Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон

27.06.2008 19:00, шаҳри Бохтар

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар тантанаҳои ҷумҳуриявии бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон ба шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон сафар кард.

Мусаллам аст, ки тамоми ҷашнҳои давлатии Тоҷикистон бинобар сиёсати бобарори бунёдкорию созандагии Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон бо сохтмон, таъмиру таҷдид ва азнавсозию ободонии иншооти гуногуни ҳаёти ҷомеа тавъаму печида гаштаанд. Дар чаҳорчӯби таҷлили солгарди 11-уми Рӯзи Ваҳдати миллӣ низ дар тамоми гӯшаю канори кишвар иншооти бешумори дорои аҳамияти иҷтимоию фарҳангӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.

Роҳбарият ва аҳли ҷомеаи вилояти Хатлон ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар фурӯдгоҳи шаҳри Қурғонтеппа бо эҳтирому самимияти хосса ва арҷгузорию қадрдонӣ аз хизматҳои шоёни таҳсинаш истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросимҳои ба кор шурӯъ намудани 6 иншооти нави иҷтимоӣ иштирок намуд, ки шумораи ками тамоми иншооти ҷашниро дар шаҳри Қурғонтеппа ва қаламрави вилояти Хатлон ташкил медиҳанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маросими ба истифода додани як хонаи истиқоматӣ дар кӯчаи Дӯстии халқҳои шаҳри Қурғонтеппа иштирок намуд. Бо буридани лентаи рамзӣ ин бинои чорошёнаи дорои 20 хонаи истиқоматии 1, 2 ва 3- ҳуҷрагӣ расман ба истифода дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо шароити хуби дар ин хонаҳо муҳайёгашта аз наздик шинос шуда, ба чанд нафар кормандони пешқадами шаҳри Қурғонтеппа калидҳои хонаҳои навро тақдим намуд.

Сипас бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи Ваҳдати миллии шаҳри Қурғонтеппа кушода шуд, ки рамзи асосии ҷашни имсолаи Ваҳдат буда, ин мавзеъро ба яке аз гӯшаҳои зеботарини маркази вилояти Хатлон табдил додааст.

Дар зери он осорхонаи Ваҳдат бунёд ёфтааст, ки дар он осори арзишманди ҳокӣ аз рӯзҳои сахту сангин ва ҳамчунин дастовардҳои сиёсати ваҳдатофарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ҷамъоварӣ шудаанд.

Аз ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба иншооти нави дигари ҷашнӣ - Маркази вилоятии озмоишии «Тоҷикстандарт» ташриф оварда, дар фазои тантанавӣ онро расман мавриди истифода қарор дод.

Чунонки маълум шуд, ин марказ бо техникаю таҷҳизот ва технологияи муосири ташхиси тамоми молу маҳсулот, пеш аз ҳама маводи ғизоӣ муҷаҳҳаз гашта, дорои шароити хубӣ корӣ аст.

Ба суол оид ба мӯҳлати ташхиси молу маҳсулот посух доданд, ки вақти ташхису хулосабарорӣ аз 4-5 рӯзи пешина имрӯз то ба 1 ё 2 рӯз кам карда шудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки вақти ташхис ҳоло ҳам кӯтоҳ карда шавад, зеро ки ҳалли ин масъала, ба андешаи ӯ, метавонад яке аз роҳҳои асосии ҳавасмандгардонии соҳибкорону тоҷирони ватанӣ баҳри истеҳсол ва воридоти молу маҳсулот гардад.

Дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Қурғонтеппа Маркази ташхису табобатии "Даво" бо фотиҳаи неки Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Зимни шиносоӣ бо шароити он таъкид гардид, ки марказ аз ҷониби соҳибкорони хусусӣ ва мутахассисони варзидаи соҳаи тиб бунёд ёфта, дорои техникаю таҷҳизоти муосири муоинаю муолиҷа мебошад.

Як тамографи сохти олмонии он, ки тамоми узвҳои баданро муоина мекунад, бори аввал бо дасти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба кор дароварда шуд ва вазъи саломатии нахустин бемор ташхис гардид. Зимни шиносоӣ ҳамчунин зикр гардид, ки чунин таҷҳизоти гаронарзиши хушсифат ба вилояти Хатлон бори нахуст ворид карда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ифтитоҳи боз як Маркази тиббии хусусӣ, ки "Хатлон" номгузорӣ шудааст, иштирок намуд.
Чунонки аз сӯҳбатҳо маълум шуд, дар ин ду маркази хусусии тиббӣ барои қариб 130 нафар ҷойҳои нави корӣ бо маоши баланд мӯҳайё гаштааст.
Маркази тиббии Хатлон низ дорои техникаю таҷҳизоти хушсифати муоинаю муолиҷа ва ҳамчунин утоқҳои муҷаҳҳази ҷарроҳӣ, аз ҷумла ҷарроҳии устухон будааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа ва соҳибкорони хусусӣ маслиҳат дод, ки ҳамчунин баҳри бунёди клиникаи муосири дандонпизишкӣ ва маркази ягонаи ташхиси хун чораандешӣ кунанд, то ки эҳтиёҷмандони мо бо сарфи маблағҳои калон ба клиникаҳои пешрафтаи хориҷи кишвар камтар муроҷиат кунанд.

Дар ҳамин кӯча ҳамчунин бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ ва шукргузорӣ аз неъматҳои ваҳдату ягонагӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар як литсейи нави тамоюли технологӣ ба кор дароварда шуд.

Чунонки маълум шуд, ин нахустин литсейи тамоюли технологӣ дар тамоми қаламрави Тоҷикистон аст.

Литсей аз 13 синфхона иборат буда, барои 320 хонанда пешбинӣ шудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз синфхонаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотии компютерӣ ва ғайра дидан карда, бо аҳли мактаб сӯҳбатҳои дилнишин анҷом дод.

Дар саҳни ҳавлии литсей Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорону хонандагони сершумор муроҷиат намуд ва онҳоро ба таълиму тарбияи хуби фарзандон, омӯзиши амиқи илмҳои замона ва омода кардани ҷавонони ояндасози кишвар ҳидоят намуд.

Бори дигар хотиррасон бояд кард, ки ин шумораи ками иншооти дар остонаи ҷашни имсолаи Ваҳдати миллӣ бунёдёфта аст. Танҳо дар шаҳри Қурғонтеппа имсол дар арафаи ин иди фархунда наздики 50 иншооти хурду бузург сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифт.

Бо ташаббусу раҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар минтақаҳои гуногуни кишвар таҷлил гардидани иди Ваҳдати миллӣ, Наврӯзи хуҷастапай ва дигар ҷашнҳои давлатӣ ба ободу зебо гаштани тамоми гӯшаи Ватани азизамон боис мегардад.

Тантанаҳои имсолаи Ваҳдати миллии Тоҷикистон дар Кӯлобшаҳри бостонӣ оғоз ёфта, дар шаҳри Қурғонтеппа идома ёфтанд. Омодагӣ ба таҷлили ин ҷашни фархунда боис шуд, ки водии Вахши аз нобасомониҳои солҳои аввали истиқлолияти давлатии Тоҷикистон беш аз ҳама зарардида хеле ободу зебо гардад.

Чорабинии марказии Рӯзи Ваҳдати миллии ҷумҳуриявӣ бегоҳии рӯз дар варзишгоҳи Пахтакори шаҳри Қурғонтеппа баргузор мегардад, ки он бо суханронии шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз хоҳад шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520