Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Шӯрои директорони ширкати Визор Холдинги Қазоқистон Айдан Карибжанов

13.05.2008 10:00, Қазоқистон

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Раиси Шӯрои директорони ширкати Визор Холдинги Қазоқистон Айдан Карибжановро ба ҳузур пазируфт.

Зикр гардид, ки он шарики Ширкати алюминийи тоҷик буда, ҳарду дар татбиқи як қатор лоиҳаҳои ҳаётан муҳимми Тоҷикистон ҳамкории зич доранд. Аз ҷумла ҳамкории онҳо дар лоиҳакашӣ, гузарондани асоснокунии техникию иқтисодӣ ва маблағгузории лоиҳаҳои сохтмони нерӯгоҳи обии 1000 мегаватаи Шӯроб, корхонаи нави сементбарорӣ ва ҳамчунин дар истеҳсолу интиқоли гилхок, кокс, содаи каустикӣ ва анод пурсамар аст.

Байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Айдан Карибжанов оид ба паҳлӯҳои гуногуни ҳамкории имрӯза ва дурнамои он гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ҳарду ҷониб баҳри татбиқи босамари барномаю нақшаҳои оянда маслиҳатҳои муфид дод.

Хотиррасон бояд кард, ки сармояи умумии ширкати Визор Холдинг баробар ба 3 миллиард доллари амрикоӣ аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520