи муосир боиси пешрафти минбаъдаи соҳаи варзиш мегардад ва ҷавонони мо анъанаи неки варзишгарони номии мамлакатамонро идомаи нек мебахшанд.

Шаҳри Турсунзода воқеан шаҳри дӯстиву бародарӣ ва ҳамкории деринаи халқу миллатҳои гуногун буда, беҳуда номи яке аз фарзандони бузурги миллати тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон - устод Турсунзодаро ба худ нагирифтааст.
Ин шоири бузург ва ходими намоёни давлатӣ, ки фарзанди ҳамин диёр аст, тараннумгари воқеии сулҳу дӯстӣ ва равобити созандаву судманди миёни халқҳо буда, бо ашъори дилпазиру афкори ватандӯстонаи худ доир ба сулҳу ваҳдат ва дӯстиву рафоқат Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ошно кардааст.

Бинобар маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ мардуми бунёдкору ободгар ва фарҳангдӯсти водии Ҳисор дар ҳама давру замонҳо ҳусни тафоҳум, равобити мусолиматомез ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаро аз ҳар гуна мухолифату низоъ авлотар медонистаанд.

Сокинони ин диёри бостонӣ бо косибӣ, махсусан кулолгарӣ, заргарӣ, бофандагӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ аз замонҳои қадим шӯҳрат доштаанд.

Шаҳристону кӯшкҳои мӯҳташам ва иморатҳои зебову барҳаво, боғҳои сарсабз, меваҳои шаҳдбор, иқлими гуворову мусоид ва табиати хушманзараи ин диёр дар давоми асрҳои зиёд диққати сайёҳон, инчунин тоҷирони кишварҳои Шарқу Ғарбро ба худ ҷалб мекарданд.

Сарзамини куҳанбунёди водии Ҳисори шодмон борҳо дар натиҷаи тохтутозу ғоратгариҳои лашкаркашони аҷнабӣ харобу валангор гашта, қасру кӯшкҳои овозадораш яксони хок шудаанд, вале ин ҳама азму ирода ва рӯҳи созандагӣ, суннатҳои ободгариву офарандагии мардуми моро шикаста натавонистанд.

Мардуми сарбаланд ва фарҳангпарвари водии Ҳисори шодмон даст ба дасти ҳамдигар дода, боз аз паи киштукор, ободонии қасру хонаҳои харобгаштаи худ мешуданд ва овозаи ин водии зархез боз ба чаҳор самти олам паҳн мешуд.

Имрӯз низ баъд аз афрошта шудани парчами истиқлолият дар Тоҷикистон шинохти асолати таърихии миллат, арҷ гузоштан ба забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ, инчунин ҳифзи онҳо муҳимтарин самти сиёсати фарҳангии давлати мо ба шумор меравад.

Ин амр тақозои замони ҷаҳонишавист, зеро ба андешаи коршиносон дар ибтидои асри XXI талош барои аз худ кардани сарватҳои табиӣ, бозорҳои ҷаҳонӣ ва ҳамзамон бо ин, таҳти таъсир қарор додани кишварҳо ва минтақаҳои осебпазир шиддати бесобиқа касб кардааст.

Ин хоҳу нохоҳ моро ба посдошти маърифати маънавӣ, худшиносии милливу фарҳангӣ, дар маҷмӯъ ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори ватандорӣ водор месозад.

Дар айни замон, ба андешаи ман густариши раванди ҷаҳонишавӣ, ҳамчун падида ё тамоюли асосии асри нав ва ҳазорсолаи нав дар баробари ҳифзи муқаддасоти миллӣ ҳамгироии зичи халқу кишварҳои гуногунро дар самти пешрафти техникӣ, технологияи иттилоотӣ, дастовардҳои навини илм, падидаҳои тозаи иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳамчунин равобити васеи халқҳо ва кишварҳоро тақозо мекунад.

Дӯстони азиз!

Шаҳри Турсунзода яке аз марказҳои бузурги саноатии мамлакат ба шумор рафта, дар он корхонаи пуриқтидори истеҳсоли алюминий бо маҳсулоти пурқимат ва стратегии худ шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст.

Ин корхона дар зарфи солҳои фаъолияташ ҳазорҳо коргарони дорои касби гуногунро ба камол расонида, ба мактаби тарбияву омӯзиши мутахассисон ва коргарони миллӣ табдил ёфтааст.

Корхонаи алюминий дар ин муддат на танҳо боиси болоравии сатҳи зиндагии мардум гардид, балки ҳамчун омили муҳими ташаккули маърифат, сатҳи маданият ва ҷаҳонбинии сокинони шаҳр ва гирду атрофи он хизмат кард.

Ба шарофати ин корхонаи бузурги саноатӣ даҳҳо хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ, муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистонҳо ва истироҳатгоҳу фароғатгоҳҳо қомат афрохта, шаҳр симои замонавӣ пайдо намуд.

Корҳои сохтмону азнавсозии ин варзишгоҳи обод низ, ки ҳоло мову шумо ба муносибати ифтитоҳи он гирди ҳам омадаем, пурра бо кӯмаки молиявии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба маблағи қариб панҷуним миллион сомонӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Дар давоми солҳои истиқлолият дар ноҳияи Турсунзода даҳҳо мактабҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои тиббиву фарҳангӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ қомат афрохтанд, ки ин, албатта, ба пешрафти маорифу маънавиёт ва сатҳи маърифати мардум мусоидат менамояд.

Имрӯз аз субҳ то ба назди шумо омаданамон боз 3 муассисаи нави таълимӣ – мактаби таҳсилоти умумӣ барои 1200 нафар хонанда дар деҳаи Батош, як мактаби дигар дар ҷамоати деҳоти Навобод барои 324 нафар ва литсеи Президентӣ барои кӯдакони лаёқатмандро ба истифода додем ва итминон дорем, ки онҳо барои соҳиби саводу донишҳои замонавӣ шудани фарзандони шумо – мардуми шарифи шаҳри Турсунзода хизмат хоҳанд кард.

Ҳукумати мамлакат минбаъд низ ба хотири фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи насли наврас саъй хоҳад кард, зеро маориф ҳамчун соҳаи ояндасоз яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати мо мебошад.

Ҳоло дар ноҳияи Турсунзода садҳо хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ фаъолият мекунанд, ки дар асоси истифодаи усулҳои нави хоҷагидорӣ ва киштукор ба комёбиҳои назаррас ноил мешаванд.

Ман басо хушҳолам, ки ҳар як ваҷаб замини ин ноҳия самаранок истифода мешавад ва деҳқонони пухтакору таҷрибадор аз як қитъа ду- се ҳосил мегиранд.

Ҳар боре, ки бо вазъи кишту кор ва ҳосили заҳмати деҳқонони водии Ҳисор ва ноҳияи Турсунзода шинос мешавам, бовариам ба воқеият будани таъмини амнияти озуқавории кишвар дучанд мегардад.

Махсусан хоҷагиҳои боғу токпарварии даҳҳо деҳқонони асилу кордон на фақат шӯҳрати ноҳия, балки кишварамонро дар арсаи ҷаҳон баланд мебардоранд.

Дастовардҳои рӯзафзуни деҳқонони Турсунзода дар рушди соҳаҳои пахтакорӣ, сабзавоткорӣ ва боғдориву ангурпарварӣ шоистаи таҳсин мебошанд.
Яъне онҳо метавонанд бо маданияти баланди заминдорӣ, истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замини киштбоб, коридани тухмиҳои серҳосил, рӯёнидани ҳосили фаровон ва афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ ба деҳқонони дигар ноҳияҳои минтақа намунаи ибрат бошанд.

Болоравии нархҳои ҷаҳонии маводи озуқа мову шуморо водор месозад, ки дар навбати аввал ба парвариши навъҳои серҳосили ғалладона эътибори хоса дода, бо рӯёнидани ду-се ҳосил аз як қитъаи замин ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро зиёд кунем ва бо ҳамин роҳ амнияти озуқавории мамлакатро таъмин намоем.

Чунон ки дар муроҷиатномаи худ ба мардуми кишвар таъкид карда будам, мо бояд корро тавре ба роҳ монем, ки дар ҳар як хонавода захираи дусолаи маводи асосии озуқаворӣ вуҷуд дошта бошад, то мардум аз болоравии нарх ва дигар тағйироти бозори ҷаҳонӣ танқисӣ накашад.

Бинобар ин, муташаккилона анҷом додани маъракаи дарав, сари вақт таъмин кардани кишти такрорӣ, вусъат додани омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода, инчунин тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои истиқоматӣ ба муносибати ҷашну чорабиниҳои бузурге, ки ба нақша гирифта шудаанд, аз ҷумла 17-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 1150-солагии зодрӯзи устод Рӯдакӣ ва Соли бузургдошти забон аз ҳамаи мову шумо заҳмати шабонарӯзӣ ва муносибати содиқонаву софдилонаро ба манфиати Ватан ва давлатамон тақозо мекунанд.

Заминҳои ҳосилхезу зарнисори водии Ҳисор ҳазорҳо сол боз мардуми моро мехӯронанду мепӯшонанд.

Итминони комил дорам, ки имрӯзу оянда низ деҳқонони шӯҳратёри ин водӣ бо дастовардҳои арзандаи худ, ба пешрафти соҳаи кишоварзии мамлакат такони ҷиддӣ медиҳанд.

Дар охир ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забон, ки баъди чанд рӯз фаро мерасад, табрик гуфта, ба шумо саломатӣ, умри дароз, файзу баракат ва дӯстиву рафоқати пойдор орзу менамоям.

Бигзор шӯҳрату овозаи шаҳри Турсунзода ва водии Ҳисори зарнисор бо фарзандони сарбаланду бонангу номусаш сол ба сол зиёда гардад.

Бигзор Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо – Ватани ҳамаи сокинони он аз заҳмати софдилона, фаъолияти содиқона ва кору пайкори ватандӯстонаи ҳамаи шаҳрвандонаш ба кишвари ободу осуда ва пешрафтаву шукуфо мубаддал гардад!

Саломату хонаобод бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520