Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маҷлиси фаъолони вилояти Суғд доир ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят

15.05.2008 16:00, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дӯстони азиз!
Ҳозирини мӯҳтарам!

Тавре ки шумо дар хотир доред, моҳи ноябри соли гузашта дар машварати корӣ масъалаҳои асосии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоятро мавриди баррасӣ қарор дода, бо мақсади таъмини пешрафти онҳо иҷрои як қатор вазифаҳои таъхирнопазирро ба миён гузошта будем.

Бо дарназардошти мушкилоте, ки бинобар бӯҳрони энергетикӣ ва болоравии нархҳои ҷаҳонии маҳсулоти нафтӣ ва маводи ғизоӣ ба миён омад ва ба сатҳи зиндагии мардуми мо зарари ҷиддӣ ворид намуд, зарур донистам, ки барои ташкили омодагии ҷиддӣ ба фаслҳои тирамоҳу зимистон, таъмини амнияти озуқавории мамлакат, рушди устувори тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, ошкор ва бартараф кардани камбудиву норасоиҳо ва беҳбудии вазъи зиндагии мардум имрӯз бо шумо боз як машварати корӣ доир намуда, вазифаҳои навро муайян кунем ва барои ҳаллу фасли онҳо чораҳои иловагӣ андешем.

Зеро аз сардии шадиду тӯлонии имсола, норасоии қувваи барқ ва афзоиши арзиши маводи асосии истеъмолӣ тамоми сокинони мамлакат, аз ҷумла аҳолии вилояти Суғд ва субъектҳои хоҷагидорӣ ба душвориҳои зиёд дучор шуданд.

Барои бартараф намудани мушкилоти мавҷуда дар вилоят захираву имкониятҳои зиёд ҳастанд ва ба мо зарур аст, ки истифодаи саривақтӣ ва оқилонаву самарабахши онҳоро ташкил кунем.

Аз таҳлили нишондиҳандаҳои чормоҳаи соҳаҳои иқтисодии вилоят ва пеш аз ҳама саноат бармеояд, ки бо вуҷуди афзудани истеҳсоли як қатор маҳсулоти саноатӣ истихроҷи гази табиӣ, тавлиди нерӯи барқ, фаъолияти саноати сабук, аз ҷумла коркарди маҳсулоти кишоварзӣ коҳиш ёфтааст.

Дар 9 шаҳру ноҳияи вилоят, аз ҷумла Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Панҷакент, Конибодом, Айнӣ, Ҷаббор Расулов ва Қайроққум ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта паст шудааст.

Аз 235 корхонаи саноатӣ дар 72 корхона истеҳсоли маҳсулот нисбат ба соли гузашта кам шуда, 31 корхона аз фаъолият бозмондааст.

Дар корхонаҳои муштараки «Зарафшон» ва «Апрелёвка» низ истеҳсоли маҳсулот кам гардидааст.

Яке аз сабабҳои коҳиш ёфтани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз як тараф нарасидани қувваи барқ бошад, аз тарафи дигар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудани истифодаи имкониятҳо ва иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳо, бахусус корхонаҳои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, ба Вазорати энергетика ва саноат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин роҳбарони корхонаҳои саноатӣ зарур аст, ки дар хусуси бо технологияи муосир ва аз лиҳози истеъмоли барқ каммасраф ташкил намудани истеҳсолоти нав ва бо маҳсулоти хушсифати саноатии ватанӣ таъмин кардани бозори дохилии кишвар чораҳои қатъӣ андешанд.

Мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015 бояд дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Зафаробод ва Спитамен истеҳсолоти ресандагиву бофандагӣ ва дӯзандагӣ ташкил карда шаванд, вале то имрӯз сохтмони онҳо ғайриқаноатбахш ҷараён дорад.

Бояд зикр кард, ки таъсиси корхонаҳои нав бо истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ва ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Дар давоми чор моҳ дар вилоят беш аз 10 корхонаи нав, инчунин як қатор корхонаҳои аз фаъолият бозмондаба кор андохта шудааст, ки ин нишондиҳандаи хуб аст, вале мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар ин самт имкониятҳои мавҷударо ҳанӯз ҳам пурра истифода накардаанд.

Тавре ки маълум аст, ҳоло қисми зиёди корхонаҳои саноатӣ хусусӣ гардонида шудаанд. Аммо баъзе соҳибмулкони нав доир ба масъалаи бисёр муҳим - ворид намудани техникаву технологияи замонавӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир чораҳои ҷиддӣ наандешида истодаанд.

Дар қаламрави вилоят ҳоло 99 корхонае ба қайд гирифта шудааст, ки сармояи оинномавии онҳо ба инвеститсияи хориҷӣ асос ёфтааст, вале имрӯз қисми зиёди чунин корхонаҳо фаъолият надоранд.

Аз таҳлили фаъолияти чунин корхонаҳо бармеояд, ки дар онҳо ба камбудиву қонунвайронкуниҳои зиёд роҳ дода шудааст.
Ба ғайр аз ин, қисми зиёдашон аз рӯзи таъсисёбии худ ягон солро бо фоида ҷамъбаст накарда, баръакс сол аз сол ҳаҷми қарздориашон афзуда истодааст.

Бинобар ин, ба Вазорати энергетика ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят зарур аст, ки бо соҳибмулкони нав масъалаи дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин фаъол гардонидани корхонаҳои саноатиро ҳаллу фасл намоянд.

Дар акси ҳол нисбат ба корхонаҳои саноатие, ки иқтидорҳои истеҳсолиро пурра истифода карда наметавонанд, муқаррароти Қонун «Дар бораи муфлисшавӣ»-ро татбиқ намоянд.

Воқеан, дар вилоят чун дар тамоми қаламрави кишвар дар фаслҳои тирамоҳу зимистон нарасидани қувваи барқ проблемаи асосӣ мебошад. Доир ба ҳаллу фасли он ман дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ тадбирҳои андешидаи Ҳукуматро батафсил зикр намудам.

Яке аз масъалаҳои асосӣ ва стратегии соҳаи энергетикаи мамлакат барои солҳои наздиктарин сохта, ба истифода додани силсилаи нерӯгоҳҳои барқи обии хурду бузург ва таъмиру таҷдид кардани нерӯгоҳҳои мавҷуда мебошад.

Вобаста ба ин, таваҷҷӯҳи роҳбарони Вазорати энергетика ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Ширкати «Барқи Тоҷик», инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро бори дигар ба ҳаллу фасли масъалаҳо ва вазифаҳои зерин, ки шиддати нарасидани қувваи барқро дар вилоят то андозае паст мегардонанд, ҷалб менамоям:

1. Таҳияи лоиҳаи асосноккунии техникиву иқтисодии нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар ноҳияҳои кӯҳистони вилоят, инчунин бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва бо истифодаи манбаъҳои алтернативӣ, аз ҷумла захираҳои ангишти Шӯроб ва Фон-Яғноб ташкил кардани нерӯгоҳҳои хурд.
2. Ҳарчи зудтар ташкил кардани корҳои таъмиру таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум.

3. Суръати тоза бахшидан ба сохтмони хатти интиқоли барқи «Ҷануб – Шимол», зеристгоҳи «Хуҷанд – 500» ва пеш аз мӯҳлат ба истифода додани он.
4. Бо ҷалби сармояи хориҷиву дохилӣ омода кардани лоиҳаи бунёди хатти интиқоли барқи баландшиддати 500-киловаттаи Хуҷанд – Қирғизистон – Алмаато.

5. Ба истифода додани маркази барқу гармидиҳии шаҳри Чкалов ва сохтмони чунин марказ дар шаҳраки Шӯроб.

6. Афзун намудани истеҳсолу захираи ангишт ва ташкили нуқтаҳои фурӯши гази моеъ ва ангишт.

7. Таъмини ҳатмии чорабиниҳои пешбиникардаи Ҳукумати мамлакат доир ба омода намудани тамоми соҳаҳои вилоят ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009.

8. Андешидани тадбирҳои муассир доир ба ҷамъоварии ҳаққи қувваи барқу газ, таъмири зеристгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ ва пешгирии талафоти он.

9. Бо мақсади ба роҳ мондани истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ворид кардан ва ҷорӣ намудани технологияву таҷҳизоти каммасрафи барқӣ.

10. Ҷиҳати бартараф кардани оқибатҳои қафомонӣ дар моҳҳои июн – октябр дар се баст ташкил намудани фаъолияти корхонаҳои саноатии вилоят.
Масъалаи пардохти маблағи барқи истифодашуда чун солҳои пешин дар вилоят ҳанӯз ташвишовар мебошад.

То 1 январи соли 2008 маблағи умумии қарз аз напардохтани ҳаққи қувваи барқ дар вилоят қариб 46 миллион сомониро ташкил мекард, вале дар давоми се моҳи гузашта ҳаҷми қарз ба ҷойи кам шудан, баръакс, боз ба маблағи 2 миллион сомонӣ афзудааст.

Мувофиқи маълумоти фаврии Ширкати «Барқи Тоҷик» қарзи аз ҳама бештар ба аҳолӣ (8,7 млн. сомонӣ), муассисаҳои Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об (30,2 млн. сомонӣ), инчунин корхонаҳои кишоварзӣ (1,7 млн. сомонӣ) ва ташкилотҳои буҷетӣ (1,2 млн.сомонӣ) рост меояд.

Дар пардохти ҳаққи гази табиӣ низ чунин қарзҳои калон мавҷуданд. Ҳаҷми умумии он ҳоло дар вилоят беш аз 58 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар бартараф намудани камбудиҳо ва иҷрои вазифаҳои зикршуда, ки ҳадафи асосӣ аз онҳо ба таври зарурӣ таъмин кардани аҳолӣ бо қувваи барқ, маҳсулоти саноатӣ ва ҷойи кор мебошад, дар баробари масъулони соҳаҳои саноат ва энергетика шумо - роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо низ масъулияти азимро ба зимма доред ва иҷрои ин масъулият вазифаи ҷонии шумо низ мебошад.

Проблемаи дигаре, ки алҳол дар назди мову шумо қарор дорад, тавассути рушду тараққӣ додани соҳаи кишоварзӣ таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар мебошад.

Зеро бозори истеъмолии мамлакати мо ҳанӯз аз молҳои зарурати аввалияе, ки асосан аз хориҷ ворид карда мешаванд, вобаста аст.

Бояд қайд кард, ки солҳои охир тафовути байни истеъмол ва истеҳсоли худии маводи озуқа тадриҷан меафзояд. Ин омил сатҳи вобастагии бозори дохилиро аз маҳсулоти воридотӣ боз ҳам баланд гардонида, ба амнияти иқтисодии давлат хатар эҷод мекунад.

Дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ истиқлолияти иқтисодӣ дар сурате амалӣ мегардад, ки агар ҳиссаи воридот дар истеъмолоти дохилӣ аз 25 фоиз зиёд набошад. Вале кишвари мо тахминан 60 фоизи талаботи озуқавории худро аз ҳисоби воридот таъмин мекунад.

Барои паст кардани сатҳи вобастагии бозори истеъмолӣ аз молҳои воридотӣ ба мо зарур аст, ки истеҳсоли маҳсулоти озуқаро дар солҳои наздиктарин хеле зиёд карда, бо ҳамин роҳ амнияти озуқавории мамлакатамонро таъмин намоем. Барои ин бояд пеш аз ҳама ба соҳаи кишоварзӣ такя карда, истифодаи оқилонаву самараноки замин ва хусусан заминҳои обиро ба роҳ монем.

Дар давоми чор моҳи гузашта дар вилояти Суғд маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2007-ум 6 фоиз зиёд шудааст. Аз таҳлили маълумоти мавҷуда бармеояд, ки дар айни ҳол дар қаламрави вилоят вазъи истифодаи ҳам замини обӣ ва ҳам лалмӣ то андозае беҳтар гардидааст.

Бо дарки болоравии нархҳои ҷаҳонии маводи ғизоӣ, бахусус орду гандум кишоварзони вилоят ҳар ваҷаб заминро, ки дар он имконияти кишт кардан вуҷуд дорад, мавриди истифода қарор дода, ба баланд бардоштани ҳосилнокии ғалла аҳамияти ҷиддӣ зоҳир карда истодаанд.

Ҳоло дар қаламрави вилоят дар майдони беш аз 42 ҳазор гектар кишти баҳории зироати ғалладона анҷом дода шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 10 ҳазор гектар зиёд мебошад.

Вале соҳаи сабзавоткориву картошкапарварӣ беҳбудиро тақозо менамояд. Бо вуҷуди афзоиши майдони кишти картошка дар вилоят нисбат ба соли гузашта қариб 1000 гектар кам сабзавот кишт карда шудааст. Кишти сабзавотро асосан кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт кам кардаанд.

Пахтакорӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзии вилоят мебошад, вале дар ин бахш ҳанӯз норасоиҳои зиёд мушоҳида мешаванд.
Сабаби асосии вазъияти баамаломада фаъолияти номуназзами дастгоҳҳои обкашӣ бинобар таъминоти нокифояи қувваи барқ ва норасоии об мебошад.

Бинобар ин, ба вазоратҳои энергетика ва саноат, мелиоратсия ва захираҳои об, кишоварзӣ, Ширкати «Барқи Тоҷик» ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои пахтакор супориш дода мешавад, ки доир ба таъминоти мӯътадили истгоҳҳои обкашӣ чораҳои зарурӣ андешанд ва барои дар асоси талаботи агротехникӣ ба роҳ мондани парвариши пахта шароит ва имконияти заруриро фароҳам созанд.

Вобаста ба ин, мехоҳам таъкид намоям, ки сол то сол афзудани қарзи хоҷагиҳои кишоварзӣ аз ҳаққи обрасонӣ, ки ҳаҷми умумии он ҳоло дар вилоят 33 миллион сомониро ташкил медиҳад, боиси нигаронӣ мебошад.

Чунин вазъият, албатта ба фаъолияти мӯътадили дастгоҳҳои обкашӣ таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, ба Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об зарур аст, ки якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо масъалаи мазкурро ҳаллу фасл намояд.

Илова бар ин, як масъаларо таъкид бояд кард, ки мувофиқи маълумоти муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ дар қаламрави кишварамон захираи барф ниҳоят кам аст ва сатҳи бо об таъмин гардидани дарёҳо нисбат ба солҳои пешин 40-50 фоиз паст мебошад. Бинобар ин, зарур аст, ки истифодаи самараноки обҳои зеризаминӣ ва заҳкашҳо низ ба роҳ монда шавад.

Бо мақсади рушди соҳаи пахтакорӣ ва ҳавасманд гардонидани кишоварзон мо соли ҷорӣ механизми нави маблағгузории хоҷагиҳоро ҷорӣ намудем. Дар айни ҳол вазорату идораҳои дахлдор ва бонкҳои кишвар онро амалӣ карда истодаанд.

Аз маълумоти Бонки миллӣ бармеояд, ки то 2 май дар қаламрави вилоят барои дар майдони 57 ҳазор гектар ба роҳ мондани парвариши пахта шартномаи маблағгузорӣ баста шудааст, ки ин 74 фоизро ташкил медиҳад.

Маблағи умумии шартномаҳои басташуда аз 96 миллион сомонӣ иборат буда, беш аз 47 миллион сомонӣ ё 49 фоизи он аллакай ба пахтакорон дода шудааст, ки зиёда аз 15 миллион сомонии он маблағҳои аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудогардида мебошад.

Бояд зикр намуд, ки ҳиссаи бонкҳо дар маблағгузории хоҷагиҳои пахтакорӣ ҳанӯз нокифоя аст.

Бинобар ин, бояд Бонки миллӣ ва бонкҳои хизматрасон дар баробари зиёд кардани маблағгузории соҳа, инчунин доир ба содда намудани расмиёти қарзгирӣ ва бартараф сохтани монеаҳои бюрократӣ чораҳои иловагӣ андешанд.

Ҳукумати кишвар барои таъминоти хоҷагиҳо бо техникаи кишоварзӣ Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг»-ро таъсис дод, ки он дар айни ҳол ба фаъолият шурӯъ намудааст ва бо истифода аз маблағҳои буҷетӣ дар ҳалли мушкилоти техникии хоҷагиҳои кишоварзӣ мусоидат хоҳад кард.
Ҳамзамон бо ин, дар доираи татбиқи лоиҳаи барқарорсозии иншооти кишоварзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парки техникаи кишоварзӣ ташкил гардидааст.

Маълум аст, ки пешрафти соҳаи пахтакориро бе техника таъмин кардан амри маҳол аст, вале то ҳанӯз фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар ин самт қаноатбахш нест.

Аз ин рӯ, ба роҳбарони Вазорати кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияҳои Мастчоҳу Зафаробод, Бобоҷон Ғафурову Ҷаббор Расулов ва Спитамену шаҳри Конибодом супориш дода мешавад, ки доир ба рафъи мушкилоти хоҷагиҳои пахтакорӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Соли ҷорӣ хоҷагиҳои кишоварзии вилоят дар майдони зиёда аз 38 ҳазор гектар кишти зироатҳои хӯроки чорворо ба нақша гирифтаанд, ки 26 ҳазор гектари онро алафҳои яксола ташкил медиҳанд.

Мувофиқи маълумоти Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ аксарияти заминҳое, ки дар онҳо гӯё алафи яксола кишт шудаанд, майдонҳои холӣ мебошанд.

Аз ин лиҳоз, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии омор, Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ вазифадор карда мешаванд, ки дар мӯҳлати 10 рӯз майдонҳои кишти зироати хӯроки чорво, бахусус алафҳои яксоларо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷааш ба Ҳукумати Тоҷикистон гузориш пешниҳод намоянд.

Имрӯзҳо хоҷагиҳои вилоят ба дарави ғалла ва ҷамъоварии сабзавоти барвақтӣ ва мева омодагӣ мебинанд.

Аз ин рӯ, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки ҷараёни онҳоро таҳти назорати ҷиддӣ гирифта, дар мӯҳлати кӯтоҳ анҷом ёфтани маъракаи ҳосилғундорӣ ва кишти такрории зироатҳоро дар заминҳои обӣ таъмин намоянд.

Илова бар ин, аз ҳоло доир ба пешгирии талафоти меваю сабзавот, коркарди саноатӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар, таъминоти бозори дохилии истеъмолӣ, инчунин дар фасли зимистон вусъат додани парвариши сабзавот дар гармхонаҳо тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Ҳамчунин Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва сохторҳои маҳаллии он вазифадор карда мешаванд, ки бо истифода аз имкониятҳои имсола ҳарчи бештар маҳсулоти озуқавориро захира намоянд.

Бояд қайд кард, ки иҷрои барномаи бунёди токзорҳои нав ва барқарорсозии боғҳои мавҷуда ба ғайр аз ноҳияи Зафаробод дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳоло таъмин карда нашудааст.

Ба масъулони соҳаи мазкур зарур аст, ки дар баробари татбиқи саривақтии барномаи мазкур ба нигоҳубину парвариши ниҳолҳои шинонидашуда аҳамияти бештар зоҳир намоянд.

Солҳои охир содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз қаламрави вилоят вусъат меёбад: дар чор моҳи соли ҷорӣ ба хориҷи кишвар беш аз 35 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ бароварда шудааст, ки он 97 фоизи содироти маҳсулоти кишоварзии мамлакатро ташкил медиҳад.

Вале ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19 фоиз кам мебошад.

Имконияти сокинони вилоят ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ ҳанӯз зиёд аст, аз ин рӯ бояд мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ онро ҳаматарафа таҳлил намуда, дар вусъат ёфтанаш ҳарчи бештар мусоидат намоянд.

Дар қаламрави вилоят ҳамчунин барои рушди соҳаи чорводорӣ имкониятҳои фаровон мавҷуданд. Лекин бо вуҷуди афзоиши саршумори чорвои хурду калон, ки дар чор моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ нисбат ба соли гузашта мутаносибан 12 ва 21 фоизро ташкил медиҳад, нишондиҳандаҳои сифатии соҳа, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Зафаробод ва Айнӣ ҳанӯз паст мебошанд.

Ба Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин роҳбарони хоҷагиҳои чорвопарварӣ зарур аст, ки дар баробари афзун гардонидани маҳсулнокии чорво ба хушзоткунии он низ бештар таваҷҷӯҳ намоянд.

Барои азхуд кардани заминҳои нав ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои вилоят ҳар сол аз ҳисоби буҷет ва сармоягузории хориҷӣ маблағҳои зиёд сарф карда мешаванд. Танҳо барои барқарорсозии иншооти ирригатсионии ноҳияи Ашт дар доираи татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ қариб 29 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи маълумоти Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ ҳоло дар ҳудуди вилоят зиёда аз 7 ҳазор гектар заминҳое мавҷуданд, ки ҳолати мелиоративии онҳо беҳбудӣ мехоҳад.

Бинобар ин, вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки дар бораи ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани чунин заминҳои холиву корношоям тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Дар шароите, ки ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат беш аз пеш аҳамияти хосаро касб менамояд, бояд ягон ваҷаб замини кишт, махсусан заминҳои обӣ холӣ намонад ва ба роҳ мондани истифодаи оқилонаву самарабахши онҳо ҳам ба манфиати мардум ва ҳам ба манфиати давлат буда, он вазифаи ҷонии шумо – роҳбарони мақомоти давлатӣ ва кишоварзон мебошад.

Вобаста ба ин, роҳбарони Вазорати кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мутахассисон вазифадоранд, ки ба кишоварзон дар масъалаи ташкили саривақтии кишти такрорӣ, дастрас кардани тухмии хушсифат ва таъмин намудани ҳосилнокии баланд ҳамаҷониба кӯмак расонанд.

Ман борҳо таъкид намудаам, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ ба рушди соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории хурду миёнаи истеҳсолӣ имконият ва афзалияти бештар додан барои тараққиёти иқтисодии кишварамон аҳамияти зиёд дорад.

Тавре шумо – ҳозирини мӯҳтарам, аз Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ медонед, мо бо мақсади такони ҷиддӣ бахшидан ба вусъати соҳибкорӣ ба тамоми намудҳои санҷишҳои давлатии онҳо мораторий эълон кардем. Аз ин рӯ, аз тамоми роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тақозо мегардад, ки ба рушди соҳибкории хурду миёна, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд.

Дар навбати худ Ҳукумати кишвар тамоми тадбирҳои ба густариши соҳибкорӣ мусоидаткунандаро дар амал татбиқ хоҳад кард. Тавассути бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳӣ ба соҳибкорон пешниҳод намудани қарзҳои хурд аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Мувофиқи маълумоти Бонки миллӣ ҳаҷми умумии қарзи аз ҷониби ташкилотҳои қарздиҳанда ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилояти Суғд додашуда дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ 283 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 129 миллион сомонӣ ё худ 83 фоиз зиёд мебошад.

Дар давоми чор моҳи гузашта дар ҳудуди вилоят ба 35 ҳазор шахсони ҳуқуқиву воқеӣ қарзҳои хурди бонкӣ дода шудаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 фоиз бештар аст.

Дар айни ҳол дар қаламрави вилоят дар маҷмӯъ 88 бонки тиҷоративу ҷамъиятҳои қарздиҳӣ, ташкилоту фондҳои қарздиҳии хурд, филиалу шӯъбаҳои бонкҳои тиҷоратӣ амал менамоянд, ки дар сурати истифодаи самарабахши имкониятҳои онҳо мо метавонем хеле густариш ёфтани истеҳсолотро дар маҳалҳо таъмин намоем.

Мо созандагиву бунёдкориро яке аз омилҳои асосии пешрафту тараққиёт ва ободии кишвари худ дониста, бо амалӣ гардонидани лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ин самт ба як силсила дастовардҳои назаррас ноил гардидем.

Ҳоло дар қаламрави вилоят бо ҷалби маблағҳои қарзиву грантӣ ва ҳиссагузории мустақими Ҳукумати Тоҷикистон 16 лоиҳаи инвеститсионӣ мавриди татбиқ қарор дорад, ки тибқи онҳо бунёди роҳи мошингарди Душанбе-Чанак, нақбҳои “Истиқлол”-у Шаҳристон, хатти интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб-Шимол”, барқарорсозии иншооти ирригатсионӣ, инкишофи истеҳсолоти кишоварзӣ ва идоракунии ҳавзаи дарёҳо, инчунин захираҳои обии водии Фарғона, бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин, кам кардани талафоти қувваи барқ, ислоҳоти соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар корҳои ободонӣ ба амал бароварда мешаванд. Маблағи умумии иншооти зикршуда 2 миллиарду 270 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Аз аввали сол барои иҷрои онҳо беш аз 730 миллион сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Ҳукумати кишвар дар оянда низ бо таҳияи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ ва татбиқи онҳо дар тараққиёт ва ободии вилоят кӯшишу талош хоҳад кард.

Ҳозирини гиромӣ!

Рушди устувори соҳаҳои иқтисодӣ ба афзун гардидани иқтидори молиявии давлат ва вусъат ёфтани дастгирии соҳаҳои иҷтимоиву дигар бахшҳои муҳими ҳаёти ҷомеа мусоидат менамояд.

Дар доираи иҷрои нақшаи даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ дар чор моҳи гузашта ба буҷети вилоят зиёда аз 115 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки ин нисбат ба нақшаи пешбинишуда 16 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Вале бо вуҷуди иҷрои барзиёди нишондиҳандаҳои буҷетӣ дар вилоят ҳанӯз имкониятҳои истифоданашудаи андозситониву андозбандӣ ва дар ҷамъоварии андозҳо як қатор норасоиҳо, аз ҷумла ташаккули бақияпулиҳои андоз мавҷуданд, ки ба афзун гардидани буҷет ва маблағгузории саривақтии соҳаҳои иҷтимоӣ таъсири манфӣ мерасонанд.

Маблағи бештари бақияпулиҳо асосан дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Мастчоҳ, Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва Панҷакент вуҷуд дорад.

Бо дарназардошти чунин вазъ, ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои зикршуда супориш дода мешавад, ки доир ба истифодаи имкониятҳои афзунгардонии буҷет ва паст кардани сатҳи қарздории субъектҳои андозсупор чораҳои қатъӣ андешанд.

Тавре ки зикр гардид, дар сурати сари вақт ва барзиёд иҷро намудани буҷети давлативу маҳаллӣ ва сол аз сол зиёд кардани ҳаҷми даромади он имконияти мо барои тақвияти ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, афзун гардонидани ҳаҷми нафақа, музди меҳнат ва маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ бештар мегардад.

Зеро яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлати мо дар марҳалаи кунунӣ ба баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардум, инчунин паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ нигаронида шудааст.

Вале масъалаи пардохти саривақтии музди меҳнат чун солҳои пешин дар вилоят ҳанӯз ташвишовар аст. Бо дарназардошти қарзҳои солҳои гузашта маблағи умумии қарз аз музди меҳнат дар вилоят зиёда аз чоруним миллион сомониро ташкил медиҳад, ки он асосан дар соҳаи кишоварзӣ ба вуҷуд омадааст.

Ҳаҷми қарз аз музди меҳнат асосан дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва шаҳри Конибодом аз ҳама бештар аст.

Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои зикргардида зарур аст, ки роҳи ҳалли масъалаи қарздорӣ аз музди меҳнатро пайдо карда, доир ба пешгирии ташаккули минбаъдаи он чораҳои муассир андешанд.

Бояд гуфт, ки вобаста ба паст кардани сатҳи бекорӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар вилоят дар доираи татбиқи барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ корҳои муайян анҷом дода мешаванд, лекин корҳои иҷрошуда ҳанӯз қонеъкунанда набуда, аз мақомоти давлатӣ кӯшишу талоши бештарро дар ин самт тақозо доранд.

Дар соҳаи маорифи вилоят барои мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии таълимгоҳҳо корҳои муайян ба анҷом расонида мешаванд.

Бо вуҷуди он, ки дар давоми соли хониши ҷорӣ дар қаламрави вилоят аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ва бо ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ 17 мактаб сохта шуда, 119 мактаби дигар аз таъмир бароварда шудааст, вале ҳанӯз хонандагони 18 мактаб дар хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо таҳсил менамоянд. Инчунин 443 мактаби таҳсилоти умумӣ ба таъмири асосӣ эҳтиёҷ дошта, дар 24 мактаби миёна таҳсил дар се баст сурат мегирад.

Ҳарчанд ки таъминоти муассисаҳои таълимии вилоят бо омӯзгорон нисбат ба соли гузашта 13 фоиз афзудааст, аммо онҳо ҳанӯз ба 1800 нафар омӯзгорони фанҳои гуногун эҳтиёҷ доранд.

Ҳолати муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии вилоят, ки шумораи умумиашон 23 адад мебошад, низ беҳбудӣ мехоҳад. Биноҳои таълимӣ, устохонаҳо ва хобгоҳҳои онҳо ба таъмири асосӣ эҳтиёҷ доранд. Дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии вилоят омӯзгорону устоҳои таълими истеҳсолӣ, техникаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ намерасанд.

Вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва забони давлатӣ дар гурӯҳҳои ғайритоҷикии мактабҳои оливу миёнаи махсуси қаламрави вилоят қаноатбахш нест.


Вазорати маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки камбудиву норасоиҳои зикршударо якҷоя мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба ҳарчи зудтар бартараф намудани онҳо тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Илова бар ин, ба раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки барномаи дар се соли оянда пурра аз таъмир баровардани тамоми мактабҳои қаламрави вилоятро таҳия карда, бо ҷалби имкониятҳои соҳибкорон онро амалӣ намоянд.

Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таъмини пешрафти соҳаи тандурустии вилоят пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд.

Дар ин замина соли ҷорӣ маблағгузории давлатии муассисаҳои тиббӣ нисбат ба соли гузашта қариб як баробар зиёд карда шуд ва он ҳоло беш аз 50 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Бо дарназардошти як қатор мушкилоту проблемаҳои ҳалталаб ва норасоиҳое, ки дар бахши тандурустии вилоят мавҷуданд, ба Вазорати тандурустӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, беҳбудии шароити муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо духтурони зарурӣ ва тибби оилавӣ, такмили ихтисоси кормандони тиб, ба ҷои кори таъингардида ҳозир шудани мутахассисони ҷавон, бо қитъаи замин ё манзил таъмин кардани онҳо, истифодаи самараноки маблағҳои барои хариди маводи доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ ҷудогардида, инчунин фаъолияти муассисаҳои санитарию эпидемиологӣ ва дорухонаҳо бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд.

Ҳамчунин ба Вазорати фарҳанг, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, занон ва оила, телевизион ва радио зарур аст, ки якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дар хусуси беҳбудӣ бахшидан ба шароити муассисаҳои маҳаллии фарҳангиву иттилоотӣ, табъу нашр, ёдгориҳои таърихӣ, марказҳои ҷавонон ва иншооти варзишиву сайёҳӣ чораҳои муассир андешанд.

Мақомоти зикршуда ҳамчунин фаъолият ва имкониятҳои ин муассисаҳоро ба тарғибу ташвиқи дастовардҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ, арзишҳои умумибашарӣ ва ҳидояту раҳнамоии мардум ба ватандӯстиву худшиносии миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ, таъмини волоияти қонун ва риояи қонуният, аз ҷумла Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сафарбар созанд.

Зеро бо қабул гардидани қонуни зикршуда мардуми кишварамон имконият пайдо карданд, ки бо хароҷоти нисбатан камтар маъракаҳои худро гузаронанд.

Масалан, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар қаламрави вилоят 12 ҳазор маъракаҳои хурсандиву азодорӣ баргузор шудаанд. Дар натиҷаи дар доираи муқаррароти қонун гузаронидани онҳо мувофиқи ҳисобҳои тахминӣ сокинони вилоят беш аз 66 миллион сомонӣ сарфа кардаанд.

Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин комиссияҳои доимӣ ва сохторҳои маҳаллии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо бояд фаъолияти худро дар ин самт тавре ба роҳ монанд, ки гузаронидани ҷашну маъракаҳои камхарҷ ба як анъанаи воқеан оддӣ ва доимӣ мубаддал гардад.

Дӯстони азиз!

Пӯшида нест, ки пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба суботи устувор, риояи қатъии қонуният, ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва ҳимояи боэътимоди марзу буми кишвар вобаста аст.

Аз таҳлили вазъи риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар вилоят бармеояд, ки он ҳанӯз ба беҳбудии ҷиддӣ ниёз дорад. Зеро дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар қаламрави вилояти Суғд сатҳи ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ чор фоиз афзудааст.

Афзоиши ҷиноятҳо асосан дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Қайроққум, Истаравшан, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ, Шаҳристон ва Табошар ба мушоҳида мерасад.

Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи вилоят вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткориҳо, бахусус ҷиноятҳои муташаккил, падидаҳои ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва нашъамандӣ ҳанӯз нокифоя мебошад.

Аз ин рӯ, ба Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар ва мақомоти маҳаллии онҳо зарур аст, ки фаъолияти худро вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои зикршуда пурзӯр намоянд.

Аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 67 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла азхудкуниву исрофкории маблағҳои давлатӣ, саркашӣ аз пардохтҳои гумрукиву андозҳо, сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, ришваситонӣ ва дигар ҳодисаҳо ошкор карда шудаанд.

Таассуфовар аст, ки ба ҷиноятҳои коррупсионӣ, бахусус тамаъҷӯиву ришваситонӣ бештар кормандони масъули баъзе мақомоти маҳаллии корҳои дохилӣ, андоз, сохторҳои бонкӣ ва заминсозӣ даст задаанд.

Дар давоми чор моҳи гузашта дар натиҷаи санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидории шаҳру ноҳияҳои Чкалов, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Хуҷанд ба андозаи беш аз шашуним миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардида, шахсони масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ ва моддӣ кашида шудаанд.

Дар риояи қонунгузории замин дар ҳудуди вилоят камбудиву норасоиҳои зиёд мавҷуданд. Вазъи риояи муқаррароти Кодекси гумрук ва Қонун «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ» ҳам дар қаламрави вилоят беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд.

Бо дарназардошти ин ва дигар камбудиву норасоиҳои дар фаъолияти гарнизони ҳарбии вилоят мавҷуда таваҷҷӯҳи роҳбарони Кумитаи давлатии амнияти миллиро ба тақвияти ҳифзи сарҳади давлатӣ ва Вазорати мудофиаро ба таҳкими интизоми хизматчиёни ҳарбии гарнизони вилоят, масъалаи ҷобаҷогузории кадрҳои низомӣ дар қисмҳои ҳарбии воқеъ дар қаламрави вилоят, инчунин кори комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳои он ҷалб менамоям.

Дар шароите, ки мо эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро ихтиёр кардаем, сарфи назар аз мақому мансаб бояд пеш аз ҳама эҳтиром ва риояи қатъии қонуниятро дар ҷойи аввал гузорем.

Илова бар ин, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бори дигар вазифадор карда мешаванд, ки дар масъалаи кӯмак ба ҷузъу томҳои ҳарбии дар ҳудуди онҳо ҷойгиршуда ва фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ ва хизмат барои хизматчиёни ҳарбӣ, ки фарзандони ҳамаи мову шумо мебошанд, мунтазам ғамхорӣ намоянд.

Имсол дар кишвари соҳибихтиёри мо ҷашнҳои бузурги сиёсиву фарҳангӣ, аз ҷумла 17-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 1150-солагии зодрӯзи сардафтари адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Соли бузургдошти забони тоҷикӣ баргузор мегарданд.

Мақсад аз таҷлили ин ҷашнҳои муборак, қабл аз ҳама арҷгузорӣ ба арзишҳои олии фарҳанги ғановатманди миллӣ, пос доштани забони шаҳдбор ва ширину шоиронаи тоҷикӣ ва шеъри ҷовидонаи султони сухансароёни Аҷам - устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, парвариши эҳсоси гарми ватандӯстиву ватандорӣ, ифтихори миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи худшиносиву худогоҳии мардум, аз ҷумла ҷавонон мебошад.

Ва ҳар фарде, ки худро мешиносад, Ватани аҷдодияшро дӯст медорад ва ба халқу миллати хеш эҳтиром мегузорад, бояд барои ободиву шукуфоии он кӯшиш намояд.

Аз ин рӯ, татбиқи саривақтии вазифаҳои зикргардида имкон фароҳам меоварад, ки мо камбудиву мушкилоти мавҷударо бартараф намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва ғанӣ гардидани бозори истеъмолӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварамон саҳми арзандаи худро гузорем.

Итминони комил дорам, ки шумо - роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд татбиқи вазифаҳои имрӯзаро ҳадафи худ қарор дода, бо нерӯи тоза ва заҳмати дучанд барои ободиву шукуфоии Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшишу талош менамоед.

Дар охир ба ҳамаи шумо саломатӣ ва барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда барори кору сарбаландӣ орзумандам.

Ташаккур!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520