Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон

06.07.2008 17:00, Қазоқистон

Рӯзҳои 5 ва 6-уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони як қатор давлатҳо ва чорабиниҳои идонаи бахшида ба 10-солагии бунёди пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон ба шаҳри Остона сафар кард.

Вохӯрии сарони давлатҳо дар қасри Акордаи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Остона баргузор гашт.

Дар он сарони давлатҳои Арманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Қирғизистон, Шоҳигарии Урдун ва дигар меҳмонони олимақом иштирок намуданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро бо зодрӯз ва солгарди 10-уми бунёди шаҳри Остона самимона табрику таҳният гуфт.

Дар вохӯрӣ байни сарони давлатҳо оид ба масоили ҳалталаб дар роҳи таҳкиму густариши ҳамкории гуногунҷанбаи иқтисодию фарҳангӣ ва мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир дар қаламрави беканори Авруосиё гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Дар ҳошияи ин чорабинӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба масоили ҳалталаби ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мубодилаи афкор намуд.

Сӯҳбатҳои ҷолибу пурмӯҳтаво оид ба дурнамои муносибатҳои умедбахши Тоҷикистону Россия байни сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев сурат гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳои номбурда дар яке аз гӯшаҳои таърихии шаҳри Остона ба хотири таҳкими дӯстию рафоқат ва густариши робитаҳои башардӯстӣ байни намояндагони миллату халқиятҳои гуногун яктогӣ навниҳол шинонданд.
Бегоҳии рӯз сарони давлатҳо дар тантанаҳои идонаи бахшида ба солгарди 10-уми бунёдёбии шаҳри Остона ва галаконсерти ҳунармандони шинохтаи Қазоқистону Россия иштирок намуданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ маҷмӯъи масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркия дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд.

Мусоҳибон аз вуҷуди заминаи хуби қарордодию ҳуқуқии ҳамкории ду кишвар ва мубодилаи молу маҳсулот, ки ҳаҷми он дар соли гузашта аз 500 миллион доллари амрикоӣ гузашта буд, изҳори қаноатмандӣ карданд ва ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки сатҳу сифати робитаҳо ҷавобгӯйи имкону захираҳои мавчуда нестанд.

Тавачҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба масоили густариши робитаҳои фарҳангӣ зоҳир гардид.

Абдулло Гул Эмомалӣ Раҳмонро даъват намуд, ки дар Форуми ҷаҳонии об, ки моҳи марти соли оянда дар Туркия баргузор мегардад, иштирок намояд.
Даъват бо назардошти он, ки Тоҷикистон яке аз ташаббускорони асосии ҳаллу фасли масоили глобалии вобаста ба об аст, бо қаноатмандӣ пазируфта шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи масоили амнияти минтақавию ҷаҳонӣ ва ҳамгироӣ дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Бо ҳамин барномаи сафар ба Ҷумҳурии Қазоқистон ба поён расид. Нимаи дуюми рӯзи 6 июл Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Остона ба Ватан омад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520